Раиси ҷумҳур ба хешовандони Сӯҳроб Шарипов изҳори тасаллият кард

© Предоставлено Завкибеком СаидаминиМаросими дафни Сӯҳроб Шарипов
Маросими дафни Сӯҳроб Шарипов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Изҳори тасаллияти раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар маросими ҷаноза ба хешовандон ва наздикони Сӯҳроб Шарипов, ки дар синни 51 солагӣ даргузашт, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ироа кард.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба хешовандони Сӯҳроб Шарипов, ки дар синни 51 солагӣ даргузашт, изҳори тасаллият кардааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Изҳори тасаллияти раиси ҷумҳурро имрӯз дар маросими ҷаноза бо ин сиёсатшинос дар масҷиди маҳаллаи 65-и пойтахт Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ироъа кард. Маросими дафни Сӯҳроб Шарипов имрӯз дар яке аз қабристониҳои ҷануби шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сӯҳроб Шарипов 19-уми январ дар синни 51 солагӣ баъд аз бемории начандон тӯлонӣ даргузашт.

Вакили порлумони Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Сӯҳроб Шарипов 18-уми апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар соли 1988 факултети фалсафаи донишгоҳи давлатии Москваро хатм кардааст. Солҳои 1988 ва 1990 устоди фалсафа дар ДМТ буд.

Солҳои 1990-1993 аспиранти факултаи фалсафаи донишгоҳи давлатии Маскав буд. Номзади илмҳои фалсафа. Солҳои 1993-1998 ба ҳайси ходими факултети фалсафаи донишгоҳи Маскав фаъолият кардааст.

Аз соли 1998 то соли 2001 мақоми мудири бахши Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Аз соли 2001 то соли 2003 муовини мудири бахши иттилоотӣ-илмии дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд. Солҳои 2003 ва 2005 дар вазифаи ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Аз соли 2005 то моҳи декабри соли 2011 Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард. Чаҳор соли ахир вакили порлумони Тоҷикистон буд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки онро Сӯҳроб Шарипов дар порлумони феълӣ намояндагӣ мекард, номзадии ӯро аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои интихоботи вакилони порлумон, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, пешбарӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0