Лепешки, испеченные к празднованию Дня национального единства

Кадом маводи ғизоӣ ба беморони COVID - 19 зарар дораду кадом фоида

755
(Таҷдидшуда 09:03 10.01.2021)
Пизишк маводи ғизоиеро ном бурд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд гирифторони бемории коронавирус истеъмол кунанд

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Истеъмоли бархе аз маводи ғизоӣ ба бемори гирифтори коронавирус, зарар дорад.

Дар ин бора пизишки терапевт, номзади илмҳои тибб Екатерина Бурляева нақл кард.

Ба гуфти ӯ ғизо худ наметавонад манбаъи сирояти коронавирус шавад.

"Ин на истеъмоли яквақтаъина балки, маҷмӯъи одатҳои бад мебошад, ки дар охир ба рафти бемории коронавирус таъсири худро мерасонад", - қайд кард коршинос.

Бурляева гуфт, ки барои бемори гирифтори коронавирус менюи вижа омода шудааст. Он аз ҷониби Роспотребнадзор омода шудааст.

Ба нафароне, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд ва бо ин сироят мубориза мебаранд, истеъмоли шакар ва намак тавсия дода намешавад. 

Онҳое, ки ба маризии коронавирус гирифтор шудаанд, истеъмоли нон ва маводи нонӣ тавсия дода мешавад.

Ҳамчунин обҳои газдор ва нӯшокиҳои дорои оби мева метавонанд ба дардмандони COVID - 19 таъсири манфӣ расонанд, гуфт коршинос дар суҳбат бо "Российская газета".

Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад

Дар баробари ин Бурляева мегӯяд беморони гирифтори коронавирус набояд гӯшти равғандор, ҳасиб, панир, картошка ва фастфуд истеъмол кунанд.

Ҳамин тавр ба гуфти коршиносон дар давраи бемории коронавирус инсон бояд бештар компот, шӯрбои мурғӣ ва кашаҳои ширӣ истеъмол кунад.

755
Барчаспҳо:
маводи ғизоӣ, ғизо, зарар, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (917)
Медицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19, архивное фото

Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад

579
(Таҷдидшуда 18:47 27.12.2020)
Вирусшиноси Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи Виктор Зуев гуфт, коронавируси нави бритониёӣ чӣ хатаре дорад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хусусиятҳои зиддигении навъи нави коронавирус, ки дар Бритониёи Кабир дар аввали моҳи декабр кашф шуд, бетағйир монд, гуфт Виктор Зуев вирусшиноси Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи.

"Ин навъ бештар сирояткунанда аст", - қайд кард мутахассис.

Ба гуфти вай, набояд аз ин навъи коронавирус ҳарос дошт, балки қоидаҳои зарурии пешгирикунандаро қатъиян риоя кардан зарур аст.

Зуев қайд кард, ки ваксинаҳои қаблан сохташуда низ бар зидди COVID-19 - и нав метавонанд муқовимат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавируси бритониёӣ аллакай дар 8 кишвар пайдо шудааст. Аввалин ҳолатҳои шакли мутатсионии сироят дар Бритониёи Кабир кашф шуд.

Олимон қайд мекунанд, ки сироятёбӣ аз коронавируси навъи бритониёӣ 70% зиёдтар аст. Ҳамзамон, коршиносон ҳанӯз далеле надоранд, ки эҳтимолияти марг пас аз бемор шудан бо ин навъи коронавирус афзоиш ёфтааст ё не.

Гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба 80 миллион наздик шуд: ташвиши нав аз шакли нави он

Бо сабаби пайдоиши шиддати мутатсионии COVID-19, мақомоти бисёр иёлотҳо тасмим гирифтанд, ҳаракати ҳавоӣ бо Бритониёро қатъ кунанд.

Масалан парвозҳо байни ду кишвар Русия ва Бритониё аз 22 декабр барои як ҳафта қатъ шудааст.

Пештар дар бораи интиқоли намунаи навъи нави коронавирус аз ҷониби мутахассисони Бритониё ба олимони Русия маълум шуд.

579
Барчаспҳо:
олим, хатар, хатар, Бритониё, Русия
Духтар дар хоб. Акс аз бойгонӣ

Безурётӣ: пизишк хатари хоб бо смартфонро гуфт

507
(Таҷдидшуда 13:02 15.12.2020)
Мавҷҳое, ки смартфонҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ доранд, дар бофтаҳои бадани инсон ҷаббида мешаванд ва метавонанд ба саломатии ӯ таъсири манфӣ расонанд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Табиб-неврологи "CM-Клиника" Мария Игнатова дар суҳбат бо хабаргузории "Прайм" гуфт, хоб дар назди гаҷетҳо чӣ хатар дорад ба ба саломатии одамоне, ки дақиқае ҳам бе смартфон нестанд, чӣ таҳдид мекунад.

"Тибқи тадқиқотҳо, мавҷҳои радиатсионӣ, ки  аз смартфонҳо хориҷ мешаванд, хавфи безурётӣ, саратон, бемориҳои асаб ва равониро афзоиш медиҳад", - мегӯяд пизишк.

Ӯ гуфт бештар аз ҳама кӯдакон, занҳои ҳомила ва одамон бо масъунияти паст ва дорои бемориҳои асаб бештар дар гурӯҳи хавф қарор доранд.

Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад

Вале, то имрӯз таҳлилҳои муайян дар бораи таъсири смартфон ба организми инсон дар даст нест.

Истифодаи смартфонҳо барои кӯдакон ва одамони бузургсол махсусан шабона хатари ҷиддӣ дорад. 

"Ранги кабуди экрани телефон ба чашм таъсири манфӣ дошта боиси бехобӣ, дарди сар, коҳиши қобилияти кор, суст шудани хотира ва пайдоиши бемориҳои чашм мегардад", - шарҳ дод Игнатова.

Вай афзуд, онҳое, ки аз смартфон вобастагии зиёд доранд, бояд онро дар масофаи кофӣ аз ҷои хоб ва истироҳат нигоҳ доранд ва ба шабакаи барқ пайваст накунанд.

507
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, хобгоҳ, "Смартфони ҳарруза", пизишк, хатар
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон