Пиряхи Федченко дар Бадахашон. Акс аз бойгонӣ

Пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда ва то 30% коҳиш ёфтаанд

62
(Таҷдидшуда 14:14 10.02.2015)
Раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ба далели гармшавии ҷаҳонии ҳаво ва чанд омили дигаре, ки дар олам сурат мегиранд, ногузир аст ва аллакай ба камшавии сеяки масоҳати ин мӯъҷизаҳои табиат мунҷар шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон дар чанд соли ахир сеяки ҳаҷми худро аз даст додаанд ва мутаасифона, ин раванд идома дорад, менависад хабаргузории "Tojnews" бо истинод ба дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи муҳити зист Фотима Очилова.

"Дар чанд соли ахир прияхҳои Тоҷикистон ҳудуди 30% масоҳати худро аз даст додаанд ва мутаассифона ин раванд идома дорад. Феълан, аз 14 ҳазор пиряхҳо як ҳазораш комилан аз байн рафтаанд", — зикр кард Очилова зимни суханронии худ дар конфаронси "Об барои ҳаёт", ки дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт.

Ба гуфтаи вай, танҳо пиряхи Федченко, ки бузургтарин пиряхи ҷаҳон маҳсуб мешавад, аллакай беш аз як километр масоҳати худ ё 2 километри кубии яхро аз даст додааст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар пайёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки барои таъмини сокинони кишвар бо оби ошомиданӣ дар солҳои 2010-2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ихтисос шуда ва то ҳол миқдори зиёди корҳо дар ин замина иҷро шудаанд.

Олимони ширкаткунанда дар ин ҳамоиш ба зарурати муносибати сарфакорона ба об ва захойири оби кишвар таъкид карданд.

62
Барчаспҳо:
пиряхи Федченко, обшавии пиряхҳо, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Фотима Очилова, Тоҷикистон
Мавзуъ
Қувваи ҷозиба: таъсироти қонунҳои физикӣ дар зери об
Ӯзбакистон ташаббуси ҶТ-ро дар мавриди “даҳсолаи об” ҷонибдорӣ накард