Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото

Воридоти меваю сабзавот ба Русия манъ мешавад, аз ҷумла аз Тоҷикистон

22
(Таҷдидшуда 16:50 11.02.2016)
Шурӯъ аз соли нави 2015 “Росселхознадзор” (идораи назорати маҳсулоти кишоварзии Русия) ворид гардидани меваю сабзавот ва бархе аз намудҳои маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малдова ва кишварҳои аъзои ИА қатъиян манъ мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Нақзи чандинбораи шароити воридсозии маҳсулоти кишоварзӣ аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин Ӯзбакистон ва Озарбойҷон боис ба қатъиян манъ кардани воридоти меваю сабзавот ба Русия гардид, менависад сомонаи раёсати Росселхознадзор дар Перм.

Ин тасмим аз аввали моҳи январи соли оянда амалӣ гардида, дар пайи он шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Украина, Малдова, Гурҷистон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо наметавонанд ба қаламрави Русия меваю сабзавоти тару хушкро ворид созанд. Бояд тазаккур дод, ки қонуни федералии "Дар бораи карантини растаниҳо", ки моҳи июли соли равон ба тасвиб расид, ба ин тасмим мусоидат мекунад.

"Мутобиқи ин санад ворид кардани маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои мазкур бе санадҳои зарурӣ қатъиян манъ карда мешавад. Аз ҷумла, воридоти меваю сабзавоти тару хушк, кабудӣ, гиёҳҳои хушк, чой, чормағз ва ғайра манъ мегардад",- омадааст дар хабари сарчашма.

Аз дигар кишварҳо ворид кардани ҳамагӣ 5 кило маҳсулоти карантинӣ барои як мусофири иҷоза дода шудаасту бас.

"Барои ворид кардани миқдори калони меваю сабзавот доштани иҷозатнома зарур аст. Як нафар метавонад, бе иҷозатнома ду даста гулро ворид намояд. Ворид кардани тухмӣ ва кӯчати маҳсулот, инчунин картошка бе сертификати мутобиқат қатъиян манъ аст",- гуфта мешавад дар изҳороти Росселхознадзор.

Соли 2012 низ ворид кардани бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон ба Русия манъ гардида буд.

"Озарбойҷону Тоҷикистон ва Ӯзбакистон минтақаҳои паҳн гардидани маҳсулоти карантинӣ ба Русия маҳсуб мегарданд. Дар сурати ба қаламрави ФР ворид шудани маҳсулоти ғайрисанитарӣ ва ё тухмии бесифат он ба сифати маҳсулот ва ҳосил таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил бошад, зарфияти содиротии Русияро коҳиш медиҳад",- шарҳ медиҳанд дар Росселхознадзор.

22
Барчаспҳо:
ворид кардан, воридот, манъ, Росселхознадзор, Гурҷистон, Перм, Озарбойҷон, ИА, Малдова, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Русия