Суҳроб Шарипов, узви порлумони Тоҷикистон даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевСӯҳроб Шарипов. Акс аз бойгонӣ
Сӯҳроб Шарипов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар синни 51-солагӣ баъд аз бемории начандон тӯлонӣ собиқ раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, вакили порлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов даргузашт.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар синни 51-солагӣ баъд аз бемории начандон тӯлонӣ собиқ раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, вакили порлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов даргузашт, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар бораи маҳал ва замони ҷанозаи марҳум дертар иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки Шарипов шоми дирӯз ба бемористони Қарияи Боло мунтақил шуда буд ва пизишкон барои наҷоти вай талош доштанд.

Сӯҳроб Шарипов 18-уми апрели соли 1963 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дар соли 1988 бахши фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ аст. Солҳои 1988-1990 устоди фалсафаи ДМТ буд. Солҳои 1990-1993 унвонҷӯйи бахши фалсафаи ДДМ буд. Солҳои 1993-1998 корманди илмии факултети фалсафаи ДДМ буд.

Аз соли 1998 то соли 2001 мудири бахши Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2001 то соли 2003 муъовини раиси бахши иттилоъотиву таҳлилии дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд. Солҳои 2003-2005 ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд.

Аз соли 2005 то моҳи декабри соли 2011 Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард.Панҷ соли ахир вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.

Ҳизби халқи демокроти Тоҷикистон, ки Сӯҳроб Шарипов дар порлумони феълӣ аз он намояндагӣ мекард, номзадии ӯро аз ҳавзаи Шоҳмансури Душанбе дар интихоботи порлмуонии 1 март пешбарӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0