Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Шукурҷон Зуҳуров ба оилаи қурбониёни Файзобод изҳори ҳамдардӣ кард

10
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 8 апрел ба хонаводаи қурбониёне, ки 3 апрели дар Файзобод зери хок монданд, изҳори ҳамдардӣ ва таслият кардааст.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар оғози ҷаласаи 8 апрел аз ҳодисаи зери ярч мондани 10 тан аз сокинони рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод ёд оварда, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Ҷаноби Зуҳуров гуфт, баъди ин ҳодиса аввалин шуда, вакили Маҷлиси намояндагон — Хайрулло Асозода аз маҳалли ҳодиса дидан кард. Ҷаноби Асозода аз ҳавзаи якмандатии Файзобод ба парлумон роҳ ёфтааст.

"Аз номи худ ва ҳамаи вакилон ба ҳамдеҳагону наздикони қурбониён изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳам", — гуфтааст Зуҳуров.

3 апрел дар пайи лағжиши як теппа дар рустои Яккабеди ҷамоати Меҳробод 10 нафар зери хок монданд. То имрӯз танҳо ҷасади се тани онҳо ёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои 7 нафари дигар идома дорад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи 8 апрели парлумон 9 масъала ба баррасӣ гирифта шуд.

Аз ҷумла қарор аст, лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун "Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2015", лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон "Дар бораи интихоб намудани ҳайати комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон", Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Эрон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният мавриди баррасии вакилони палатаи поёнии парлумон қарор мегирад, навиштааст оҷонсӣ.

10
Барчаспҳо:
зери хок, 10 нафар, қурбониён, таслият, ҳамдардӣ, ҷаласа, Парулумони Тоҷикистон, Хайрулло Асозода, Шукурҷон Зуҳуров, Яккабед, Файзобод, Тоҷикистон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Қарори Ҳукумат: "лимит"-и нав дар теъдоди тими Рустами Эмомалӣ

7367
(Таҷдидшуда 15:50 23.02.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ дар ҳукумати Душанберо 213 нафар муқаррар намуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, теъдоди кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе зиёдтар шуда, 89 нафар муқаррар гардид. Қаблан чунин тағйирот дар дастгоҳи раисони шаҳру навоҳии дигар низ сурат гирифта буд.

Бештар шудани шумораи ниҳоии кормандон дар шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки соли гузашта на ҳамаи бастҳои корӣ банд буданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, зимни гузориш ба вакилон дар бораи фаъолияти як соли охир иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ дар мақомоти шаҳрдорӣ тайи давраи ҳисоботӣ 195 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доштанд.

“Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занҳо - 26,7фоиз ва 143 нафарро мардон - 73,3фоиз ташкил медиҳанд”, - изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.

Нимаи моҳи равон шаҳрдории Душанбе барои ҷалби кормандони нав озмун эълон кард, ки маош аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳоди довталабон гардидааст, ки бахшҳои гуногуни фаъолияти шаҳрдорӣ, аз сармоягузорӣ то ҳуқуқу кор бо ҷомеаро фаро мегиранд.

7367
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, кормандон, Тоҷикистон
Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд

Ҳабси 57 ва кофтукоби 100 фарзандгурез дар Суғд: алимент намесупоранд

1164
(Таҷдидшуда 15:28 22.02.2021)
Масъулони раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд мегӯянд, нисбати онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ карданд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, гуфт бинобар сари вақт пардохт накардани маблағи алимент ва иҷро накардани ӯҳдадории қарзии худ дар назди фарзандон 57 алиментсупоранда аз озодӣ маҳрум шуданд.

Иброҳимзода гуфт, 184 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ва ё ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд.

“Тибқи қонун, падар ё модаре, ки дидаву дониста аз пардохти алимент ба фарзанди худ саркашӣ мекунад, нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад”,  - таъкид намуд Иброҳимзода.

Муовини сардори Раёсати иҷро дар Суғд гуфт, бо вуҷуди муқаррароти қонун баъзе алиментсупорандаҳо саривақт ба суд ҳозир нашуданд ва ҳоло нисбати 100 нафар  кофтукоби ҷиноӣ эълон шудааст.

Бино ба иттилои Иброҳимзода, аз соли 2020 ба ин тараф дар назорати кормандони Раёсати иҷро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар умум 21 ҳазору 791 адад истеҳсолоти иҷрои судӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент мавриди иҷроиши давравӣ қарор доранд.

Соли гузашта бар тибқи 108 адад ҳуҷҷати иҷро, барои рӯёнидани алимент 33 муҳосиботи ҷойи кори қарздорон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Дар соли 2019, барои насупоридани алимент 65 нафар ҳабс шуда, нисбати 120 қарздори дигар чораи сафарбар намудан ба корҳои ислоҳӣ татбиқ шуда буд.

Соли 2018 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд ва бар асоси он минбаъд нисбати волидоне, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекунанд, тибқи моддаи 177  корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо таъин карда мешавад.

1164
Барчаспҳо:
пардохт, фарзанд, Тоҷикистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0