Медицинская лаборатория, архивное фото

Медали тиллои Муътабар Зоидова дар сабқати занҳои ихтироъкор дар Ҷопон

113
(Таҷдидшуда 17:19 03.02.2021)
Ассистенти кафедраи биохимияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор зери унвони "Kiwie-2020" сазовори медали тилло шуд.

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода гуфт.

Ба гуфти ӯ соли 2020 ассистенти кафедраи биохимияи донишгоҳ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор "Kiwie-2020", ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд.

Дар баробари Зоидова, Мухтарова Парвина - ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Таҳмина - муовини декан оид ба илм ва донишҷўёни шартномавии факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE – 2020” ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.

Ин намоишгоҳ дар шаҳри Сеули ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз 23 то 25-уми октябри соли гузашта баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 441 нафар (230 ихтироъҳо) бонуи ихтироъкор иштирок намуданд.

Раиси вилоят ба наврасони ихтироъкор ва китобхон маблағ ва тӯҳфа дод

Ногуфта намонад, дар 12-умин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони навовари соли гузашта Мавлуда Давлатмамадова, барои ихтирои малҳами табобатӣ бар зидди бемории ҳассосияти пӯст соҳиби медали тилло гардида буд.

Ҳамчунин 11 декабри соли 2020 як нафар ординатори клиникии соли дуюми кафедраи ҷарроҳии кӯдакона дар олимпиадаи байналмилалии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд иштирок намуда, аз ҷарроҳии кӯдакона сазовори ҷойи дуюм гашт.

Се медали тиллои занҳои тоҷик дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 се бонуи ихтироъкори  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардида буданд.

113
Барчаспҳо:
ихтироъкори тоҷик, ихтироъкорӣ, нишасти хабарӣ, Ҷопон, медали тилло
Планета Марс

Замони кӯч додани одамон ба Миррих маълум шуд

2680
(Таҷдидшуда 13:26 21.02.2021)
Олимон дақиқ намуданд, ки кай имкони ба сайёраи сурх, аниқтараш Миррих кӯч додани одамон мумкин мешавад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти "Ҷамъияти Миррихиҳо", муҳандис ва ҳаваскори таҳқиқоти Миррих Роберт Зубрин изҳор доштааст, ки қай одамонро метавон аз Замин ба миррих кӯчонд.

Ба гуфтаи ӯ, ин кор то соли 2030 имконпазир хоқад шуд. Зубрин гуфт, ки то соли 2100 дар Сайёраи Сурх аввалин шаҳри миллионҳо пайдо хоҳад шуд.

"Чӣ қадаре ки одамон бештар ба Миррих парвоз мекунанд ва дар он ҷо таваллуд мешаванд, мо ҳамон қадар зуд ҳузури худро васеъ намуда, то соли 2070 ба шаҳр табдил хоҳем ёфт. Он гоҳ то соли 2100 Миррих ба шаҳри миллионҳо ё ҳатто бештар аз он табдил меёбад", - таъкид кард ӯ.

Ҳамзамон Зубрин дар мусоҳиба бо РИА Новости қайд кард, ки рушди сайёра, ба эҳтимоли зиёд, бидуни талафот нахоҳад буд.

Чанде пеш ровери амрикоӣ Perseverance ба сайёраи Сурх нишаст. Вазифаи асосии он дарёфти нишонаҳои ҳаёт мебошад. Ҳадс зада мешавад, ки миллион сол пеш дар ин сайёра ҳаёт вуҷуд доштааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш соҳибкор ва молики SpaceX, Илон Маск дар бораи кӯчонидани одамон ба Сайёраи Сурх ҳарф зада буд. Вай қайд кард, ки татбиқи чунин ғоя то соли 2050 имконпазир хоҳад буд.

2680
Барчаспҳо:
одамон, кӯча, миёни Миррих ва Муштарӣ
Женщине измеряют температуру в связи с угрозой распространения коронавирусной инфекции.

Пизишк се аломати фарқкунандаи зуком аз коронавирусро гуфт

646
(Таҷдидшуда 13:56 31.01.2021)
Иммунолог гуфт, бо кадом аломатҳо метавон осон зукомро аз коронавируси COVID - 19 фарқ кард. Пизишк се нишонро ном бурд

ДУШАНБЕ, 31 январ - Sputnik. Аксари мардум метавонанд аломатҳои зуком ва коронавирусро аз ҳам фарқ накунанд. Пизишки иммунолог Ирина Яртсева аломатҳои асосии фарқкунандаи ин ду бемориро ном бурд.

Дар навбати аввал мариз бояд ба ҳарорати бадан диққат диҳад. Ба гуфти пизишк дар сурати зуком ҳарорати бадан метавонад то 39 дараҷа расад ва 6 рӯз давом кунад.

Дар сурати коронавирус будан, тасвир дигаргун аст.

"Ҳангоми COVID - 19 чунин ҳарорат метавонад то 10-12 рӯз нигоҳ дошта шавад, ки ин тарзи сабуки беморӣ ҳисобида мешавад. Чунин ҳолат инсонро хаста мекунад", - қайд кард Яртсева.

Фарқияти дигари коронавирус аз зуком, дарди гулӯ мебошад. Ҳангоми COVID - 19 маъмулан сулфаи хушк ва нафастангӣ пайдо мешавад.

"Сулфа пешгӯинашаванда аст ва ин, сарфи назар аз он, ки зарарашро ба шуш мерасонад", - гуфт Яртсева дар мусоҳиба бо "Вечерняя Москва".

Мясников: Тоҷикистон аз сироятёбии сартосарӣ аз коронавирус канор намемонад

Ба гуфтаи табиб, дар ҳолати коронавирус, ҳарорати бадан метавонад хеле дароз нигоҳ дошта шавад.

Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад

Пештар табиби тоҷик Ҳакимахон Аҳмадова гуфта буд, ки ҳангоми бемории коронавирус бемор ҳисси бӯй ва маззаи худро гум мекунад, ки ин аломат дар зуком дида намешавад.

646
Барчаспҳо:
нишона, фарқият, Ҷаҳон, вируси корона
Церемония открытия учений Центр-2019

Покистон: мо ҳамаи ихтилофот бо Ҳиндро ҳал мекунем

0
(Таҷдидшуда 15:14 02.03.2021)
Вазири умури хориҷаи Покистон аз тасмими ин кишвар барои ҳаллу фасли тамоми ихтилофот ва танишҳову масоили дуҷониба бо Ҳинд хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории "Форс", Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон гуфт: Мо мехоҳем ҳамаи масоилро бо Ҳинд аз тариқи гуфтугӯи сулҳомез ҳал кунем.

Вай изофа кард, ки Покистон мехоҳад мутобиқ бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал бо Ҳинд дар мавриди масъалаи Кашмир гуфтугӯ кунад, аммо мо наметавонем аз мавзӯи ҳуқуқи башари кашмириҳо чашмпӯшӣ кунем.

Қурайшӣ ёдовар шуд, ки Покистон қасди ҳуҷум надорад, аммо агар ҳодисаи Болокут такрор шавад, медонад чӣ гуна аз худ дифоъ кунад.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Покистон, Ҳинд 26 феврали 2019 аз марзҳои Покистон убур ва Болокутро бомбаборон кард то ба ҷаҳониён бигӯяд, ба як урдӯгоҳи шибҳинизомиён ҳамла кардаву ҳудуди 300 террористро куштааст. Аммо имрӯз ба ҷаҳон собит шудааст, ки ҳеч урдӯгоҳе аз шибҳинизомиён дар он ҷо набуда ва ҳеч террористе дар онҷо кушта нашудааст.

Қурайшӣ таъкид кард, ки Покистон дунболи ташдиди танишҳо нестем, аммо мехоҳем ба ҷаҳониён собит кунем, ки қодир ба муҳофизат аз худ ҳастем.

0
Барчаспҳо:
таниш, ихтилофот, мушкилот, Покистон, Ҳинд