Аслиҳаи Каалашников. Акс аз бойгонӣ

Сарбози тирхӯрда қасди худкушӣ надоштааст

12
Наҷмиддин Қаюмов – як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки 20 рӯз қабл захмӣ шуда буд, мегӯяд, қасди худкушӣ надошт, балки аз беэҳтиётӣ тир ба манаҳаш бархӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Наҷмиддин Қаюмов, сарбози қисми ҳарбии "17 651"-и вазорати дифои Тоҷикистон 26 феврал бори нахуст сабаби захмӣ шуданашро шарҳ дода ва ба таври хаттӣ баён кардааст, ки қасди худкушӣ надошт, менависад "Радиои Озодӣ".

Қаюмов афзудааст, аз беэҳтиётӣ ва муомилаи нодуруст бо силоҳ, тир холӣ шуда, ба ӯ асобат кардааст.

Вай дар беморхонаи Қарияи боло дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ки агар қасди худкушӣ медошт, тирро ба сараш мезад, на зери манаҳаш.

Аз беэҳтиётӣ вақте, ки автоматро қабл аз ба "оружейник" гузоштан санҷиданӣ мешавад, ноогоҳ аз Калашников тир холӣ шуда, ба зери манаҳаш бармехӯрад, гуфтааст сарбози тирхӯрда дар суҳбат бо радио.

Сӯҳбат бо Наҷмиддин ба таври катбӣ сурат гирифтааст ва ӯ дар робита ба сабаби захмӣ шуданаш, аввал дасташ тарафи сараш бурда, бо ангушташ нишон додааст, ки "агар аз безорӣ худкушӣ мекардам, тирро ба сарам мезадам" ва дар идома навиштааст, "дар ҳар хабаре, ки аз қасди худкушии вай гап рафта бошад, хат зананд".

Пизишкони Наҷмиддин Қаюмов гуфтанд, ки садояш пайдо шудааст ва вақте талоши ҳарф задан мекунад, фақат овозаш шунида мешавад, вале бинобари захми забон, калимаҳо дуруст талаффуз намешаванд.

Насимҷон Қаюмов, падари Наҷмиддин гуфт, ки манаҳи поёниашро пизишкҳо табобат карданд ва дандон ҳам шинониданд ва писараш ҳоло бидуни найча (шлянг) аз ғизоҳо фақат шир метавонад истеъмол кунад.

Вай гуфт, ки бо анҷоми табобати манаҳу гулу ва дандонҳояш, аз Корпуси 4-уми бемористони Қаряи Боло то бегоҳи имрӯз писарашро дубора ба бемористони Вазорати дифоъ воқеъ дар маҳалаи 46-и пойтахт интиқол медиҳанд ва дар онҷо то пурра барқарор шудани саломатиаш, табобатро идома хоҳанд дод.

Падари Наҷмиддин гуфт, ки ҳоло омодагӣ дида истодаанд, ки муфаттишони додситони низомӣ барои пурсиши писараш ба беморхона биоянд. Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 10 феврал гуфта буданд, Додситонии низомӣ якҷоя бо муфаттишони ҳайатҳои ҳарбии Вазорати дифоъ, ба тафтиши ҳодисаи шурӯъ кардаанд.

Наҷмиддин Қаюмов, ки шаш моҳи пеш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста ва дар қисми ҳарбии 17651-и Вазорати дифоъ хидмат мекард, дар авоили моҳи ҷорӣ бо истифода аз автомати "Калашников" худро захмӣ карда буд.

12
Барчаспҳо:
беэҳтиётӣ, Каалашников, қасди худкушӣ, суҳбат, захмӣ, Қарияи боло, вазорати дифоъ, Наҷмиддин Қаюмов, Душанбе