Дар бозори Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумат шикоёти муштариёнро тавассути интернет қабул мекунад

5
(Таҷдидшуда 18:02 10.02.2015)
Ба ақидаи мақомот, сойти тоза фаъолшуда имкон медиҳад, ки сокинони пойтахт ба муттахасисони соҳа муроҷиъат карда ва ба онҳо аз ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат, иҷрои бади хадамот ва ё аз муомилоти бад дар нуктаҳои фурӯши мол ва ироаи хадамот шикоят кунанд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бахши ҷадиди сойти интернетии шаҳрдорӣ "Бидуни миёнарав" ҳамаи шикоёт ва пешниҳодоти судманди муштариёни пойтахтро қабул мекунад, навиштааст хабаргузории "Tojnews".

Ин бахши сойти шаҳрдорӣ ба он хотир таъсис шудааст, ки муштариёни пойтахт дар сурати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳову мағозаҳо тавонанд дар ин бора ба муттахассисони соҳа хабар диҳанд.

"Дар сурати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат, иҷрои бади хадамот ва ё муомилаи бад дар нуктаҳои фурӯши маҳсулот ва ироаи хадамот, ҳар кас метавонад ба бахши вижаи сойти шаҳрдорӣ бо нишонии www.bemiyonaravho.tj муроҷиъат кунад", — изҳор дошт намояндаи расмии шаҳрдорӣ.

Барои баррасии шикоёти муштариён аз ҷумлаи кормандони Оҷонсии зидди фасод, бахши тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра афроди масъул таъин шудаанд.

5
Барчаспҳо:
хадамот, таъсиси бахши вижаи сойти шаҳрдорӣ, шаҳрдорӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ду масъули САҲШ-и Душанбе барои тамаъҷӯӣ боздошт шуданд
Убайдуллоев барои нигоҳубини роҳҳои Душанбе супориш дод
Боздошти ду корманди милиса барои порагирӣ дар Душанбе