Десантҳо дар соҳили дарё. Акс аз бойгонӣ

Ҷанги Бузурги Ватанӣ: вақте аз таърих сабақ намегиранд

57
(Таҷдидшуда 14:13 26.03.2015)
Бисту шашуми марти соли 1944 дар доираи амалиёти Уманско-Ботошанский (5 март- 17 апрели соли 1944) неруҳои низомии шӯравӣ дар ҳайати Ҷабҳаи 2-юми Украина таҳти фармондеҳии маршал Иван Конев барои нахустин бор ба сарҳади ИҶШС (СССР) ба марзи дарёи Пруд, қисмати ғарбии шаҳри Белтса баромаданд.

"Ҷабҳаи 2-юми Украина ҳамлаи барқосои худро идома дода, чанд рӯз қабл дарёи Днестрро дар масири 175 километр убур карда, шаҳр ва нуқтаи муҳими роҳи оҳани Белтсаро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Амалиётро идома дода, нерӯҳои шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ дар соҳили рӯдхонаи Пруд дар масоҳати 85 километрии он расиданд",- эълом дошт ровии радиои умумиитифоқӣ Юрий Левитан.

Маскав ин пирӯзиро бо паррондани бисту чаҳор тир аз сесаду бист навъи аслиҳа истиқбол кард.

…Имрӯз, баъди 71 соли он воқеъаҳо шояд бобоҳои мо ба гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонистанд, ки рӯзе мерасаду таърихи умумии моро касе таҳриф карданӣ мешавад.

Он вақт барои ба даст омадани нахустин Пирӯзии бузург дар амалиёти Уманско-Ботошанский 66 ҳазор иштирокчиёни он аз Ҷабҳаи дуввуми Украина ҷони худро нисор карданд. Дар ин амалиёт тоҷик, рус ва украинӣ набуд, зимни он намояндагони ҳамаи қавму миллатҳои ИҶШС ширкат доштанд.

Дар озодкунии конслагер (зиндони махсус)-и Аушвитс-Биркенау дар Освенсиум низ артиши шӯравӣ саҳми бориз дошт. Аскарони гуногунмиллат: арманӣ, гурҷӣ, ӯзбак, рус, тотор ва дигарон дар раҳоии маҳбусини конслагери мазкур ширкат варзиданд. Аммо бархе аз тангназарон, аз қабили Гжегож Схетина, вазири умури хориҷаи Лаҳистон ҳамаи инро нодида гирифта, чанде қабл гуфт, асосан Освенсиум аз ҷониби украиниҳо озод шуд.

Ба қавли ӯ, артише, ки Освенсиюмро озод кард, аз украиниҳо (гуйё бештар аз 51%-и аскарон украинӣ буда бошанд) иборат буд ва он Ҷабҳаи аввали Украина маҳсуб меёфт. Ин изҳорот сарусадои манфиеро дар кишварҳои пасошӯравӣ ва Ғарб ба думбол дошт.

Ҳамзамон, бар пояи иттилоъи сиррии вазорати мудофиаи ФР дар ҳайати артиши 60-уми Ҷабҳаи 1-уми Украина намояндагони 39 халқу миллат меҷангиданд.

Аввали соли равон бошад, Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина аснои боздидаш аз Берлин гуфт, соли 1941 маҳз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмон ва Украина ҳуҷум кард.

Мо ҳамлаи ИҶШС ба Украина ва Олмонро хуб дар ёд дорем. Мо набояд дигар ба ин роҳ бидиҳем. Ҳеч кас ҳуқуқи дигар кардани натиҷаҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонро надорад, тавре ки президенти Русия мекунад, гуфт он вақт нахуствазири Украина.

Моҳи августи соли гузашта ВАО-и Украина хабар дод, ки Киев тасмими бознигарии ҳаводиси марбут ба солҳои 1941-45-ро дорад ва дар китобҳои таълимӣ ба ҷойи ибораи "Ҷанги Бузурги Ватанӣ" мафҳуми "Ҷанги дуввум"-ро ворид карданист.

…Рӯзи 26 марти соли 1944 дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) барои миллионҳо нафар эътимодро ба вуҷуд овард, мисли як рӯзи боварӣ.Ва имрӯз ҳам ин сана барои мо муҳим аст, мисли 70 сол қабл.

57
Барчаспҳо:
39 халқу миллат, сабақи таърих, 70 соли Ғалаба, таҳрифи таърих, пирӯзӣ, ҷанг, лагери Освенсиум, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҶБВ, нахуствазири Лаҳистон, нахуствазири Украина, Гжегож Схетина, Иван Конев, Арсений Ятсенюк, Белтса, Днестр, Киев, Украина, Русия