На скамье подсудимых. Архивное фото

Молики ”Ином” ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

15
(Таҷдидшуда 14:29 23.12.2014)
Яке аз саҳҳомони бозори “Ином”, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс, ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум шуд. Ин саҳмдор дар қасди оташзании бозор муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори "Ином"-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Бузургмеҳр Ёров, вакили хонаводагии Абдуллоев дар суҳбат бо оҷонсӣ  гуфтааст, зерҳимояи ӯ бидуни асос бо қарори додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 22 декабр ба ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст. Ба гуфтаи Ёров, додгоҳ далели ба ҳабси пешакӣ гирифтани Бурҳон Абдуллоевро эҳтимоли халал расонидан ба раванди тафтишот ва таъсир ба шоҳидии шоҳидон арзёбӣ кардааст.

"Дар ин қарор омадааст, Абдуллоев ҳангоми дар озодӣ буданаш ҳаракати халалдоркунанда дар пешбурди парванда мумкин расонад, аниқ намегӯянд, ки расонад, мегӯянд, мумкин, ҳоло он ки додгоҳ набояд дар қарораш аз калимаҳои шубҳаовар истифода кунад. Бояд аз калимаҳои қотеъ истифода шавад. Боз омадааст, ки шояд ин одам аз мақомот ва додгоҳ дар раванди тафтишоти пешакӣ барои он ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноии дараҷаи миёна боз шудааст, пинҳон шавад. Боз гуфта шудааст, зерҳимояи метавонад ба шоҳидон таъсир расонад, дар ҳоле ки инҷо ягон шоҳид нест ва танҳо афроди бо бензин боздоштшуда қарор доранд. Шояд ин боздоштшудаҳо қасди дуздии бозор ва нест кардани нишонаҳои амалашонро доштанду акнун ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нафари дигарро туҳмат доранд", — гуфтааст Ёров.

Ҷаноби Ёров мегӯяд, онҳо аз ин қарори додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Вакили дифоъ дар шарҳи бедарак шудани зерҳимояи худ аз шаҳри Душанбе ва пайдо шуданаш дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон илова кард, Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли равон аз сӯи Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва яке аз кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии ин минтақа боздошт ва ба шаҳри Қурғонтеппа интиқол дода шудааст.

"Абдуллоев мегӯяд, ӯро Толиб Назаров ба дохили мошин даъват карда, баъди ворид шуданаш ба дохили мошин телефони ӯро аз дасташ гирифтааст. Баъдан ӯро ба Қӯрғонтеппа бурдааст. Назаров нагузоштааст, ки Абдуллоев ману завҷаашро, ки дар бинои Додгоҳи иқтисодӣ будем, огоҳ кунад ё ҳатто калиди мошинро монад", — афзудааст Ёров.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президент — Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд.

15
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, 2 моҳ, ҳабс, боздошт, бозори Ином, Бузургмеҳр Ёров, Муҳибулло Саъдуллоев, Бурҳон Абдуллоев, Қурғонтеппа, Шаҳритус, Тоҷикистон
Мавзуъ
Алайҳи раиси бозори “Ином” айб эълон шуд
Фаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон

Фаромуз Иргашов: "Ман ба Президент ва мардум паёмамро расондам"

2501
(Таҷдидшуда 18:48 21.09.2020)
Фаромуз Иргашов, адвокат аз шаҳри Хоруғ, танҳо нафаре буд, ки талош кард тариқи худпешбарӣ номзадии худро дар интихоботи президентии Тоҷикистон бигзорад, аммо ба ин далел ки натавонист теъдоди зарурии имзоҳоро ҷамъ орад, аз сабқат монд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар сабқати интихоботи президентии Тоҷикистон ҳоло 5 нафар, ба шумули Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ ва раисони чор ҳизби дигар нерӯозмоӣ мекунанд.

Дар интихоботи қаблӣ низ айни ҳамин манзара буд. Аммо ин дафъа вақте Фаромуз Иргашов, як ҳуқуқшинос ё ҳимоячии оддӣ ва он ҳам тариқи худпешбарӣ аз тасмими худ хабар дод, сару садоҳои зиёде ба миён омад. Бархе мегуфтанд, ӯ як бозигари "худӣ" – и ҳукумат аст, бархеи дигар ба ин бовар буданд, ки ӯро кадом дастҳое аз хориҷу дохил ба ин майдон партоб кардаанд.

Sputnik Тоҷикистон ба суҳбати Фаромуз Иргашов рафт, то парда аз рӯи ин ҳама гуфтугузорҳо бардорад.

- Суҳбатро аз ин сар кунем, ки бархе мегуфтанд, Шумо як тарҳи ҳукуматед, бархе ҳам ҳадс заданд, ки Шумо кадом як неруҳои хориҷӣ вориди майдон кардаанд. Шумо чӣ мегӯед?

- Мардуми мо мегӯяд: "каҷ шину рост гӯ". Маро мушкилоти мардум, қабл аз ҳама коррупсия ва қонуншиканиҳо аз сӯи як идда мансабдорон ба майдон овард. Ман дар суҳбати аввалини худам ин нуктаро гуфта будам.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон: барои иштирок дар интихобот 260 ҳазор имзо ҷамъ кардем

Ҳарфи ин, ки маро хориҷиҳо ба майдон оварда бошанд, аз аввал буд. Як бор аз мақомот ба назди ман омаданд. Ташвиши онҳо ин буд, ки мегуфтанд, ҳоло бачаи ҷавонӣ, хеле чизҳоро намефаҳмӣ, дунёро бин, ки чӣ мегузарад, ба сари давлатҳо чӣ омадааст. Мепурсиданд, ки бо мухолифин дар Аврупову кишварҳои хориҷӣ тамос дорӣ, ё не.

- Шумо чӣ мегуфтед?

- Ростӣ, агар ман ҳам ба ҷои онҳо мебудам, чунин ташвиш мекашидам. Аммо ман ба онҳо гуфтам, ки фақат ба мардуми оддӣ ва давлати Тоҷикистон такя мекунам, зеро аз ҳисоби онҳо хондаму ҳуқуқшинос шудам. Ҳоло ҳам нони ин давлату мардуми худамро мехӯрам. Пас чаро хиёнат кунаму дар хизмати кадом як кишвари хориҷӣ бошам? Ҳар кишвари хориҷӣ манфиати худро дорад ва Тоҷикистон низ. Барои мо манфиати Тоҷикистон аз ҳама болост. Ман ба ягон нерӯи оппозитсионӣ дар дохил ё хориҷ аслан бовар надорам. Фақат ба мардуми худам бовар мекунам. Ҳамчун ҳимоячӣ низ дар хизмати ҳамин мардум ҳастам.

Вақте ин ҳарфҳоро гуфтаму фаҳмиданд, дигар коре бо ман нагирифтанд.

- Ин овозаҳо, ки ба Шумо мақомот фишор оварданд, сиҳат надоранд?

- Ҳамин овозаҳо маро ба ташвиш оварданд. Ягон фишору таҳдид аслан вуҷуд надошт. Ягон монеаи ҷиддӣ эҷод накарданд. Ҳаққонӣ ва мардона мегӯям. Тарс надорам. Агар мебуд, ҳатман изҳорот пахш мекардам, мегуфтам, ки фалон мақомот чунин карду чунон.

Фақат як монеа буд дар оғози кор, ки қариб даҳ рӯз натавонистам намояндаи КМИР дар Бадахшонро пайдо кунам, то масъалаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кунем. Мерафтам, ки дар дафтараш нест. Мегуфтанд, ки Душанбе рафтааст. Омад. Занг зада гуфтам, ки чӣ мехоҳам. Гуфт, фардо занг зан. Фардо занг задам, тилфонашро набардошт. Ба як азоб ӯро пайдо карда, масъаларо баррасӣ кардем ва ман шуруъ кардам ба кор бо мардум. Ҳамин қадар монеа буд.

Дар як рӯз 17 ҳазор имзо

- Корро аз чӣ шурӯъ кардед?

- Дар қонун мушаххас омадааст: ҳамон рӯз, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирӣ (КМИР) санаи интихоботро эълон дошт, ҳамон рӯз сабқат шуруъ мешавад. Дар оғоз бо аъзои ситодам маслиҳат кардем, ки аввал имзо ҷамъ оварда, пас ба мардум муроҷиат кунем. Дидем, ки аз ин роҳ намешавад. Сипас ба мардум муроҷиат кардем, то барои ҷамъ овардани имзо кӯмак кунанд.

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

- Чӣ қадар имзо ҷамъ овардед?

- Тайи як моҳ 83 ҳазору 756 имзо ҷамъ овардем. Тими мо сахт кор кард. Аз тамоми ҷумҳурӣ – Суғд, Хатлон, Бадахшон ва муҳоҷирину тоҷикистониёне, ки дар хориҷ аз кишвар – Русия, Аврупо, Амрико ва ғайра зиндагӣ мекарданд, имзоҳо омаданд. Аз рӯи фоиз 60% имзоҳоро дар дохил, 40% аз хориҷ ҷамъ шуд.

25 то 30 нафаре пайдо шуданд, ки холисона ва бидуни музд кӯмак карданд. Дар Бадахшон худи стоди мо дастрасӣ дошт, дар навоҳиву вилоятҳои дигар аз шиносҳоямон истифода кардем. Бовар намекунед, аз ҳама зиёд аз Хатлон имзо омад. Аз Бадахшон ҳамагӣ 41, аз ҷумла зодгоҳам Хоруғ 11 ҳазор имзо ҷамъ шуд. Бақия имзоҳо ҳама аз навоҳиву вилоятҳои кишвар ва шаҳрвандони мо дар хориҷа буданд.

Як нуктаро барои онҳое, ки мардуми Тоҷикистонро ба маҳалҳо тақсим карданӣ мешаванд, бигӯям. Дар замони ҷамъ овардани имзоҳо на фақат дар Бадахшон, балки дигар гӯшаву канори Тоҷикистон тасмими маро хеле самимона қабул карданд. Чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ ҳар кӣ ҳар чӣ аз дасташ омад, кӯмак кард. Ман аз ҳамаи онҳо сипосгузорам.

- Ин имзоҳо чӣ тавр ба дасти Шумо мерасиданд?

- Масалан, дар 15 варақ 2 ҳазор имзоро сканер карда фиристоданд. Бархе ҳам якнафарӣ бо вайбер ё почта ирсол мекарданд. Ном, номи хонаводагӣ, ҷои зист ва ғайра мушаххасот ҳатман зикр мешуд.

Харҷ, шикоят ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон

- Фаромуз, ин ҳама даводавҳо дар маъракаи интихоботӣ харҷ мехоҳад. Харҷи Шумо, ба истилоҳ, аз кисаи кӣ буд?

- Ҳама ройгон буд. Масалан, як нафар мошин дошт, дигарӣ барои он сӯзишворӣ мехарид ва нафарони дигар фикри хӯроку хобу хези гуруҳи кориро мекарданд. Бовар кунед, дар се рӯз 17 ҳазор имзо ҷамъ шуд.

Интихоботи президенти Тоҷикистон: муҳиммот

Ман фақат як манбаъи даромад дорам, ки он ҳам маошам аст. Дар сурати гузаштан аз сабти ном дар КМИР ба шуъбаи молияи вилоят муроҷиат мекардам, зеро тибқи қонун, харҷи маъракаи интихоботии як номзад аз ҳисоби буҷаи давлат аст.

- Ҳоло Шумо, ки номзад нестед, ягон шикоят надоред?

- Чаро шикоят кунам? Агар метавонистам, ки тамоми имзоҳоро ҷамъ кунам, ҳатман аснодамро барои номзадӣ пешниҳод мекардам. Аммо чаҳорчӯби қонун ҳамин аст. Агар КМИР номзадии маро бо вуҷуди ин ки тамоми ҳуҷҷатҳоро доштам, рад мекард, он гоҳ асос мешуд, ки боз ҳам дар чаҳорчӯби қонун ба тамоми зинаҳои судӣ муроҷиат кунам. То СММ менавиштам. Ором наменишастам. Аммо асос, ки нест, наметавонам, ки аз чаҳорчӯби қонун бароям ва қонунро нақз кунам.

- Барои бисёриҳо ин нукта ҷолиб аст, ки Шумо чӣ тур бо Эмомалӣ Раҳмон, як шахсияте, ки тайи қариб 30 соли ахир дастоварди зиёду гузаштаи хеле дурахшони сиёсӣ дорад ва дар сатҳи минтақаву ҷаҳон низ шинохта шудааст, чӣ тавр мехостед рақобат кунед?

- Агар воқеӣ бинем, шансу имкониятҳои банда нисбати Пешвои миллат, президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле кам буданд. Ман ба шахсияти он кас эҳтироми бузург қоилам. Ҳадафи ман ҳатман президент шудан ё пирӯз омадан набуд. Ман шансҳои худро дуруст муҳосаба карда будам. Аммо ду паём доштам бо ин тасмиме, ки гирифтам: аввал, садои дили худро ҳамчун як адвокат ва шаҳрванд ба мардум ва пеш аз ҳама ба Президент мехостам расонам ва гӯям, ки чӣ қадар ватани моро коррупсияву қонуншиканиҳои бархе мансабдорон азият медиҳаду беобрӯ мекунад. Мехостам ҳамин садои дили ман ба Президент бирасад. Дуюм, созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки ин як кишвари диктаторӣ асту озодӣ надорад. Ман ба онҳо собит карданӣ будам, ки чунин нест ва Тоҷикистон як давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст. Масалан, ман як адвокати оддӣ метавонам, ки номзадии худро пешниҳод кунам. Ҳамин ду ҳадаф буд, ки умедворам, то ҷое ба онҳо расидам.

Ба ҷавони президентшав роҳ надоданд: КМИР номзадии Фаромӯз Иргашовро сабт накард

- Аз ин ба баъд бо фаъолиятҳои сиёсӣ машғул хоҳед шуд?

- Ман хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳастам, на санъату мусиқӣ. Ҳуқуқшинос ва ҳимоячӣ ҳастам. Ҳуқуқи мардумро ҳимоят мекунам. Кори ман ба таври табиӣ бо сиёсат гиреҳ мехӯрад. Ҳоло ки натавонистам дар интихобот ширкат кунам, ба хондану таҷрибаомӯзӣ, ҳар коре, ки қонунгузорӣ иҷозат додааст, машғул хоҳам шуд.

2501
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Интихоботи президентӣ, мусоҳиба
Блюдо из жареного риса

Ғизошиносон мегӯянд, истеъмоли биринҷи қаҳваранг маризии қалб ва саратонро коҳиш медиҳад

407
(Таҷдидшуда 18:10 21.09.2020)
Истеъмоли биринҷи қаҳваранг хатари мубталошавии инсонро ба маризиҳои саратону қалб коҳиш медиҳад. Ғизошиносон тарзи дуруст истеъмол кардани ин навъ биринҷро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бар тибқи таҳқиқоти мутахассисони хориҷӣ, селен ва магний, ки дар таркиби ин навъ ғалладонагӣ мавҷуд аст, аз ҷамъшавии холлестирин дар рагҳо пешгирӣ мекунад, менависад FoodNews.

Гузашта аз ин, антиоксидантҳо, ки дар таркиби биринҷи қаҳваранг мавҷуданд, таъсири зиддиилтиҳобӣ доранд ва хавфи сар задани саратони сина ва рӯдаи ғавсро коҳиш медиҳанд.

Олимон: риш одамро аз саратон муҳофизат мекунад

Ба гуфтаи мутахассисони ғизошинос, таркиби ин навъ биринҷ аз сафеда ва минералҳо бой аст, ки дар нигоҳ доштани кори дурусти рӯдаҳо, меъёри қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад.

Ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки биринҷи қаҳварангро ҳамчун гарнир ва ё дар таркиби хӯрокҳои обдору хӯришҳо истифода кард.

407

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия