Наладка нового печатного комплекса типографии газеты Московский комсомолец

Арзиши рӯзномаҳо дар Тоҷикистон боло рафт

5
(Таҷдидшуда 16:06 01.12.2014)
Коҳиш ёфтани қурби арзи миллӣ дар қиёс ба доллари амрикоӣ сабабгори болоравии нархи бисёре аз молҳо гардид. Ин омил ба расонаҳои чопӣ низ бе таъсир набуд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Арзиши бархе аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон шурӯъ аз 26 ноябр то 2,5 сомонӣ боло рафт. Ин дар ҳолест, ки қаблан рӯзномаҳо бо нархи то 2 сомонӣ ба фурӯш мерафтанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Avesta. Сабаби аслии ба ин иқдом даст задани муассисон ба афзоиш ёфтани нархи хизматрасонӣ дар матбааҳо ва маводи чоп мебошад.

"Дар ин ҳолат мо маҷбур шудем, ки нархи моли худамон, яъне рӯзномаҳоро зиёд намоем. Ин ба қурби доллар рабт дорад. Агар пештар 1 доллар ҳамагӣ 5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он ба 5 сомониву 30 дирам баробар шудааст",- иброз дошт Хуршеди Атовулло, муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Фараж".

Умед Сатторов, сарвари ҶДММ "Аниса-95" мегӯяд, нархи хизматрасонии чопхона бинобар боло рафтани арзиши қурби асъори хориҷӣ зиёд гардид.

""Мо тасмим доштем, ки сар аз соли нав арзиши хизматрасониро боло барем. Аммо якбора боло рафтани қурби доллар моро маҷбур кард, ки ин корро аз ҳамин замон оғоз намоем. Маълум аст, ки тамоми мавод ва коғазҳои чопро бо доллар харидорӣ мекунем ва аз қурби он бозор вобастагӣ дорад. Агар арзиши асъори амрикоӣ поён равад, мо ҳатман нархи хизматгузориро низ коҳиш медиҳем",- қайд кард Сатторов.

Болоравии нархи рӯзномаҳои мустақилу хусусӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки мушкили муносибат миёни ВАО ва мақомоти маҳаллӣ рӯ ба афзоиш аст. Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки ин падидаи номатлуб бевосита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар моҳи феврали соли 2015 рабт дорад: дар интихоботҳои пешин низ як чунин ҳолат ба назар мерасид.

5
Барчаспҳо:
интихобот, болоравӣ, газетаҳо, Сатторов, ҶДММ "Аниса-95", рӯзномаҳо