Тақдими хонаи 3-ҳуҷрагӣ ба модаре, ки чаҳор кӯдак таваллуд кард

© Sputnik / Александр ПаниотовНоворожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото
Новорожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулшан Маҷнунова, сокини ноҳияи Ёвон якбора чоргоник - 1 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то дувуним килограм ба дунё овардааст.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи як модари ҷавон, ки чаҳор кӯдак ба дунё овард, хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Калиди ин хона пас аз анҷоми сохтмони манзили зист, дар таърихи 20-уми март ба ин хонавода супурда мешавад. 5 феврал барои табрики ин хонавода аз номи президент, як ҳайати ҳукумати кишвар бо раҳбарии муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ ба зоишгоҳи шумораи 3-и шаҳри Душанбе рафт ва ин хушхабарро ба модари 4 кӯдак расонидааст, менависад "Озодӣ".

Гулшан Маҷнунова, сокини ноҳияи Ёвон якбора чоргоник — 1 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то дувуним килограм ба дунё овардааст. Ин чоргоник рӯзи 30 январ дар зоишгоҳи рақами 3-и шаҳри Душанбе таваллуд шуда, феълан вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.

Гулшан Маҷнунова 26 сол дошта, на ӯву на ҳамсараш дар ҷое кор намекардаанд. Вай баъди издивоҷ як писар ба дунё оварда, панҷ соли охир интизори фарзанди дувум будааст, менависад сомона.

Ба гуфтаи табибон, дар солҳои охир бори аввал аст, ки таваллуди чоргоник бо муваффақият сурат мегирад. Ба қавли табибон, дар гузашта ду ҳодисаи таваллуди чоргоник рух дода буд, аммо навзодон зинда ба дунё намеомаданд.

Дар гузашта  чанд мавриди таваллуди сегоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд.

Гулшан Маҷнунова дар рӯзҳое чоргоник таваллуд кард, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро "Соли оила" эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0