Сегоникҳо. Акс аз бойгонӣ

Як модар дар Душанбе сегоник таваллуд кард

23
Ин сегоникҳо ҳар се духтар буда, ба таъйиди падари онҳо, феълан ҳам сиҳатии модар ва ҳам кӯдакон муътадил аст.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Нозанин Муҳаммадӣ, модари 24 сола дар Душанбе сегоник таваллуд намудааст, ки ҳар сеяшон духтар мебошанд, менависад хабаргузории "Озодагон".

Дар ин бора ба хабаргузорӣ Амирҷон Сафаров, падари сегоникҳо хабар додааст. Падари тифлакон афзудааст, духтарҳояш 1-уми май дар таваллудхонаи маъруф ба "Якум Советский" ба дунё омадаанд.

"Ду духтарчаам 2 кило ва як нафараш 1 килою 900 грам вазн доранд", — хабар додааст Сафаров.

Падари сегоникҳо гуфтааст, феълан вазъи саломатии духтарҳо ва ҳамсараш хуб аст. Ба суоли хабаргузорӣ дар мавриди вазъи иҷтимоии хонаводааш, Сафаров посух додааст, зодаи ноҳияи Фархор аст ва дар Душанбе иҷоранишин буда, аз ҳисоби фурӯши моли тоҷирони дигар зиндагиашро пеш мебарад.

Дар гузашта дар шаҳри Душанбе модаре якбора 3 тифл ба дунё овард ва аз ҷониби мақомоти кишвар ба ҳайси тӯҳфа соҳиби як хонаи дуҳуҷраӣ шуд.

23
Барчаспҳо:
таваллудхона, фарзанд, сегоник, таваллуд, "Якум Советский", Амирҷон Сафаров, Нозанин Муҳаммадӣ, Душанбе
Помощь Эмомали Рахмона для врачей ГБАО

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

15
(Таҷдидшуда 14:08 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки озуқаворӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи табибони ВМКБ кумак кард, хабар медиҳад мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят.

Бино ба иттилои манбаъ, кумаки навбатии президент, барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ COVID - 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.

"Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид", - омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳам президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 тонна кумаки иборат аз доруворӣ, либосҳои фардии муҳофизатӣ барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ кумак карда буд.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ВМКБ: 45 мошин маводи ғизоию тиббӣ фиристод

15
Барчаспҳо:
пизишкон, кумак, Эмомалӣ Раҳмон, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Таджикская милиция объясняет душанбинцам как вести себя во время самоизаляции

Масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб: корҳои фаҳмондадиҳии милисаҳо дар Душанбе

61
(Таҷдидшуда 13:00 01.06.2020)
Милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи масофаи иҷтимоӣ, ниқоби тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нозирони минтақавии минлитсия пойтахт дар  минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дукону мағозаҳои ҳуроки умум ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани Қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.

"Дар ҷараёни ин чорабиниҳои профилактикӣ мушоҳида гардидаааст, ки дар баъзе аз боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон ба одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд", - омадааст дар хбаранома.

Гуфта мешавад, ки ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро мебояд ин қоидаҳои пешбинишударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқт бо шаҳрвандон иброз доштанд, дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагонро мебояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарфӣ ва бемасъулиятиро канор гузорем, зеро саломатӣ ин неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як нафар вобастагии калон дорад.

"Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад".

Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд.

Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.

61
Барчаспҳо:
вируси нав, қоидавайронкунӣ, Душанбе
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон