Маҳдудият дар фаъолияти бозори “Шоҳмансур”

© Sputnik / Амир ИсаевБозори "Шоҳмансур". Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манзур аз ин тасмими шаҳрдорӣ аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт бе танбашавӣ дар роҳҳои мошингузари назди бозор мебошад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 1 майи соли равон фурӯши бархе маҳсулотро дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт ихтисор намояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Аммо шаҳрдорӣ нагуфтааст, ки дақиқан фурӯши кадом навъи маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур" ихтисор мешавад.

Шаҳрдорӣ ин тасмими худро аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт бе танбашавӣ дар роҳҳои мошингузари назди бозор унвон кардааст.

Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки рӯзи 20 апрел доир шуд, зикр гардид, ки бо назардошти ихтисори фурӯши бархе аз молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур" соҳибкорон имкон доранд фаъолияти худро дар маҷмааи савдои "Пойтахт-90", ки моҳи сентябри соли 2014 дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли  кишвар ба истифода дода шуд, ба роҳ монанд.

Маҷмааи савдои "Пойтахт 90" бо харҷи даҳҳо миллион доллар бунёд шудааст. Ин маҷмаа дар ибтидо барои савдогарони бозори "Баракат", ки ҷояшро барои сохтмони Театри миллии Тоҷикистон холӣ кард, бунёд шуда буд. Аммо ба далели дар канори шаҳр ҷойгир будани маҷмаа ва каммуштарӣ будани он, савдогарон ба зудӣ тарки фаъолият карданд.

Эҳтимол шаҳрдорӣ мехоҳад бо интиқол додани қисме аз маҳсулоти бозори "Шоҳмансур" ба маҷмааи навсохт, дубора тиҷоратро дар он макон ҷоннок намояд.

© Sputnik / Амир ИсаевМаҷмааи савдои "Пойтахт 90". Акс аз бойгонӣ
Торговый комплекс Пойтахт 90. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҷмааи савдои "Пойтахт 90". Акс аз бойгонӣ

 

Лентаи хабарҳо
0