Переводчик Google

Google Translate бо забони тоҷикӣ ҳам тарҷума мекунад

83
(Таҷдидшуда 17:46 11.02.2016)
Google Translate ба таври худкор (автоматӣ) забони тоҷикиро дар баробари нӯҳ забони дигари дунё аз ин ба баъд тарҷума мекунад.

 ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар хадамоти веб (веб-сервис)-и ширкати  Google тарҷумони худкор бо забони тоҷикӣ фаъол шуд, менависад сомонаи расмии Google Translate.

Рӯзи 11 декабр дар баробари забони тоҷикӣ, боз 9 забони дигар, аз ҷумла ӯзбакӣ ва қазоқӣ низ ба феҳрасти забонҳои тарҷумашаванда ворид гардиданд.

"Ин навоварӣ ба 200 миллион нафар одамон дар рӯи дунё имкон медиҳад, ки тарҷумаи матнҳоро ба осонӣ анҷом диҳанд. Ба наздики як чунин нармафзорҳо барои гӯшиҳо (телефонҳои мобилӣ) низ дастрас мешаванд",- менависад ширкат.

 Ба иттилои манбаъ, ҳар як истифодабаранда метавонад барои беҳтар кардани сифати тарҷума саҳмгузор бошад: ба ишораи қалам нохун зада, тугмачаи "Беҳтар кардани тарҷума" (Улучшит ь перевод)-ро зер кардан зарур аст. Пас аз ворид кардани ислоҳ ширкат тағйиротро истифода хоҳад кард.

83
Барчаспҳо:
истифодабаранда, тарҷумон, ширкати Google
День 26 января

Аз мавлуди Бақозода то рӯзи байналмилалии гумрук: имрӯзи таърих

95
(Таҷдидшуда 21:53 25.01.2021)
Рӯзи бисту шашуми январ дар Рӯзи байналмилалии гумрук буда, дар Уганда – Рӯзи озодӣ мебошад. Дар ин рӯз, соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон пайдо карда шуд

Рӯзи 26 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1788 шаҳри Сидней – аввалин шаҳри урупоӣ дар Австралия таъсис дода шуд.

Соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон пайдо карда шуд.

Алмаз  Куллинан до огранки
© Flickr / James St. John
Алмаз "Куллинан" до огранки

Соли 2009 дар пойтахти Белорус- шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод  баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Талдиқӯрғони  Қазоқистон  оташи Бозиҳои VII зимистонаи Осиё ба маърази ом гузошта шуд.

Рӯзи 26 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.

День 22 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи "20-солагии Истиқлолият", воқеъ дар деҳаи хушманзараи Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов ба фароғату истироҳати зимистона фаро гирифта шуданд.

Соли 2017 дар шаҳри Ишқобод ҷаласаи VII муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе  зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири вақти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳолати вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дод.

Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 январ

  • Рӯзи байналмилалии гумрук.
  • Дар Уганда – Рӯзи озодӣ.

Рӯзи 26 январ кӣ ба дунё омадааст

Гурез Абураҳмонов (1915 – 1974) – сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Наримон Бақозода (1935 – 2009) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Одили Икром (1960)- шоири узбекзабони Тоҷикистон, мутарҷим (аз тоҷикӣ ба узбекӣ).

Ҳошим Назаров (1909 – 1983) – мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бурҳон Неъматов (1960)- сароянда.

Саъдулло Неъматов (1950) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Исохон Саидаминов (1962) – доктори илми техникӣ, профессор.

Дилшод Сайфиддинов (1984) – варзишгар, чемпиони ҷаҳон оид ба гурзпартоӣ.

Рамазон Сафаров (1936 – 2008) – Рассоми халқии Тоҷикистон.

Аҳмадҷон Шерназаров (1937 – 2008) –иқтисоддон, профессор.

Сурайё Шукурова (1957) – доктори илми тиб, профессор.

95
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Водопроводный кран

Шаҳраки ташналаби ангиштканон дар Суғд бо об таъмин мешавад

125
(Таҷдидшуда 20:42 25.01.2021)
Ҳукумати вилояти Суғд аз дастрас кардани оби нӯшокӣ ба шаҳраки Шӯроб хабар дод, ки мушкили норасоии об дар ин шаҳр барҷаста аст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik.  Корҳои сохтмонии хати оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони шаҳраки ангиштканон - Шӯроб анҷом ёфтааст.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, қубурхонӣ дар масофаи 11,2 километр ва ҳам бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб асосан ба анҷом расида, об ба ҳавз ҷорӣ гардид. Ҳукумати Суғд таъкид кард, ки дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон мушкили норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак то ҷашни ҷаҳонии Наврӯз куллан ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Манбаъ афзуд, ки иншооти мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯи кор омада, аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 14 миллион сомонӣ ҷудо гардидаст.

Корҳои сохтмонию васлкуниро мутахассисон ҶДММ “Наврӯз - 2003” ба зимма дошта, дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара, аз деҳаи Чорқишлоқ ба дарозии 11,2 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насбу васл карда шудаанд, таъкид кард манбаъ.

Манбаъ зикр кард, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар замони шӯравӣ миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло бошад тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ наздики 3000 нафар умр ба сар мебаранд.

Ба иттилои котибот, роҳбарияти шаҳри Исфара айни замон ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ҳамзамон барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҷамъияти “Ангишт” якҷо бо идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ чораҷӯӣ дорад.

125
Барчаспҳо:
об, Суғд, Тоҷикистон
Выборы президента Узбекистана

Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд

354
Мақомоти Узбакистон санаи пешбинишудаи интихоботи президентӣ дар ин кишварро эълон карданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Интихоботи навбатии президентӣ дар Узбакистон дар назар аст моҳи октябри соли равон баргузор шавад, менависад Sputnik Ӯзбекистон.

"Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон метавонад рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми октябр баргузор шавад",-менависад, агентӣ.

Таъкид шудааст, ки санаи интихобот дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар палатаи поёнӣ муҳокима карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш дар Ӯзбекистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он қайд карда шуд, ки ҳайати САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки интихоботи парлумониро мушоҳида кард, як қатор тағйироти мусбатро дар системаи миллии интихоботии кишвар эътироф кардааст.

Бояд қайд кард, ки дар Узбакистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.

Натоиҷи интихоботи такрории Узбакистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд

4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Мирзиёев, ки сарвазир буд, пирӯз шуд. 88,61% интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.

Президент Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб кишварро идора мекунад, 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

354
Барчаспҳо:
парлумон, номзад, Шавкат Мирзиёев, Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон муайян шуд