Снегопад в Душанбе 27 ноября

Дар Тоҷикистон чанд рӯзи дигар барф хоҳад борид

7
(Таҷдидшуда 14:31 15.12.2014)
Ба иттилои обуҳавошиносон барфрезӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбе шурӯъ гардид, ҳадди аққал то охири ҳафтаи равон идома мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар навоҳии кӯҳистон ва бархе шаҳрҳои ҷумҳурӣ ин ҳолат, яъне боридани барф то охири ҳафта давом меёбад, менависад сомонаи расмии КВД "Обу ҳавошиносии Тоҷикистон".

Имрӯз, 27-уми ноябр, пас аз ду рӯзи боронӣ дар Душанбе барф борид. Ҳамзамон, обуҳавошиносон мегӯянд, ҳарорати ҳаво дар пойтахт аз сифр болост.

Ҳарчанд ин ҳодисаи дуввуми барфрезӣ дар моҳи ноябр дар Душанбе бошад ҳам, ҳаво сард нашудааст.

 Ба гуфтаи обуҳавошиносон фардо, 28-уми ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон +6+9 дараҷа, вилояти Суғд +5 +7, дар навоҳии тобеи марказ +7 +10, ғарби Бадахшон +4 +7, шарқи Бадахшон +1 +3 ва дар шаҳри Душанбе +7 +10  дараҷа дар назар аст.

7
Барчаспҳо:
Душанбе, Тоҷикистон, барфрезӣ, КВД, обуҳавошиносн