Ба ҳуқуқи бознишастагон беш аз 100 солаи ӯзбек 100% изофапулӣ мешавад

© Flickr \ upyernozБознишастаи ӯзбек. Акс аз бойгонӣ
Бознишастаи ӯзбек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин иқдом дар чорчӯби барномаи “Соли тавваҷӯҳ ва ғамхорӣ нисбати калонсолон”, ки ҳамчунин мудовои ройгони 150 ҳазор куҳансолонро дар назар дорад, роҳандозӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Куҳансолони Ӯзбекистон, ки ба синни 100 солагӣ расидаанд, ба изофаи ҳуқуқи бознишастагӣ боз 100% ҳуқуқи ҳадди ақалро дарёфт мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.

Ин амр дар чорчӯби барномаи давлатии "Соли тавваҷӯҳ ва ғамхорӣ нисбати калонсолон", ки дар авохири ҳафтаи гузашта аз сӯйи раиси ҷумҳур Ислом Каримов тасвиб шуда буд, роҳандозӣ мешавад. Аз моҳи декабри соли 2014 мизони ҳадди ақали ҳуқуқи бознишастагӣ дар Ӯзбекистон 231 575 сӯм (ҳудуди 95 доллар) мебошад.

Дар чорчӯби ин барнома ҳамчунин 150 ҳазор нафар куҳансолон ройгон мудово мешаванд, ба куҳансолони маълул 12 ҳазор адад маводди ҷузъҳои маснуъӣ ва васоили фаннии эҳёкунандаи кайфияташ боло эъто мешаванд, хабар медиҳад вазоратхона.

Ба иттилоъи ин манбаъ, аз ҳисоби будҷаи давлатӣ ба куҳансолони танҳо маводдҳое назири "феҳрасти беҳтаршудаи анвои ниёзи аввалия бо шумули маводди шустушуӣ ва ҳамчунин доруҳои вижаи оромкунанда, тозакунӣ ва анвои дигари доруворӣ пешниҳод мешаванд".

Ин барнома ҳамчунин дар соли 2015 таҳияи тарҳи қонун "Дар бораи ироъаи хадамоти иҷтимоӣ барои куҳансолон, маълулон ва бахшҳои дигари аҳолӣ", ки наҳваҳои аслии шеваи ироъаи хадамоти иҷтимоӣ ва муқаррароти онҳоро рӯшан мекунад, таҳия карда мешавад.

Тибқи омори расмӣ, ҷамъияти Ӯзбекистон дар поёни соли 2014 31,5 миллион нафар буд ва беш аз 2.8 миллиони онҳо бознишаста мебошанд. Синни 225 ҳазор нафар аз онҳо беш аз 80 сол буда, 44 ҳазор нафар 90 сола ва 8,7 ҳазор нафар аз 100 сола бештар мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0