Кӯдакон дар шаҳри Норак. Акс аз бойгонӣ

Кӯдакони занони хонашинро ба боғча қабул мекунанд, агар ҷои холӣ бошад

8
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мехоҳад, дар вақти қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ба занони коргар, ки имкони тарбияву нигоҳубини фарзандро надоранд, як бартарӣ ё имтиёзе пешбинӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Мақомоти маорифи Душанбе мехоҳанд,  дар мавриди қабули кӯдакон ба кӯдакистонҳо ба занони коргар имтиёз бидиҳанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мехоҳад, дар вақти қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ба занони коргар, ки имкони тарбияву нигоҳубини фарзандро надоранд, як бартарӣ ё имтиёзе пешбинӣ кунад. Дар заминаи ин тарҳ дар навбати аввал ба кӯдакистон кӯдакони занони коргар қабул мешаванд ва танҳо дар сурати холӣ мондани ҷой занҳои хонашин низ метавонанд бачаҳои худро ба кӯдакистон супоранд.

Дар ҳамин ҳол, ин "қоида" занони дигарро, ки алъон кор намекунанд ва ё ҷои кор намеёбанд нигарон кардааст.

Ҳамидуллохон Фақиров, мудири маорифи шаҳри Душанбе, мегӯяд, ҳадаф нақзи ҳуқуқи занони хонанишин нест ва ин тасмим ба дунболи санҷиши кӯдакистонҳо гирифта шудааст. Санҷиш нишон додааст, теъдоди бачаҳо дар кӯдакистонҳои Душанбе бештар аз ғунҷоиши муассисаҳои кӯдакона будааст.

"Занҳои хонашин бояд дарк кунанд, ки онҳо барои нигоҳубини кӯдакҳои худ аз шароите бархӯрдор ҳастанд, ки зани коргар надорад",- илова кардааст Фақиров.

Ҳоло дар ин замина ягон қароре тасвиб нашудааст ва касе ҳақ надорад атфолеро, ки то ҳол дар кӯдакистонҳо ҷо ба ҷо шудаанд, аз ин муассисаҳо берун кунад.

Айни замон дар ҳудуди пойтахт 119 боғчаи бачагон ва 90 яслӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 26 ҳазор кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Ба иттилои масъулини маорифи шаҳри Душанбе ин рақам фақат 20% атфоли пойтахтро ташкил медиҳад.

8
Барчаспҳо:
яслӣ, занони хонашин, боғчаи бачагон, санҷиш, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Ҳамидуллохон Фақиров, Душанбе, Тоҷикистон