Природа в Таджикистане

Олимони тоҷик бори нахуст дар ҷаҳон ду маъдани навро дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор карданд

366
(Таҷдидшуда 16:24 12.10.2020)
Ин ду маъдан, ки дар ҷаҳон маълум набуданд, бинобар пажӯҳиши олимони маъданшинос аз ҷониби Комиссияи байналмилалии маъданшиносӣ ба расмият шинохта, тасдиқ ва эътироф намуданд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар ҷаҳон бори аввал дар  ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд будани маъданҳои шаҳдараит ва ҳасановит исбот шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.mindat.org.

Тибқи иттилои сомонаи мазкур, ин ду маъдан, ки дар ҷаҳон маълум набуданд, бинобар пажӯҳиши олимони маъданшинос аз ҷониби Комиссияи байналмилалии маъданшиносӣ ба расмият шинохта, тасдиқ ва эътироф намуданд.

Гуфта мешавад, маъдани шаҳдараит дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби олимони тоҷик Л. Паутов, М. Мираков, Е. Соколова, М. Дей С, Ф. Хоторн, М. Шодибеков, М. Саймудасири Маҳмадшариф, В. Карпенко ва А. Файзиев дар якҷоягӣ бо олимони Федератсияи Русия ва Канада кашф гардид.

Маъдани ҳасановит дар рустои Равати ноҳияи Айнӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати пажӯҳиши ин маъдан олимони тоҷик – М. Мираков, Л. Паутов, О. Сийдра, П. Плечов ва дигарон машғули коранд.

Аз боздиди қонун то содироти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ: олимони тоҷик чӣ ваъда доданд?

"Маъданҳои дастрасшуда метавонанд барои иқтисоди ҷумҳурии мо манфиати амалӣ дошта бошанд", - гуфт номбурда.

Шаҳдараит вобаста ба ҷойи пайдоиш ва  ҳасановит бо исми яке аз профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳасан Сайфуллоев, ки  дар соҳаи геология-петрография саҳми арзишманд дорад, номгузорӣ шудаанд.

366

Олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

898
(Таҷдидшуда 13:26 19.10.2020)
Олимон нишонаи нави бемории коронавирусро муайян кардаанд, ки метавонад аз гирифтор будани шахс ба COVID - 19 шаҳодат диҳад

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дарди гӯш метавонад нишонаи гирифторӣ ба COVID - 19  бошад, хабар медиҳад Daily Express бо такя ба олимони коллеҷи Лондон.

Қайд мешавад, ки бархе аз беморон аз тиннитус - овоз дар гӯш шикоят кардаанд.

Дар баробари ин одамоне, ки бемориро вазнин паси сар кардаанд, пурра аз шунавоӣ маҳрум мондаанд.

Олимон гуфтанд, одамон бо кадом гурӯҳи хун коронавирусро сабук мегузаронанд

Дар ин росто, олимон аз пизишкон даъват кардаанд, ба бемороне, ки аз дарди гӯш  шикоят мекунанд, махсус диққат диҳанд.

Дар баробари ин олимон қайд мекунанд, ки агар бемор танҳо тиннитус эҳсос карда бошад, пас боке нест ва танҳо дар сурати якҷо будан бо дигар нишонаҳои коронавирус, метавонад боиси изтироб гардад.

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз нишонаҳои бемории коронавирус - табларза, сулфа, насафтангӣ, эҳсос накардани бӯй ва дарди гулӯ шинохта шудаанд.

898
Барчаспҳо:
вируси корона, вируси нав, нишона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пробирки с тестами на коронавирус

Олимон гуфтанд, одамон бо кадом гурӯҳи хун коронавирусро сабук мегузаронанд

2352
(Таҷдидшуда 16:09 18.10.2020)
Олимон аз Канада ва Дания бо ширкати садҳо ҳазор нафар ду озмоиши бузург гузарониданд, ки дар паи он ба хулосаи муҳимме омаданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Хатари гирифторшавӣ ба COVID-19 дар одамоне, ки гурӯҳи якуми хун доранд (AB0) камтар аст, менависад "Известия".

Олимон аз Канада ва Дания дар озмоиши аввал аз 473 ҳазор нафар тести коронавирус гирифтанд. Дар паи ин озмоиш маълум шуд, юодамоне, ки дорои гурӯҳи якуми хун ҳастанд, камтар натиҷаи мусбат доранд. Миёни одамон бо гурӯҳҳои дуюм, сеюм ва чорум тағйироте дида нашуд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

Дар як тадқиқоти дигар, мутахассисон маълумотро дар бораи 95 ҳазор нафар беморони вазнини коронавирус аз Канадаро таҳлил карданд.

Маълум шуд,  одамони гирифтори беморӣ, ки ба  гурӯҳҳои дуюм, сеюм  ва чоруми хун дохил мешаванд, бештар аз сабаби норасоии гурда ба асбоби нафасдиҳии сунъӣ ниёз доранд.

Коршиносон бовар доранд, ки чунин одамон аз сирояти коронавирус бештар осеб мебинанд. Ҳамаи беморон, ба истиснои шахсони гурӯҳи якуми хун, бештар ба шӯъбаи эҳё муроҷиат мекарданд.

2352
Барчаспҳо:
сабукӣ, Олимон, гирифторони беморӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 31 октября

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:57 30.10.2020)
Рӯзи 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо ва Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ мебошад. Ҳамзамон ин рӯз дар таърих ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Баҳри сиёҳ ҳисобида мешавад

Рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод.

Соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

Люди в защитных масках на улице
© REUTERS / CARLOS GARCIA RAWLINS
Люди в защитных масках на улице

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ "Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс"-ро ба нашр расонд.

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии "Экспо-1906" дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Соли 2012 тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод.

Соли  2011 дар шаҳри Порис масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии "Шаҳри бехатар" ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

День 29 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.

Соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр.

  • Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
  • Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
  • Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

     

Рӯзи 31октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.

Соли 1941 – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова.

Соли 1953 – ҳофиз ва мусиқачӣ Азизулло Шариф.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон