В центральной мечети Душанбе. Архивное фото

Маркази исломӣ ҳамлаи Толибонро ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ номид

15
(Таҷдидшуда 15:31 18.12.2014)

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маркази исломии Тоҷикистон ҳамлаи Толибонро ба яке аз мадориси шаҳри Пешовари Покистон, ки боиси марги 150 нафар гардид, шадидан маҳкум карда, онро амали ваҳшиёна ва ғайриинсонию исломӣ хондааст, хабар медиҳад "Озодагон".

"Ислом касонеро, ки даст ба ҷинояти сангин, яъне қатл ва куштор мезананд, такфир намудааст. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: "Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад", — омадааст дар ин изҳорот.

Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, анҷоми ин гуна амалҳои ваҳшиёна, ки боиси қатлу куштори мардуми бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мегардад, ҳеч иртиботе бо Ислом надорад.

"Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом на танҳо резондани хуни мусалмон ҳаром аст, балки резонидани обрӯи шахси мусалмон низ ҷурми сангин аст. Хусусан ба қатл расонидани кӯдакон ҷинояти нобахшиданӣ маҳсуб мегардад. Зеро Пайғамбари Худо (с) фармуданд: "Ҳар навзод бо имони фитрӣ таваллуд шудааст", — навишта шудааст дар изҳорот.

Маркази исломии Тоҷикистон аз баъзе гурӯҳҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи худ дар замони муосир аз таълимоти дини муқаддаси Ислом сӯистифода мекунанд ва Исломи нобро ба сиёсат олуда мекунанд, даъват кардааст, аз ин амалҳои хеш даст бардоранд. Маркази исломӣ ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ҳамлаи Толибон ибрози тасалият кардааст.

15
Барчаспҳо:
маҳкум, ҳамла, Маркази исломии Тоҷикистон, Пешовар, Покистон, Душанбе, Тоҷикистон