Билл Гейтс аснои сафараш дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Forbes: Билл Гейтс боз ҳам сарватмандтарин шахс дар дунё эътироф шуд

74
(Таҷдидшуда 15:56 03.03.2015)
Билл Гейтс бо ҳамроҳии ҳамсараш фаъолиятҳои густурдаи хайриявӣ дар Амрико ва Африқо ҳам доранд. Гейтс ба унвони яке аз бунёдгузорони ширкати Майкрасофт тавонистааст дар тӯли 21 соли гузашта 16 бор сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон шавад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Билл Гейтс, яке аз бунёнгузорони ширкати Microsoft, миллиардери амрикоӣ дар соли 2015 барои дувумин бор пай дар пай  ба унвони сарватмандтарин шахси ҷаҳон муаррифӣ шуд, иттилоъ медиҳад маҷаллаи "Forbes".

"Билл Гейтс бо 79 миллиарду 200 миллион доллар сарвати холис, дар садри ҷадвали миллиардерҳои ҷаҳон қарор дорад. Сарвати вай дар муқоиса бо соли гузашта се миллиарду 200 миллион доллар бештар шудааст",- менависад Форбес.

Афзоиши сарвати бунёдгузори ширкати Майкрасофт дар ҳолест, ки ӯ моҳи ноябри соли гузашта якуним миллиард доллар саҳми ширкати худро ба бунёди хайриявии худ ва ҳамсараш тақдим карда буд.  Билл Гейтс бо ҳамроҳии ҳамсараш фаъолиятҳои густурдаи хайриявӣ дар Амрико ва Африқо ҳам доранд. Гейтс ба унвони яке аз бунёдгузорони ширкати Майкрасофт тавонистааст дар тӯли 21 соли гузашта 16 бор сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон шавад.

Ба гузориши "Форбес", дувумин шахси сарватманди ҷаҳон дар ҳоли ҳозир тоҷири мексикоӣ Карлос  Слим мебошад, ки сарвати холиси ӯ 77 миллиарду 100 миллион доллар мебошад. Слим дар соли 2013 ба унвони сарватмандтарин марди ҷаҳон шинохта шуда буд.

Баъд аз ӯ низ Варрен Буффет, тоҷир ва сармоягузори амрикоӣ қарор дорад, ки бо 72 миллиарду 200 миллион доллар дар зинаи севум қарор гирифтааст. Ӯ яке аз бузургтарин барандагони феҳристи имсоли "Форбес" ба шумор меравад, ки муваффақ шудааст, ки соли гузашта 14 миллиарду 500 миллион доллар аз саҳмияҳои ширкати худ фоида ба даст биорад.

"Форбес" эълон кардааст, ки дар феҳристи имсоли он 1824 миллиардер вуҷуд дорад. Соли гузашта дар ин феҳрист 1645 нафар қарор доштанд. Феҳристи имсол 29-умин феҳристи солонаи сарватмандтарин афроди ҷаҳон аст, ки нашрияи "Форбес" мунташир кардааст.

Нафари чаҳоруми ин феҳрист Амансио Ортега, тоҷири испониёӣ ва бунёдгузори гурӯҳи муд ва фурӯшгоҳи "Zara" мебошад. "Форбес" дороии ӯро 64 миллиарду 500 миллион доллар бароварда кардааст.

Марк Сукерберг, бунёдгузори шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ бо боло рафтани панҷ зина, ба мақоми шонздаҳуми ин феҳрист расидааст. Ин аввалин бор аст, ки ӯ дар феҳристи 20 сарватманди ҷаҳон қарор мегирад. Ҷак Ма, молики бозори онлайни "Али Бобо" ҳамроҳ бо сарватманди чинии дигар дар феҳристи 50 сарватманди аввали ҷаҳон қарор гирифтаанд.

Марк Цукерберг. Архивное фото
© AP / Paul Sakuma
Марк Сукерберг. Акс аз бойгонӣ

Афзоиши қимати доллар дар баробари евро ва ҳамчунин пастравии қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таъсири зиёде ба рутбабандии имсоли сарватмандони нашрияи "Форбес" доштааст.

74
Барчаспҳо:
маҷаллаи амрикоӣ, бой, миллиардер, сарватмандтарин шахси дунё, маҷаллаи “Forbes, ширкати Майкрасофт, Ҷак Ма, Марк Сукерберг, Варрен Буффет, Амансио Ортега, Карлос Слим, Билл Гейтс, Мексика, ИМА
День 29 октября

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

11
(Таҷдидшуда 20:28 28.10.2020)
Рӯзи 29 октябри соли 2019 рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна, рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад

Рӯзи 29 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.

День 28 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

Соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

День 27 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik / Амир Исаев
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кард.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
© Sputnik / Амир Исаев
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Махфират Хидирзода
© Sputnik Махпора Киромова
Махфират Хидирзода

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
  • Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
  • Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929-1993 нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

Соли 1950 Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.

Соли 1958 доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашуров.

Соли 1963 сароянда Раъно Абдуллоева.

11
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Русия пӯшидани ниқобу дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мешавад

115
Дар Русия, ки ҳамарӯза теъдоди зиёди мавориди олудашавии шаҳрвандон ба маризии коронавирус сабт мешавад, пӯшидани ниқобу дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Роспотребнадзор дар робита ба афзун шудани шумораи дардмандони нави коронавирус ва ҳамзамон зиёд шудани қурбониёни ин дард, аз шаҳрвандон талаб намуд, ки минбаъд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, нақлиёт, истгоҳу лифтҳо, дастпӯшу ниқоб пӯшанд.

"Дар робита бо паҳншавии глобалии сирояти нави коронавирусӣ бо мақсади кам кардани хавфҳои COVID-19 дар Федератсияи Русия ҳангоми афзоиши мавсимии бемориҳои шадиди вирусии респираторӣ ва зуком ... фармон медиҳам: шахсоне, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, дар ҷойҳои будубоши оммавии одамон, нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо, истгоҳҳо, лифтҳо бояд ҳатман дастпӯш ва ниқоби тиббӣ дошта бошанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, Роспотребнадзор ҳамаи минтақаҳои Русияро мувазаф намуд, ки ба 100 ҳазор аҳолӣ бояд на камтар аз 150 ташхиси коронавирус гузаронда шавад.

Таъкид мегардад, ки фармони Роспотребнадзор дар бораи тақвияти чораҳо алайҳи коронавирус аз 28 октябр эътибор пайдо мекунад.

115
Барчаспҳо:
маризӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон