Тюльпаны

Шаҳри Хуҷанд дар соли оянда “гулборон” мешавад

7
(Таҷдидшуда 10:00 18.12.2014)
Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар шимоли кишвар тасмим гирифтааст, ки соли ояндаро дар шаҳри Хуҷанд «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ дар маҳаллаҳо» эълон намояд.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Соли 2015 дар Хуҷанд "Соли гулкорӣ ва ободкорӣ" эълон мешавад, менависад сомонаи расмии шаҳр.

"Бо ташаббуси раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода соли 2015 «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ дар маҳаллаҳо»  эълон шуд. Вобаста ба ин масъала мири  Хуҷанд дар ҷаласаи кории худ ба муовинон ва мудирони шӯъбаҳои дахлдор супориш дод, ки нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, корҳои гулзоркунӣ ва ободониро дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ намоянд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Раиси шаҳр  таъкид намуд, ки дар тамоми 22 маҳаллаҳои маркази вилоят бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳалла таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо идома дода шуда, дар мавзеҳои оммавӣ,чойхонаҳо корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ вусъат дода шаванд.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки барои ободкорӣ ва зебо кардани кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд 1000 дона дарахтони ороишӣ харида шуда, аз 73 ҳазор бех гули лолаи шинонидашуда дар гармхонаҳо ҳудуди 24 ҳазори онҳо омодаи кишт мебошанд.

Ҳамзамон, ҷаноби Аҳмадзода барои беҳтар намудани кору фаъолияти чойхонаҳо таъкид намуда, ба масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки барои бунёди чойхонаҳо дар маҳаллахо ва хусусан дар маҳаллаҳои соҳили рости шаҳр чораҳои амалӣ андешанд.

7
Барчаспҳо:
ободкорӣ, гулкорӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, раиси шаҳр, мири шаҳр, Раҷаббоой Аҳмадзода, Хуҷанд