Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Таъмиру тармими роҳ дар Хуҷанд то Наврӯз анҷом меёбад

8
(Таҷдидшуда 09:32 19.02.2015)
То замони ҷашни Наврӯз сокинони Хуҷанди бостонӣ аз ҷоддаи бозсозишудаи миёни масҷиди “Нури ислом” ва хиёбони Умаров истифода хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ин ҷодаи мошингард 700 метр тӯл дорад ва то ҷашни Наврӯз умури бозсозии он анҷом меёбад, навиштааст хабаргузории "Авеста".

Ба гуфтаи муъовини шаҳрдори Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода, ин ҷода масҷиди "Нури ислом"-ро бо хиёбони Умаров ба ҳам муттасил мекунад.
Ҳазинаи бозсозии ин ҷодда аз ҳисоби будҷаи маҳаллӣ таъмин мешавад.

Ба гуфтаи Очилзода, ду канори тамоми тӯли ин ҷода сарсабз карда мешавад.

"Дар ду канори ҷода ниҳолҳо шинонида шуда, барои амнияти ҳаракати васоили нақлия ва пиёдагардҳо нишониҳо ва овезаҳо насб крада мешаванд", — гуфт муъовини шаҳрдор.

Вай зикр кард, ки ин ҷода дар чорчӯби омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз бозсозӣ мешавад.

8
Барчаспҳо:
бозсозии ҷода, шаҳрдорӣ, Мирзомуқим Очилзода, Хуҷанд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Бозгашти 4 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Хуҷанд
Ҳудуди 300 мошин дар роҳ ба сӯи Хуҷанд дар мондааст