Собиқадорони ҷанг дар назди оташи абадӣ дар Боғи Ғалаба. Акс аз бойгонӣ

"Эстафетаи хотира" ба Душанбе омад

10
(Таҷдидшуда 16:02 30.03.2015)
Ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар солҳои 1941-45 дар шаҳри Душанбе “Эстафетаи хотира” баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 30 ва 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Эстафетаи Хотира» доир мегардад, менависад сомонаи маъмурияти пойтахт.  

30-юми март барои ширкат дар эстафета як ҳайат аз Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои ИДМ таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жексенбай Дуйсебаев ба шаҳри Душанбе омадаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар доираи ин маърака чорабиниҳо дар Боғи Ғалаба роҳандозӣ шуда, дар интиҳо шӯълаи оташи фурӯзони ҷовидон аз Комплекси мемориалии "Ғалаба" дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Маскав гирифта мешавад,  ҳамзамон дар шаҳри Душанбе аксияи "Амвоҷи сабз" низ дар майдони "Ғалаба" доир мешавад.

10
Барчаспҳо:
ҶБВ, эстафета дар Душанбе, 70-солагии Ғалаба, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Жексенбай Дуйсебаев, Маскав, Тоҷикистон, Душанбе
Таджикская милиция объясняет душанбинцам как вести себя во время самоизаляции

Масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб: корҳои фаҳмондадиҳии милисаҳо дар Душанбе

51
(Таҷдидшуда 13:00 01.06.2020)
Милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи масофаи иҷтимоӣ, ниқоби тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нозирони минтақавии минлитсия пойтахт дар  минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дукону мағозаҳои ҳуроки умум ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани Қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.

"Дар ҷараёни ин чорабиниҳои профилактикӣ мушоҳида гардидаааст, ки дар баъзе аз боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон ба одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд", - омадааст дар хбаранома.

Гуфта мешавад, ки ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро мебояд ин қоидаҳои пешбинишударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқт бо шаҳрвандон иброз доштанд, дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагонро мебояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарфӣ ва бемасъулиятиро канор гузорем, зеро саломатӣ ин неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як нафар вобастагии калон дорад.

"Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад".

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд.

Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

51
Барчаспҳо:
вируси нав, қоидавайронкунӣ, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

ВУХ Тоҷикистон: давоми 11 рӯз 680 тоҷикистонӣ ва 58 тобут аз Русия ба ватан интиқол ёфт

644
(Таҷдидшуда 15:59 31.05.2020)
Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалиния" боз 49 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Федератсияи Русия ба ватан интиқол дод

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ширкати "Уралские авиалиния" шаби 29 ба  30 - юми  май парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ин ширкат 49 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе интиқо дод.

Гузашта аз ин, 13 тобути шаҳрвандони кишвар низ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сар аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз марказҳои нигаҳдории муваққатии ин кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус ба Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

644
Барчаспҳо:
Русия, шаҳрвандони тоҷик, интиқол, ВУХ ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

0
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз беморхона баромада ва ба ноҳияи Рӯшон сафар кард
0
Барчаспҳо:
вазъият, сафар, Рӯшон