Банк вакансий. Архивное фото

Дар Тоҷикистон 105 ҳазор нафар корҷӯ ба қайд гирифта шудааст

16
(Таҷдидшуда 08:07 22.12.2014)
Соли 2014 дар ҷумҳури беша аз 225 ҳазор ҷои кори нав таъсис ёфта бошад ҳам, тайи 11 моҳи соли равон ҳамагӣ 36 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шудаанду бас.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тайи 11 моҳи соли 2014 беш аз 105 ҳазор шаҳрванди кишвар барои дарёфти ҷои кор ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Авеста.

Аз ин теъдод, ҳудуди 36 ҳазору 211 нафар бо ҷои кор таъмин гардидаанд, ки 34,5 % —и муроҷиаткунандагонро ташкил медиҳад.

"Сабаби асосии ба ҷои кор ба миқдори камтар таъмин шудани шаҳрвандон дар он аст, ки онҳо ихтисосии зарурии соҳаро надоранд ва ҳирфаи эшон ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ нест. Омили дигараш бошад, поён будани сатҳи маоши моҳона дар ихтисосҳо маҳсуб мешавад",-мегӯянд масъулини агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, тайи 11 моҳи ахир беш аз 6000 нафар бо кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми умумии 3 миллиону 264 ҳазор сомонӣ таъмин гардиданд.

Тибқи иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 225 ҳазору 278 ҷои кори нав таъсис дода шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 % бештар аст. Соли 2013 дар Тоҷикистон 193 ҳазору 451 ҷои кор таъсис дода шуда буд.

16
Барчаспҳо:
таъсис ёфтааст, ҷои нави кор, ҷои холии кор, ҷои кор, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Тоҷикистон
Глава Союза журналистов Таджикистана Зинатулло Исмоилзода

Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав дод

1561
(Таҷдидшуда 18:31 05.03.2021)
Исмоилзода Зинаттулоҳ Бурҳон, ки дар вазифаи мудири муассисаи давлатии "Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон" ифои вазифа мекард, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.

"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.

Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.

Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

1561
Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд

2600
(Таҷдидшуда 19:12 05.03.2021)
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати холдингии "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар ниҳоди мазкур ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.

Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорати мазкур сабукдӯш шуд.

Дар қарори Раҳмон сабаби аз вазифа рафтани Қурбонзода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.

Зимнан, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.

Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт

Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати "Барқи тоҷик" буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.

Қарори барканори Убайдуллозода имрӯз тасвиб шуд ва фавран қарори дигар оид ба такя задан ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

2600
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол