Парчами Эрон. Акс аз бойгонӣ

Хабаргузории IRNA-и Эрон бахши иттилоотии русиро фаъол мекунад

10
Ба гуфти сарвари кулли департаменти иттилооти хориҷии хабаргузорӣ Муҳаммад Козими Ҷаъфарӣ, хадамоти русии хабаррасонӣ шашумин бахш бо забони хориҷӣ хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Сарвари кулли департаменти иттилооти хориҷии  Оҷонсии Иттилоотии Ҷумҳурии Исломӣ (IRNA) Муҳаммад Козими Ҷаъфарӣ дар мавриди роҳандозии бахши русизабони хабаргузорӣ иброз дошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Хадамоти русии хабаргузории IRNA шашумин бахши Оҷонсӣ аст, ки ба забони русӣ иттилоъ пахш хоҳад кард. Ба ҷузъ ин, хабаргузорӣ бо забонҳои англисӣ, испанӣ, арабӣ, туркӣ ва урду низ хабару гузориш нашр мекунадю Ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ бо забонҳои курдӣ, фаронсавӣ ва чиниву иврит (яҳудӣ) иттилоъ пахш мешавад",- афзуд оқои Ҷаъфарӣ.

Оҷонсии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон (IRNA) хабаргузории расмии давлатӣ маҳсуб ёфта, соли 1934 таъсис шудааст. Дар ҳоли ҳозир ин шабакаи хабарӣ дорои 60 бунгоҳи хабарнигорон дар дохили кишвар буда, дар 30 кишвари хориҷӣ намояндагӣ дорад.

10
Барчаспҳо:
бо забони русӣ, шабакаи хабарӣ, хабаргузории IRNA, Муҳаммад Козими Ҷаъфарӣ, Эрон

Дар Русия пӯшидани ниқобу дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мешавад

89
Дар Русия, ки ҳамарӯза теъдоди зиёди мавориди олудашавии шаҳрвандон ба маризии коронавирус сабт мешавад, пӯшидани ниқобу дастпӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Роспотребнадзор дар робита ба афзун шудани шумораи дардмандони нави коронавирус ва ҳамзамон зиёд шудани қурбониёни ин дард, аз шаҳрвандон талаб намуд, ки минбаъд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, нақлиёт, истгоҳу лифтҳо, дастпӯшу ниқоб пӯшанд.

"Дар робита бо паҳншавии глобалии сирояти нави коронавирусӣ бо мақсади кам кардани хавфҳои COVID-19 дар Федератсияи Русия ҳангоми афзоиши мавсимии бемориҳои шадиди вирусии респираторӣ ва зуком ... фармон медиҳам: шахсоне, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, дар ҷойҳои будубоши оммавии одамон, нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо, истгоҳҳо, лифтҳо бояд ҳатман дастпӯш ва ниқоби тиббӣ дошта бошанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, Роспотребнадзор ҳамаи минтақаҳои Русияро мувазаф намуд, ки ба 100 ҳазор аҳолӣ бояд на камтар аз 150 ташхиси коронавирус гузаронда шавад.

Таъкид мегардад, ки фармони Роспотребнадзор дар бораи тақвияти чораҳо алайҳи коронавирус аз 28 октябр эътибор пайдо мекунад.

89
Барчаспҳо:
маризӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

2852
(Таҷдидшуда 14:33 27.10.2020)
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмани кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфтӣ дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезонаи профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

2852
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

0
(Таҷдидшуда 19:54 27.10.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромад аз ҳисоби чӣ?

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои кадом соҳа чанд сомонӣ?

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.

Дар ҷаласаи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурдааст.

Ӯ назди масъулин барои иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаҳо гузоштааст.

0
Барчаспҳо:
давлатӣ, буҷа, даромад, Тоҷикистон