Хоруғ - маркази маъмурии ВМБК. Акс аз бойгонӣ

Тармафароӣ боиси қатъи иртиботи Хоруғ ба манотиқи дигар шудааст

10
(Таҷдидшуда 15:59 23.02.2015)
Номусоидии вазъи ҳаво иртибототи маркази вилояти мухтори Бадахшон шаҳри Хоруғ аз дигар манотиқи кишварро масдуд кардааст. Ниҳодҳои роҳсозӣ талош доранд ҷодаҳоро аз барф тоза кунанд, вале хатари тармафароӣ ҳамчунон вуҷуд дорад.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар пайи резиши баҳман иртибототи шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ (ВМБК) бо манотиқи дигари кишвар қатъ шудааст, хабар медиҳад нашрияи "Импулс".

Ба далели боришоти зиёди рӯзҳои ахир тақрибан дар куллияи қаламрави вилоят афзоиши мавориди тармафароӣ мушоҳида шудааст. Бад ин манзур мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ситоди доимамалкунанда таъсис додаанд.

"Резиши баҳман ҷоддаҳо ба самтҳои Душанбе, Мурғоб ва ноҳияи Ишкошимро масдуд кардаанд. Роҳсозони вилоят машғули тоза кардани ҷодаҳо мебошанд, вале хатароти резиши баҳман ҳамчунон боқӣ мемонад", — хабар доданд дар ҷаласаи ситод.

Ба сокинони манозиле, ки дар маҳаллоти баҳманрез (тармафароӣ) қарор доранд, пешниҳод шудааст муввақатан ба манотиқи амн кӯч дода шаванд.

"Сокинони 52 ҳавлӣ қаблан, рӯзи шанбе кӯч дода шуданд", — зикр кард раиси ситоди умури изтирории вилоят Дӯсталӣ Худоёров.

Қаблан, шабакаи телевизионии "Бадахшон" хабар дода буд, ки дар пайи резиши баҳман дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ ду ҳавлӣ комилан тахриб шудаанд.

Ин ҳодисаи изтирорӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Вале, пойи хонуме, ки фарзандони худро наҷот додан мехост, осеб дидааст. Феълан, ин хонум мавриди амали пизишкон қарор гирифта ва ба гуфтаи онҳо, ба зиндагиаш ҳеч хатаре таҳдид намекунад.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед хабар дод, ки ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида манозили муввақатӣ пешниҳод шуда ба онҳо кӯмакҳои ғизоии ниёзи аввалия ироъа шудааст.

Ҳамчунин раиси ВМБК ба куллияи ниҳодҳои давлатӣ ва созмони "Глобал Партнерс" дастур додааст, ки ба осебдидагон барои бозсозии манозилашон кӯмак кунанд.

Ин дар ҳолест, ки пешгӯии ҳавошиносон нигаронкунанда аст — ҳавои абролуд бо боришот дар минтақа то 26 феврал боқӣ мемонад.

10
Барчаспҳо:
барфрезӣ, боришоти шадид дар кӯҳистон, тармафароӣ, резиши баҳман, ситоди вилоятии умури изтирорӣ, Дӯсталӣ Худоёров, Шодихон Ҷамшед, Ишкошим, Роштқалъа, Хоруғ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Тоҷикистон чанд рӯзи дигар барф хоҳад борид
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Қабули қонуни нав: вазири меҳнат гуфт, мутахассисони бозоргир омода мешаванд

110
(Таҷдидшуда 17:02 30.11.2020)
Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишвар қонуне қабул шуд, ки алоқамандии бозори меҳнат ва таҳсилоти касбиро пурзӯр месозад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахир қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”-ро қабул кард.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, мутобиқи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла корфармоён ва вазорату идораҳои соҳавӣ ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудаст.

Вазир гуфт, корфармоёну вазоратҳои соҳавӣ бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, стандартҳои ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад.

“Илова бар ин, ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Амонзода.

Ӯ илова намуд, ки бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ,  имконоти ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар зиёд мешавад.

110
Барчаспҳо:
ҷалби мутахассисони ҷавон, бозори меҳнат, Тоҷикистон
Развертывание российскими военными полевого госпиталя в Степанакерте

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

26
(Таҷдидшуда 14:52 30.11.2020)
Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ба хотири дастгирии шаҳрвандони осебдида дар Қарабоғи Кӯҳӣ бемористони саҳроӣ таъсис дод

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ бемористони саҳроӣ таъсис дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Сохтмони бемористон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад ва нахуст иддаи ҷонибдорони сулҳ ба таъминоти тиббӣ фаро гирифта мешаванд.

"Гузашта аз ин, мо омода ҳастем, ки ба сокинони осоишта низ кумак расонем. Мо имкон дорем то 40 нафарро дар бемористони худ ҷой диҳем", - изҳор доштааст Ярослав Иванов роҳбари дастаи тиббӣ ба хабарнигори РИА Новости.

Ба гуфтаи ӯ, бемористони саҳроӣ аз шӯъбаи ҷарроҳӣ, ташхисӣ, лабораторияи ташхисӣ, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, утоқи пизишки чашм иборат буда, ҳамчунин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дастгоҳи ренген низ насб шудааст.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ мутобиқи созишномае, ки 10 ноябр аз ҷониби роҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон имзо шудааст, мустақаранд.

Ин созишнома қатъи пурраи амалиётҳои ҷангиро, ки аз 27 сентябр идома дорад, аз ҷумла табодули маҳбусон ва ҷасади мурдаҳоро пешбинӣ мекунад. Арманистон инчунин бояд минтақаҳои Келбаҷар, Лачин ва Ағдамро ба Озарбойҷон баргардонад.

Мақсади сафари Майк Помпео ба Гурҷистон чӣ буд? - навор

Дар Боку ин созишнома таслим шудани Ереван ном дошт. Президент Илҳом Алиев таъкид кард, ки ин санад аз ҳама бештар барои Озарбойҷон муфид аст: ҳоло, ба гуфтаи ӯ, марҳилаи низомӣ ба анҷом расидааст ва гузаштан ба масъалаҳои сиёсӣ имконпазир аст.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эътироф кард, ки қарори сулҳ ба ӯ сахт дода шудааст, аммо ин ба ӯ имкон дод, ки он чизеро, ки Қарабоғ гум мекард, наҷот диҳад. Пас аз он, дар Ереван тазоҳурот бо талаби истеъфои сарвазир оғоз ёфт.

26
Барчаспҳо:
сохта, бемористон, Қарабоғи Кӯҳӣ, Русия
Мясо на рынке, архивное фото

Ҷӯҷа ба ҷои гов: чӣ тавр манъсозии қирғизҳоро ба фоидаи тоҷикон бояд табдил дод?

56
(Таҷдидшуда 19:56 30.11.2020)
Қарори Бишкек барои манъи содироти чорво метавонад бо афзоиши нарх дар бозори гӯшти Тоҷикистон анҷомад, аммо аз ҷониби дигар барои рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Қирғизистон содироти чорво ба кишварҳои ҳамсоя, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд – ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, мамнӯъ кард.

Аз ҷумла содироти чорвои калони шохдор, бузу гӯсфанд, аспҳо, мурғҳои хонагӣ ва баъзе маҳсулоти дигар манъ гардид.

Ташаббускори ин иқдом, Вазорати кишоварзии Қирғизистон, тавзеҳ дод, ки модоме дар худи кишвар камбуди гӯшт ҷой дорад, содироти чорво мамнӯъ шуд.

“Имсол мо дар муқоиса бо соли гузашта 12 баробар бештар чорво содир кардем. Агар соли гузашта 718 сар чорвои калони шохдор ба хориҷ фурӯхтем, имсол он ба 8415 сар расидааст. Асосан ба хориҷ чорвои модина фурӯхта мешавад. Агар мо фурӯшро идома диҳем, аз оянда мемонем”, - изҳор дошт Тилек Токтогазиев.

Мақомоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки баъди ҷорӣ кардани чунин маҳдудият дар Қазоқистон, тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хариди чорво аз Қирғизистон оғоз карданд, ки дар натиҷа қочоқ аз ҳарду ҷониб афзоиш ёфт.

“Бисёри миёнаравҳо аз вазъият истифода бурда, сунъӣ нархро боло бурданд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи Хадамоти зиддиинҳисории Қирғизистон.

Ин тасмими мақомоти Қирғизистон зарба ба истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, чун афзоиши нархи гӯшту маҳсулоти ширӣ дар ин кишвар идома дорад ва оҳиста-оҳиста гӯшти гов қариб ба ғизои нодиру гарон – деликатес табдил ёфта истодааст.

Аммо дар худи Қирғизистон низ на ҳама аз ин маҳдудият хурсанданд. Чорводорон ва содироткунандагон бо як овоз изҳор медоранд, ки ин маҳдудият ҳеч мушкилеро ҳал намесозад ва танҳо бар зарари соҳибкорони маҳаллӣ мебошад.

Ленара Ниёзбекова, роҳбари Ассотсиатсияи содироту воридкунандагони "Кирғизленда", мегӯяд, маҳдудиятҳо камаш ним сол давом хоҳанд кард ва таъсири хубе ба гардиши мол бо ҳамсояҳо нахоҳанд дошт.

“Аз нуқтаи назари мантиқ, на сиёсат, ин албатта тасмими шитобзада буд. Мо кишвари кишоварзием ва фурӯши чорво аз омилҳои асосии иқтисод мебошад. Барои ин миёни чорводорон бархе эродҳо нисбати ин иқдом ҷой доранд, ки имкон намедиҳад Тоҷикистону Ӯзбекистон чорворо аз Қирғизистон харид намоянд ва дар натиҷа аз ҳарду ҷониб қочоқ афзоиш меёбад”, - изҳор дошт Ниёзбекова.

Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳо танҳо камбуди мол дар бозорҳои ҳамсояро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷа миёнаравҳо бо ҳадафи гирифтани даромади бештар масирҳои қочоқиро аз худ хоҳанд кард. Нақзи қонунҳо онҳоро наметарсонад, чун нафси гирифтани фоида боло мегирад ва аз қудратиҳо дар сарҳад метавонанд осон бо пардохти пора халос шаванд.

Дар баробари истеъмолкунандагони тоҷикистонӣ, аз маҳдудияти содироти чорво инчунин чорводорони наздисарҳадӣ зарар мебинанд, ки тиҷораташон дар заминаи додугирифт бо ҳамсояҳо роҳандозӣ шудаст.

“Агар Қирғизистон ба далели камбуди мол дар бозори худ, содиротро манъ кардааст, бармеояд, далелҳои ҷиддие вуҷуд доранд. Аммо аз нуқтаи назари таҷрибаи ҷаҳонӣ, ин нишонаи хуб нест ва хилофи талошҳои ҷаҳонӣ барои тиҷорати озод мебошад”, - таъкид кард доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ ноиби вазири хоҷагии қишлоқи Русия, Леонид Холод.

Ба гуфтаи ӯ, барои бисёри чорводорон фурӯши молашон ба хориҷи кишвар муфидтар аст, на дар дохил. Агар дар Тоҷикистон мардум аз камбуди гӯшт гила доранд, дар Қирғизистон норозигӣ аз мақомот аст, ки бидуни фароҳам кардани бозори алтернативӣ содироти чорворо мамнӯъ кардаанд.

Дар худи Тоҷикистон баъди маҳдудият дар навоҳии наздимарзӣ маҳсулоти ширию гӯштӣ боз гаронтар хоҳад шуд ва мардум барои гӯшти гов ҷойгузин ҷустуҷӯ хоҳанд кард.

“Ҳозир нархи як кило метавонад то 65-75 сомонӣ расад, ки ҳудуди 7 доллар мебошад. Ин хеле қимат аст ва ба наздикӣ мардум хариди гӯшти говро бас хоҳанд кард. Ҳукумат аз ин огоҳ аст ва мақомот бархе иқдом барои таъмини амнияти озуқавориро пешниҳод карданд. Яке аз стратегияҳо парвариши паранда мебошад, ки навъҳои дигари гӯштро иваз мекунад. Аз бахши соҳибкорӣ бештар даъват карда мешавад, корхонаҳои парандапарварӣ кушоянд, имтиёзҳо ваъда мекунанд”,  - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон коршинос, Тилав Расулзода.

Миёни чунин сабукиҳо аз ҷумла лағви боҷи гумрукӣ зимни воридоти хӯрока ва таҷҳизот мебошад.

Дар маҷмуъ азми иваз кардани як навъи гӯшт бо дигар, барои ҳалли масъалаи ғизо дар Тоҷикистон воқеӣ ва самаранок менамояд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области

“Парандапарварӣ воқеан тезтар аз истеҳсолоти дигари гӯштӣ рушд мекунад. Чунин тиҷорат сармоягузории нисбатан бузурги аввалияро талаб мекунад, аммо даври гардиши сармоягузорӣ дар қиёс бо парвариши чорвои калон ба маротиб кам мебошад. Чарогоҳ зарур нест, ин истеҳсолоти шакли саноатӣ мебошад, танҳо бино, ҷой барои ҷӯҷаҳо ва ғизо зарур аст”, - таъкид кард Леонид Холод.

Маврид ба қайд аст, ки солҳои охир дар пасманзари камбуду гаронии гӯшт мушкили сифати гӯшт низ пайдо шуд.

Аз ҷумла Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон, тобистони соли равон гуфт, ки тайи нимсолаи аввал аз гардиш ҳудуди 33,8 тонна гӯшти ғайристандартӣ гирифта ва нобуд карда шуд. Инчунин дар 500 гов бемории буғумдард ё худ брутселёз ошкор карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар Бишкек иқдоми Вазорати кишоварзӣ барои манъи содироти чорворо сахт интиқод карданд.

Вакили парлумон, Бейшенали Нурдинов мегӯяд, бо маҳдудиятҳо наметавон вазъи нархи гӯштро муътадил сохт. Ӯ бо он далел, ки чорво моли хоҷагидорон аст, на аз давлат, талаб кард, ки маҳдудиятҳо бекор карда шаванд.

“Оё аз чорвои модина метавонад ояндаи Қирғизистон вобаста бошад? Манъ кардан осон аст, аммо худатон як баста алаф намедиҳед. Ё шумо ба чорводорон сабукию имтиёзҳо медиҳед?”, - изҳор дошт ба ҷонибдорӣ аз вакил, ноиби парлумони Қирғизистон, Мирлан Боқиров.

56
Барчаспҳо:
воридоти гӯшт, гӯшти мурғ, гӯшт, нарх, содирот, манъ, қарор, гов, фоида, Қирғизистон, Тоҷикистон