Владимир Путин. Архивное фото

Путин дар садри ҷадвали нухбагони Русия қарор гирифт

9
(Таҷдидшуда 15:05 08.01.2015)
Сокинони Русия барои даҳумин бор президенти ин кишвар Владимир Путинро пешвои нухбагон арзёбӣ карданд. Нахуствазири ФР- Дмитрий Медведев ва Сергей Шойгу- вазири мудофиа пас аз ӯ дар ҷадвал мавқеъ доранд.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Владимир Путин, президенти Русия дар назарсанҷии "Рейтинги нухбагони Русия дар соли 2014" барои даҳумин бор баранда шудааст, хабар медиҳад Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум (МУОАУ).

Қайд мегардад, ки теъдоди бештари пурсидашудагон аз Владимир Путин ҳимоят карда, дар қиёс ба соли гузашта зиёдтар раъйи мусбат додаанд. Райисҷумҳури Русия бо касби 81 дарсади ҷонибдорон (ин рақам соли гузашта 66 % —ро ташкил медод) дар садри ҷадвали нухбагон қарор гирифтааст. Дмитрий Медведев бо 28 % (соли 2013 — 36 дарсад) ва Сергей Шойгу бо 26 % (дар соли 2013 — 43 дарсад) зинаҳои баъдии "нухбагони ФР"-ро ишғол мекунанд.

Назарсанҷӣ аз ҷониби МУОАУ (Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум) рӯзҳои 13-14 декабри соли 2014 баргузор шуда, зимни он 1600 нафар аз 46 манотиқи Русия пурсида шудаанд. Суоли пешниҳодшуда "барои Русия дар марҳилаи феъли кадоме аз нухбагон хидмати бештар кардааст" буд. Дар рӯйхати ниҳоӣ исми 80 нафар ҷо гирифтааст.

Ба қавли манбаъ, дар феҳрасти даҳгонаи аввал ҳамчунин номҳои Сергей Лавров, вазири умури хориҷа (21 %), Владимир Жириновский, пешвои ҲЛДР (15 %), Алла Пугачёва (11 %), Геннадий Зюганов, раиси ҲК (8 %), Никита Михалков (7 %), Иосиф Кобзон (7 %) ва Андрей Малахов (7 %) мавқеъ доранд.

9
Барчаспҳо:
ҷадвал, нухбагони Русия, назарсанҷӣ, МУОАУ, Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум, Геннадий Зюганов, Владимир Жириновский, Сергей Лавров, Андрей Малахов, Алла Пугачёва, Дмитрий Медведев, Сергей Шойгу, Владимир Путин, ФР, Русия
Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото

Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов маҳаллаи Лоҳутиро бо об таъмин карданд

156
(Таҷдидшуда 23:49 09.07.2020)
Зодагони шаҳри Кӯлоб Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов, ки феълан дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, як маҳалларо бо оби нӯшокӣ таъмин кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон солҳо аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва маҳаллаҳои дигар рафта, об меоварданд, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият”.  

“Бо саҳми  зодагони шаҳри Кӯлоб - Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов, ки айни замон сокинони шаҳри  Душанбе мебошанд, ба маҳаллаи Лоҳутӣ хати нави оби тозаи ошомиданӣ кашида шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки сокинони маҳалла аз Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов миннатдоранд, ки ин мушкили онҳоро осон гардониданд.

Ҳукумат ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов сабукӣ дод

Нашрия афзудааст, ки ба амалҳои хайру ватандӯстона даст задани  соҳибкорону афроди саховатпеша вусъат меёбад, ки он ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

156
Барчаспҳо:
об, шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон
Невеста идет босиком по дороге

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

1338
(Таҷдидшуда 15:07 09.07.2020)
Арӯсшавандаҳо аз ҳукумадорон талаб намудаанд, то қарори манъ намудани маросими баргузории тӯйро, ки дар пасманзари авҷи маризии коронавирус ҷорӣ гардида шуд, лағв намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дасти кам 15 нафар арӯсшаванда дар Италия, ки маросими тӯйи онҳо ба хотири авҷи маризии коронавирус ба вақти дигар гузаронда шуд, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад The Daily Mail. 

Ба иттилои манбаъ, духтарон либоси арӯсиро ба бар намуда дар назди фаввораи Треви дар маркази Рим гирд омаданд то нигаронии худро дар робита ба манъ будани баргузории маросими арӯсӣ иброз кунанд.

Эрон: пас аз баргузории тӯй 50 кас ба коронавирус гирифтор шуданд

Зимнан, ба сафи арӯсшавандаҳо кормандони ташкилотҳое, ки маъракаи арӯсиро сомон медиҳанд пайвастанд ва то бинои парлумон роҳпаймоӣ намуданд.

Арӯсшавандаҳо дар даст шиорҳо бо навиштаҷоти "Тӯйҳо бидуни маҳдудият", "Шумо издивоҷи моро қатъ кардед", "Дари калисо барои баргузории тӯйро бастед", доштанд.

"Ман эътироз мекунам, зеро мехоҳам издивоҷ кунам! Тӯйи ман то соли оянда мавқуф гузошта шуд, дар ҳоле, ки ман аллакай ҳама чизро бо  рӯҳонӣ муҳокима карда будам. Аммо бо роҳбарияти тарабхона ва кошонаи ҳусн ба мувафиқа омада натавонистам", - афзудааст яке аз эътирозгарон.

Арӯсшавандаҳо дар сӯҳбат ба The Daily Mail изҳор доштаанд, "аз он ҳарос доранд, ки домодҳо то ин муддат фикри худро дар бораи издивоҷ намудан бо онҳо дигар мекунанд".

1338

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон