Сарбозони Артиши Тоҷикистон дар тамриноти таълимӣ. Акс аз бойгонӣ

Оғози даъвати баҳории хидмати низомӣ дар Тоҷикистон

17
Дувоздаҳуми март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳории наваскарон ва ба мураххасӣ ҷавоб додани сарбозонеро, ки давраи хидматии ҳатмиро сипарӣ кардаанд, ба имзо расонд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Даъвати баҳории шаҳрвандони соли таваллудашон 1988-1997 ба сафи Артиши миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 апрел оғоз гардид, менависад оҷонсии Авеста.

Фармони президент дар мавриди ба мураххасӣ ҷавоб додани аскарони давраи хидматашонро адонамуда ва даъвати наваскарон 12 март ба имзо расида буд.

Бар пояи ин фармон ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.

Дар ин фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки "Вазорати дифои Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шаванд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва умури дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

Тибқи фармони президент онҳое, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2015 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб хоҳанд шуд.

17
Барчаспҳо:
Артиши Тоҷикистон, даъвати баҳории наваскарон ба артиш, хидмати ҳатмии низомӣ, даъват, Қувваҳои мусаллаҳ, комиссариатҳои низомӣ, вазорати мудофиа, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Президент ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват кард
Ҳуқуқдонҳо: ислоҳи қонуни даъват ба артиш "облава"-ро қонунӣ мекунад
Рӯзи артиш дар Душанбе чанд рӯз таҷлил мегардад
Такси в Душанбе

Ҷаримабандии ронандаи ширкати "Olu4a Taxi": ҷавондухтари велоспедронро таҳқир кард

691
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷаримандӣ шудани ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" хабар медиҳад, ки ҷавондухтари велосипедронро мавриди таҳқир қарор додааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси шикояти як ҷавондухтар ронандаи ширкати "Olu4a Taxi" - ро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, духтар бо ирсол намудани  расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз кормандони милитсия хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

"Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

Зимнан, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Нисбати Самадов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид.

Суд дар нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд.

691
Барчаспҳо:
такси, ронанда, ҷарима
Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат барои пардохти кумакпулиҳо ба мардум: киҳо ва чанд сомонӣ мегиранд?

4863
(Таҷдидшуда 17:27 27.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ карда, барои иҷрои он дастур додааст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи тартиботи нав, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба камбизоатон аз буҷаи давлат дар ҳаҷми 116 сомонӣ ҳар чормоҳа, дар маҷмуъ соле 464 сомонӣ пардохт мегарданд.

Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, 14 май имзо кардааст, кумакпулиҳо ба бархе шаҳру навоҳӣ аз 1 июл пардохта мешаванд.

Таъйину пардохти кумакпулиҳо аз 1 июл барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар навоҳии Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Кумакпулиҳо барои камбизоатон инчунин дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ – Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода таъйину пардохт мешаванд.

Дар қарор инчунин омадааст, ки аз 1 июл кумакпулиҳо барои камбизоатон дар навоҳии Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ пардохт мегарданд.

Бар асоси тартиби муқарраршуда, барои дастрас кардани пардохту кумакпулиҳои иҷтимоӣ афроду оилаҳои камбизоат бояд дар мақомоти маҳаллии ҷои истиқоматашон ба қайд гирифта шаванд.

4863
Барчаспҳо:
камбизоат, кумакпулӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

0
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

0
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон