Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ

Убайдуллоев хостори омори дақиқи сокиноне шуд, ки гармӣ мегиранд

5
(Таҷдидшуда 13:26 27.01.2015)
Мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ниҳодҳои шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар тӯли як ҳафта вазъи тавлиди гармӣ ва теъдоди сокинонеро, ки гармӣ мегиранд муайян кунанд.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе ба ниҳодҳои зертобеъаш дастур дод, ки дар тӯли як ҳафта вазъи тавлиди гармӣ ва шумориши муштариёни гармигиранда анҷом дода шавад, хабар медиҳад "Tojnews".

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи шаҳрдориро бо ширкати ҳамаи раҳбарони ниҳодҳои шаҳрӣ баргузор кард, ки дар он масоили иҷрои супоришҳое, ки аз пайёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон бармеоянд, баррасӣ шуданд.

Дар ин нишаст Убайдуллоев қарор кард, ки дар мӯҳлати як ҳафта барномаи иҷрои супоришҳои раҳбари кишвар таҳия ва барои таъйид ба шаҳрдорӣ пешниҳод шавад.

Раиси шаҳр ҳамчунин дастур дод, ки тавассути ниҳодҳои "Барқи тоҷик" ҳамаи воҳидҳои ба нақша гирифташуда бо гармӣ таъмин карда шаванд. Вай ҳамчунин ба раҳбарони зидахл дастур дод, ки ин раванд назорат шавад.

5
Барчаспҳо:
тавзеъи гармӣ, "Барқи тоҷик", шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Шаҳрдории Душанбе ибрози назари Асадулло Раҳмонро хандаовар номид
Раиси кумитаи телевизион: ба шаҳрдории Душанбе ғаразе надорем
Убайдуллоев аз афзоиши сохтмонҳои нав дар Душанбе нигарон аст
Мири Душанбе телефонҳои мансабдоронро пешниҳод кард