Ҳукумати шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Муовини райиси шаҳри Душанбе аз вазифа барканор гардид

47
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар дастгоҳи ҳукумати шаҳр ва идораҳои он тағйироти кадрӣ гузарондааст.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта Ҷамшед Мансуров аз вазифаи муовини раиси шаҳр барканор шуда, ба мансаби сардори Муассисаи давлатии "Равшании Душанбешаҳр" таъин гардид, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Ба иттилоъи манбаъ, Низомуддин Холматов, ки то ин муддат дар вазифаи сардори "Равшании Душанбешаҳр" кор мекард, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ"-и шаҳри Душанбе таъин шуд.

Ҳамчунин, Буриев Фозил Сайдалиевич — мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии  дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва Нуриддин Қурбонов, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз" бинобар сабаби ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино таъин гардиданаш, аз мақомҳояшон сабукдӯш гардиданд. карда шудаанд.

Зимнан, Мамадорифов Мамадназар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе" озод ва ба ин симат Абдулхайр Алиев таъин гардид.

47
Барчаспҳо:
барканории муовини раиси шаҳри Душанбе, таъин, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе", Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз, Корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ, Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешаҳр, ҳукумати шаҳри Душанбе, Буриев Фозил Сайдалиевич, Ҷамшед Мансуров, Мамадорифов Мамадназар, Низомуддин Холматов, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон
Гололедица , архивное фото

Ҳушдори КҲФ ба ронандаҳо: то 27 ноябр яхбандӣ ва тармафароӣ мешавад

186
(Таҷдидшуда 19:16 24.11.2020)
Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз яхбандӣ дар роҳҳои мошингард ва ҳамзамон тармафароӣ ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди "Душанбе — Чанок", "Душанбе — Ваҳдат — Лахш", "Душанбе — Рашт", "Душанбе — Сангвор", "Душанбе — Кӯлоб", "Шоҳин — Дарвоз", "Ванҷ- Хоруғ", "Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб" эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.

КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд", - шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

186
Барчаспҳо:
тармафароӣ, ҳушдор аз яхбандӣ, яхбандӣ, ҳушдор
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

"Уралские авиалинии" низ аз се шаҳри Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

396
(Таҷдидшуда 13:47 24.11.2020)
Ширкати "Уралские авиалиние" низ иҷозати анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба манотиқи гуногуни Русияро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкати ҳавопаймоии дигари русӣ иҷозати анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия фароҳам овард.

Бар хабари сафорати Русия дар Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" ҳамакнун ҳафате панҷ маротиба парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русияро анҷом медиҳад.

Маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ барои ташкили парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои гуногуни Русия иҷозат гирифтааст.

Ҳамин тавр, парвозҳо дар самтҳои зерин сурат мегиранд:

  • Душанбе - Жуковский, парвоз рӯзи якшанбе;
  • Душанбе -Қазон рӯзи душанбе;
  • Душанбе - Красноярск рӯзи душанбе;
  • Душанбе - Самара рӯзи сешанбе;
  • Душанбе - Санкт-Петербург рӯзи сешанбе;
  • Душанбе - Уфа рӯзи душанбе;
  • Хуҷанд - Жуковский рӯзи душанбе;
  • Хуҷанд - Красноярск  рӯзҳои душанбе;
  • Хуҷанд - Самара рӯзҳои якшанбе;
  • Хуҷанд - Санкт-Петербург дар рӯзҳои ҷумъа;
  • Кӯлоб - Маскав рӯзи шанбе.
"Арзиши чиптаи парвозро намояндагии ширкати мазкур дар Тоҷикистон муайян мекунад".

Манбаъ меафзояд, ҳамаи ин парвозҳо барои интиқол додани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли равон барои ворид шудан ба Русия асос доранд.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, танҳо бо пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ дар мавриди олудаи коронавирус набудан, ба ҳавопаймо роҳ дода мешаванд.

Таъкид мегардад, ки ин маълумотнома бояд се рӯз қабл аз сафар гирифта шавад.

396
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, парвоз, Уралские авиалинии

Низомиёни тоҷику рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон "террористон" - ро маҳв карданд - навор

0
(Таҷдидшуда 19:19 24.11.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, террористони шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамрингоҳи Лоҳур як тамрини навбатӣ баргузор карданд.

Дар ҷараёни тамрин, онҳо маҳви террористҳои шартиро дар шароити кӯҳистон нишон доданд.
Задухӯрд пас аз рахна шудани марзи давлатӣ аз ҷониби террористон оғоз ёфт.

Дар ин асно, экипажи ҳавопаймои бесарнишин бо миномётҳо ва мошинҳои зиреҳпӯш якчанд сутунҳои душманро пайдо карда, фавран макони ҷойгиршавии онҳоро ба пости фармон интиқол дод.

Шойгу ба низомиёни Тоҷикистон медал тақдим кард

Дар видео маълум аст, ки душман тавасути "Гвоздика" ва чархболҳои Ми-24  иҳота гардида, ҳамин тариқ гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шикаст дода шуданд.

Ёдовар мешавем, дар тамринҳои муштарак беш аз 3 ҳазор низомии Русия ва беш аз 550 адад силоҳу таҷҳизот ба кор бурда шуд.

Аз ҷумла, аз БМП-2М, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, БТР-80, системаҳои артиллерии "Град", "Ураган", гаубитсаи худгарди "Гвоздика" ва "Акатсия" истифода бурда шуд.

0
Барчаспҳо:
навор, маҳв, террористон, рус, тоҷик, низомиён