Атбоъи зиндонии тоҷик аз Чин ба ватан истирдод мешаванд

© Sputnik / Владимир ПесняЗиндонӣ. Акс аз бойгонӣ
Зиндонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Порлумони Тоҷикистон қарордод бо Чин дар бораи табодули афроди зиндониро тасвиб кард ва ҳамакнун атбоъи ду кишвар, ки тибқи ҳукми додгоҳ дар зиндон адои ҷазои мекунанд, метавонанд дар ватан идомаи ҷазоро адо кунанд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин бо ҳамдигар табодули зиндониён мекунанд. Чунин қарордоди миёни ду кишварро рӯзи чаҳоршанбе порлумони Тоҷикистон тасвиб кард, менависад хабаргузории "Озодагон".

Зимни муъаррифии ин санад дар Маҷлиси намояндагон, додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон хабар дод, ки феълан дар зиндонҳои Чин 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 7 зан, адои ҷазо мекунанд.

"Чаҳор нафар аз онҳо бо шумули як нафар зан ба эъдом маҳкум шудаанд ва панҷ нафар ба ҳукми абад", — зикр кард вай.

Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони ба эъдом маҳкумшуда ҳанӯз зинда ҳастанд ва дар сурати истирдоди онҳо ба ватан ҳукми онҳо тибқи қавонини Тоҷикистон иваз мешавад: ё ҳукми абад ва ё ҳукми дигар мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳукми эъдом мамнуъ шудааст.

Додситони кулл таъкид кард, ки тибқи муқаррароти қарордод махориҷи истирдоди маҳкумшудагон ба Тоҷикистонро пайвандонашон пардохт мекунанд.

Раҳмон ҳамчунин хабар дод, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон се шаҳрванди Чин адои ҷазо мекунанд ва онҳо ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир, таҷовуз ва қаллобӣ муҷозот шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи додситони кулл, феълан дар зиндонҳои Русия 7,7 ҳазор нафар атбоъи тоҷик адои ҷазо мекунанд.

"Ҳарчанд миёни Душанбе ва Москав қарордоди табодули зиндониён вуҷуд дорад, аммо Тоҷикистон шароити бозпас гирифтани куллияи шаҳрвандони худ, ки дар зиндонҳои Русия адо ҷазо мекунанд, надорад", — гуфт Раҳмон ва тавзеъ дод, ки ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон 50-100 зиндонӣ истирдод мешаванд.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0