Гузориш: беш аз 90% кӯдакони тоҷик ба таҳсил дастрасӣ надоранд

© Sputnik / Амир ИсаевДар соҳили дарёча. Акс аз бойгонӣ
Дар соҳили дарёча. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар гузориши таҳия кардаи эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ иттилоъоти мустақил дар заминаи ҳифзи манофеъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муъаррифӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Кумитаи СММ арзёбии дастовардҳои Тоҷикистон аз соли 2006 бад ин сӯ дар заминаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро анҷом медиҳад, омадааст дар баёнияи эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки итттилооти мустақил дар ин заминаро ба комитет ироъа мекунад.

Комитети СММ дар умури ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои муқаррароти марбутаро 24-25 феврал дар Женева баррасӣ карда дастовардҳои мақомоти тоҷик аз соли 2006 бад ин сӯ, ки гузориши ахир ироъа шуда буд, арзёбӣ мекунад.

Санаде, ки аз сӯйи эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносони мустақил таҳия шудааст иттилоъоти мустақил дар бораи вазъи феълии ҳимоят аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишварро дар бар мегирад ва аз вазъи занон, кӯдакон, хонаводаҳои фақир, муҳоҷирони корӣ, аққалиятҳои миллӣ, сокинони рустоӣ ва гурӯҳҳои дигари осебпазир изҳори нигаронӣ шудааст.

Дар гузориши созмонҳои ғайридавлатӣ зикр мешавад, ки новобаста аз коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон дар тӯли 15 соли ахир, беш аз 40% ҷамъияти кишвар ҳамчунон дар ҳолати фақр зиндагӣ мекунанд.

"Афзоиши ҷойи кор ба афзоиши аҳолӣ ва нерӯи кор мутобиқ нест, мизони воқеъии бекорӣ дар кишвар ҳудуди 25% аст, ҳарчанд омори расмӣ арқоми пойинтареро инъикос мекунанд. Дар бозори кор мизони шуғл дар арсаҳои ғайрирасмӣ афзоиш меёбад", — зикр шудааст дар гузориш.

© Sputnik / Амир Исаев"Арбакеш" (извозчик тележек на базаре) в ожидании клиента. Архивное фото
Арбакеш (извозчик тележек на базаре) в ожидании клиента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Арбакеш" (извозчик тележек на базаре) в ожидании клиента. Архивное фото

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол муқаррароти маоши ҳадди ақалро, ки мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ бошад, роҳандозӣ накардаанд ва гузашта аз ин қарзи доимии музди кор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондааст.

Мизони бештари кӯмакҳои иҷтимоӣ пойин рафта мушкилот дар дастрасии сокинон ба таъминоти иҷтимоӣ боқӣ мондаанд.
Ба унвони мисол, ба хонаводаҳое, ки дар шароити фақр қарор доранд, аз ҷумла бо фарзандони маълул, дар амал кӯмакҳои зарурӣ ироъа намешаванд.

Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчунин ба адами шароитҳои иқтисодӣ дар дохили кишвар таваҷҷӯҳро муттамаркиз карда изҳор доштаанд, ки аҳамияти муҳоҷирати корӣ, бавижа ба Русия, аҳамияти зиёд дорад, ки кишварро ба интиқоли маболиғи муҳоҷирон пойбанд мекунад.
Дар гузориши мустақил таъкид мешавад, ки кайфияти таҳсил дар ҷумҳурӣ ба далели камбуди китобҳои дарсӣ ва устодони ҳирфаӣ қаноъатманд нест.

"Вазъи мушкил дар мактабҳое бо забони аққалиятҳои миллӣ боқӣ мондааст, зеро миқдори онҳо дар солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Беш аз 90% кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дастрасӣ надоранд", — омадааст дар баёнияи эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ.

Дар миёни масоили дигар созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамчунин ба мушкили шиканҷаи хонаводагӣ, табъиз, шуғли занон, мизони пасти маош, тандурустӣ ва ғайра расидагӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0