“Ахлоқи ҷинсӣ” ба наврасони тоҷик таълим дода мешавад

© Flickr \ woodleywonderworksНа уроке полового воспитания. Архивное фото
На уроке полового воспитания. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар ризоияти парлумони Тоҷикистон, дарси ахлоқи ҷинсӣ ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо ворид мешавад. Намояндагони маҷлис мегӯянд, ҳадаф огоҳ кардани наврасон аз бемориҳои ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлҳои номатлуб аст.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 25 феврал ризоят доданд, ки дар мактабҳо ва маҳфилҳои алоҳида ба наврасони тоҷик дарси "ахлоқи ҷинсӣ" омӯзиш дода шавад "Радиои Озодӣ".

Ин пешниҳод аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми қабули иловаҳо ба қонун дар бораи "Солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" ироа шуд ва аз ҷониби вакилон қабул гардид. 

Насим Олимов, ноиби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоме ки дар парлумон баромад мекард, гуфт, "ба гирифтани таълимоти ахлоқи ҷинсӣ аҳамияти махсус бояд дода шавад, то аз ҳар гуна бемориҳои ҷинсӣ ва ҳамли номатлуб миёни наврасон ҷилавгирӣ шавад".

Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳат дар парлумони Тоҷикистон, гуфтааст, қонуни "Солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" ҳанӯз соли 2002 қабул шуда, ҳадафи ворид кардани тағйирот ба он "ҳимояи ҳуқуқи ҷавонону наврасон барои гирифтани хизматрасониҳои репродуктивӣ ва пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва бемориҳои ҷинсӣ мебошад".

"Барномаҳои мушаххас таҳия ва омода карда шаванд, то ба ҷавонон дарси ахлоқи ҷинсӣ омӯзонанд. Ин дарсҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дода шавад. Ҳамчунин, чорабиниҳо ташкил карда, бояд ба ҷавонон, махсусан ба онҳое, ки дар навоҳии дурдаст иқомат доранд, ин барномаро омӯзонанд. Зеро ҷавонони деҳот аз вуҷуди ин гуна барномаҳо хуб огоҳ нестанд. Дар шакли китоб ин гуна маълумот бояд ба ҷавонон сари вақт дастрас карда шаванд. Хусусан дар робита ба масъалаи алоқаи ҷинсӣ ё солимии репродуктивӣ", — афзудааст Хонов.

Инчунин, вакилони парлумон ба қонун дар бораи "Солимии репродуктивӣ" иловаеро ворид намуданд, ки он сиқти ҷанин ё "аборт"-ро танзим мекунад. Бар асоси ин тағйирот ҳамакнун "қатъи сунъии ҳомиладории интихобӣ вобаста ба ҷинси ҷанин" манъ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0