ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти "Ҷамъияти Миррихиҳо", муҳандис ва ҳаваскори таҳқиқоти Миррих Роберт Зубрин изҳор доштааст, ки қай одамонро метавон аз Замин ба миррих кӯчонд.
Ба гуфтаи ӯ, ин кор то соли 2030 имконпазир хоқад шуд. Зубрин гуфт, ки то соли 2100 дар Сайёраи Сурх аввалин шаҳри миллионҳо пайдо хоҳад шуд.
"Чӣ қадаре ки одамон бештар ба Миррих парвоз мекунанд ва дар он ҷо таваллуд мешаванд, мо ҳамон қадар зуд ҳузури худро васеъ намуда, то соли 2070 ба шаҳр табдил хоҳем ёфт. Он гоҳ то соли 2100 Миррих ба шаҳри миллионҳо ё ҳатто бештар аз он табдил меёбад", - таъкид кард ӯ.
Ҳамзамон Зубрин дар мусоҳиба бо РИА Новости қайд кард, ки рушди сайёра, ба эҳтимоли зиёд, бидуни талафот нахоҳад буд.
Чанде пеш ровери амрикоӣ Perseverance ба сайёраи Сурх нишаст. Вазифаи асосии он дарёфти нишонаҳои ҳаёт мебошад. Ҳадс зада мешавад, ки миллион сол пеш дар ин сайёра ҳаёт вуҷуд доштааст.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш соҳибкор ва молики SpaceX, Илон Маск дар бораи кӯчонидани одамон ба Сайёраи Сурх ҳарф зада буд. Вай қайд кард, ки татбиқи чунин ғоя то соли 2050 имконпазир хоҳад буд.
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода гуфт.
Ба гуфти ӯ соли 2020 ассистенти кафедраи биохимияи донишгоҳ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор "Kiwie-2020", ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд.
Дар баробари Зоидова, Мухтарова Парвина - ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Маҳмудова Таҳмина - муовини декан оид ба илм ва донишҷўёни шартномавии факултети “Нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE – 2020” ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.
Ин намоишгоҳ дар шаҳри Сеули ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз 23 то 25-уми октябри соли гузашта баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 441 нафар (230 ихтироъҳо) бонуи ихтироъкор иштирок намуданд.
Раиси вилоят ба наврасони ихтироъкор ва китобхон маблағ ва тӯҳфа дод
Ногуфта намонад, дар 12-умин намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони навовари соли гузашта Мавлуда Давлатмамадова, барои ихтирои малҳами табобатӣ бар зидди бемории ҳассосияти пӯст соҳиби медали тилло гардида буд.
Ҳамчунин 11 декабри соли 2020 як нафар ординатори клиникии соли дуюми кафедраи ҷарроҳии кӯдакона дар олимпиадаи байналмилалии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд иштирок намуда, аз ҷарроҳии кӯдакона сазовори ҷойи дуюм гашт.
Се медали тиллои занҳои тоҷик дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 се бонуи ихтироъкори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардида буданд.
ДУШАНБЕ, 31 январ - Sputnik. Аксари мардум метавонанд аломатҳои зуком ва коронавирусро аз ҳам фарқ накунанд. Пизишки иммунолог Ирина Яртсева аломатҳои асосии фарқкунандаи ин ду бемориро ном бурд.
Дар навбати аввал мариз бояд ба ҳарорати бадан диққат диҳад. Ба гуфти пизишк дар сурати зуком ҳарорати бадан метавонад то 39 дараҷа расад ва 6 рӯз давом кунад.
Дар сурати коронавирус будан, тасвир дигаргун аст.
"Ҳангоми COVID - 19 чунин ҳарорат метавонад то 10-12 рӯз нигоҳ дошта шавад, ки ин тарзи сабуки беморӣ ҳисобида мешавад. Чунин ҳолат инсонро хаста мекунад", - қайд кард Яртсева.
Фарқияти дигари коронавирус аз зуком, дарди гулӯ мебошад. Ҳангоми COVID - 19 маъмулан сулфаи хушк ва нафастангӣ пайдо мешавад.
"Сулфа пешгӯинашаванда аст ва ин, сарфи назар аз он, ки зарарашро ба шуш мерасонад", - гуфт Яртсева дар мусоҳиба бо "Вечерняя Москва".
Мясников: Тоҷикистон аз сироятёбии сартосарӣ аз коронавирус канор намемонад
Ба гуфтаи табиб, дар ҳолати коронавирус, ҳарорати бадан метавонад хеле дароз нигоҳ дошта шавад.
Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад
Пештар табиби тоҷик Ҳакимахон Аҳмадова гуфта буд, ки ҳангоми бемории коронавирус бемор ҳисси бӯй ва маззаи худро гум мекунад, ки ин аломат дар зуком дида намешавад.
Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 инҷониб идома доранд. Авохири соли 2017 пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Сурия ва Ироқ эълон карда шуд.
Аммо то ҳол дар аксар минтақаҳо маҳви ҷангиён ҳамоно идома дорад. Феълан масъалаи пурра барқарор шудани сулҳ ва баргардондани тамоми гурезагони суриягӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Бояд зикр намуд, ки аснои даргириҳои мусаллаҳона дар соли 2011 системаи обрасонӣ дар музофоти Эл-Хасаке тахриб шуд.
Ин система таҳти назорати Туркия қарор дорад ва суриягиҳо қаблан Туркияро дар барқасдона тахриб кардани лӯлаи об муттаҳам намуда буданд. Вале ҷониби Туркия ин итиҳомотро рад мекунад.
Кай сохтмони системаи обрасонӣ ба анҷом мерасад ва Русия дар ин роҳ чӣ гуна ба давлати Сурия кӯмак мекунад, аз навори омоданамуда тамошо кунед.