Ҳаҷ. Акс аз бойгонӣ

Ҷавоб ба суоли “чаро нархи ҳаҷҷи мо гаронтар аст?”

39
(Таҷдидшуда 15:09 22.05.2015)
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ сабабҳои гаронии харҷи сафари зоирони тоҷик дар муқоиса ба зоирони қирғиз ба зиёрати Каъбаро шарҳ додааст.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Арзиши сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон ба хотири он гаронтар аст, ки ба ҳоҷиёни тоҷик шароит беҳтар дастрас мешавад, навишаанд масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар сомонаи ин ниҳод.

Номаи Кумитаи дин:

"…Чанде пеш торнамои Радиои Озодӣ бо нашри гузорише зери унвони "Нархи имсолаи сафари ҳаҷ чӣ қадар аст?" масоили нархгузорӣ барои адои маносики ҳаҷ дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуд.

Дар гузориши "Озодӣ" омадааст, ки қимати имсолаи сафари ҳаҷ барои зоирони Қирғизистон 2550 долларро ташкил медиҳад ва он нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтарин маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки нархи хизматрасониҳои сафари Хонаи Худо барои зоирони тоҷик дар соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92 дирам буд ва ин маблағ чиптаи ҳавопаймо, сукунат дар меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се бор хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраро дар бар мегирифт.

Аммо хабарнигорон бештар чунин суолро пеш мегузоранд, ки чаро нархи сафари ҳаҷ дар ҳамсоякишвари Қирғизистон нисбат ба мо ба таври чашмрас арзонтар аст?

Аслан, бори аввал нест, ки ҷониби Қирғизистон зоирони худро бо нархи нисбатан арзон дар минтақа ба Арабистони Саудӣ сафарбар менамояд. Дар солҳои қаблӣ, аз ҷумла, соли 2012 ва чанд соли пеш аз он низ нархи сафари ҳаҷ дар ин кишвар миёни давлатҳои ҳамҷавор арзонтарин маҳсуб мешуд. Зеро дар он сол масалан, агар ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанд ва дар масофаи аз 10 то 15 километр дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 килорметр аз Ҳарам иқомат менамуданд ва ин раванд идома дорад. Яъне, зоирини Қирғизистон аз пардохти ҳаққи меҳмонхона озод буданд.

Агар ҳоҷиёни қирғиз на аз ҳисоби маблағи умумии пардохтнамудаашон, балки иловатан аз ҳисоби худ қурбониро анҷом диҳанд, адои қурбонии ҳоҷиёни тоҷик ба воситаи Бонки Исломии Рушд аз ҳисоби маблағи умумӣ сурат мегирад.

Нархи чиптаи ҳавопаймои Қирғизистон низ аз сабаби арзонтар будани қимати сӯзишворӣ дар ин кишвар ҳамасола нисбат ба ҷониби мо то 250 доллар арзонтар мебошад. Дар ҳоле ки тибқи иттилои Идораи Мусулмонҳои Қирғизистон дар мавсими ҳаҷ аз ҳар як ҳоҷӣ 130 доллар ба фоидаи ин ниҳод ҳамчун хайрия ситонида мешавад, ниҳоди танзимкунандаи сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон ба фоидаи худ аз зоирон маблағе намегирад.

Инчунин, баъзе аз хизматрасониҳо, аз қабили суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ, таъмини либосу ҷузвдон ва амсоли он ки зоирини тоҷик ҳамасола аз он бархӯрдор мешаванд, дар номгӯи хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Идораи мусулмонҳои Қирғизистон наомадааст.

Илова бар ин, зоирини тоҷик се моҳ пеш аз сафари Хонаи Худо бо барномаи махсуси омӯзише фаро гирифта мешаванд, ки дар он аҳкоми шаръии ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад.

Аз ин лиҳоз, нархи хизматрасониҳо вобаста ба сатҳ ва сифати он аз ҳам фарқ мекунад. Яъне, азбаски хизматрасониҳои ҳоҷиёни тоҷик дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд, табиист, ки он ба нархи умумии сафари Хонаи Худо таъсир мегузорад.

Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки агар ҷониби Қирғизистон барои ҳамаи он хизматрасониҳои дар боло зикршуда маблағи муайян пардохт намояд, пас, шояд нархи сафари ҳаҷҷи қирғизҳо нисбат ба нархи ҷониби мо гаронтар шавад.

Мо аз ин таҷрибаи Қирғизистон (истифода аз хизматрасониҳои ройгони хайрия) алакай даҳ сол пеш истифода намуда будем ва ҳоло дигар чунин сатҳи хизматрасониҳо талаботи ҳоҷиёни Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад.

Бояд гуфт, ҳоло хизматрасониҳое, ки ҷониби Тоҷикистон баъд аз бастани шартномаи дахлдор бо ширкати хизматрасон ба зоирини худ пешниҳод менамояд, дар сатҳи кишварҳои пешрафтае чун Туркияву Эрон, Русияву Қазоқистон ва Озарбойҷон аст. Ҳамчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки Қазоқистон дар солҳои гузашта нархи ҳаҷро танҳо барои 2 ҳафтаи сафар 3800 доллар муқаррар карда буд. Озарбойҷон ҳамасола нархи ҳаҷро аз 4450 то 5200 доллар муқаррар менамояд.

Нархи сафари ҳаҷ дар Русия низ бештар аз 4300 доллар муайян шудааст. Қимати сафари ҳаҷ дар Туркия бештар аз 4500 доллар мебошад.

Бояд гуфт, маъракаи ҳаҷ пайваста зери назари ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявӣ "оид ба ташкил ва баргузории ҳаҷ ва умра" фаъолият мекунад ва намояндагони ин ситод то оғози мавсими ҳаҷ якчанд маротиба ба кишвари Саудӣ сафар намуда, мувофиқтарини меҳмонхонаҳоро бо нархи дастрас интихоб мекунанд. Маҳз натиҷаи кори пурсамари ситоди мазкур ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ буд, ки дар чанд соли охир ситоди ҳаҷҷи Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои мусулмонӣ дар масъалаи коргузорӣ ва тартиби ҳаҷ ҷои сазоворро ишғол менамояд.

Ҳоҷиёни тоҷик дар беҳтарин меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара иқомат мекунанд. Масофаи миёни меҳмонхонаи ҳоҷиёни мо аз Макка то Масҷиду-л-Ҳаром наздики 4 километр ва аз Мадина то Масҷиди набавӣ наздики 300 метрро ташкил медиҳад.

Ҳамасола Кумита чӣ тавр истифода шудани маблағҳоро дар шакли "ариза- созишнома" тартиб дода, дастраси ҳар як шаҳрванди ҳаҷраванда мегардонад. Дар охир зикри ин нуктаро низ лозим медонем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба адои ин фариза мушарраф гардидаанд."

39
Барчаспҳо:
шароит, муқоиса, гаронии нарх, адои фариза, сафар, хизматрасонӣ, ҳоҷиён, посух, Ҳаҷҷ, Кумитаи дин, танзими анъана ва расму оини ҶТ, Тоҷикистон
Дискотека в ночном клубе, архивное фото

Вақти рақс халал расондӣ: навори занозании 6 зани ҷавон дар клуби шабона дар Душанбе

378
(Таҷдидшуда 15:46 23.01.2021)
РВКД Душанбе навори занозании шаш зани ҷавони аз 19 то 25-соларо дар клуби шабонаи "Аура" нашр кардааст. Онҳо ба ҳамдигар танҳо барои онки нафареашон вақти рақс бо китф ба дигаре расидааст, дарафтодаанд. РВКД мегӯяд, ин қабил номи занро доғдор мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаш зани ҷавон ба иттиҳоми авбошӣ гузориш медиҳад.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ин занони ҷавон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25-сола будаад, дар пайи занозанӣ дар клуби шабонаи "Аура" дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби ночиз ба ҳамдигар дарафтодаву тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Ҳамин тавр, тавре РВКД менависад, "ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд".

"Сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намудаанд", - омадааст дар гузориш.

Афзун бар ин, онҳо ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Навор ва аксҳои ин гурӯҳи боздоштшударо РВКД нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, қисмҳои 2 ва 3-и моддар 237(авбошӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

378
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

1845
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

1845
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Получить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово

Русия аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 577 миллион доллар фоида гирифт

0
(Таҷдидшуда 15:31 23.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Русия маблағи умумиеро, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар манотиқи гуногуни ин кишвар барои арзиши патент пардохт шудааст, эълон кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Аахиран мақомоти Русия гуфт, ки аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ буҷаҳои вилоятҳои гуногуни ин кишвар чи қадар фоида мегиранд. Вазорати умури дохилаи Русия маблағи дақиқи фоида аз муҳоҷирони меҳнатиро эълон кард.

Тибқи иттилои ВУД-и Русия дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаҳои вилоятҳои ин кишвар 577,6 миллион доллар фоида овардаанд.

Ин нишондиҳанда албатта нисбат ба соли 2018 кам будааст. Он давра маблағи фоидае, ки минтақаҳо аз муҳоҷирон  мегирифтанд, тақрибан 757 миллион долларро ташкил дод.

Сабаби кам ворид шудани маблағ, ин пандемияи коронавирус ва баргашти муҳоҷирон ба ватанҳои худ будааст.

ВУД-и Русия таъкид доштааст, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2020 беш аз як миллион муҳоҷири  меҳнатӣ патент гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирони патентгирифта дар соли 2019 ба 1,7 миллион нафар расид.

Дар ҳамин ҳол, шумори  шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соли 2020 ба Русия  барои ҳар мақсад омаданд ва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шуданд, ду баробар кам шудааст. Шумори онҳо аз 19,5 миллион то 9,8 миллион нафар коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мешавем, ки тобистони соли 2020 ВУД-и Русия дар бораи мувақатан озод намудани муҳоҷиони меҳнатӣ аз пардохти пули патент ва иҷозати кор дар ин кишвар хабар дода буд.

Патенти меҳнатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кору фаъолият намоянд. Ин санад барои як сол дода мешавад ва имкон дорад боз барои 12 моҳ тамдид ёбад.

Ҳар як минтақаи Русия нархи патентро худаш таъйин мекунад. Дар ҳоли ҳозир, нархи патент дар Маскав 5341 рубл барои ҳар моҳ ва дар шаҳри Санект-Петербург арзиши патент 3993 рубл барои ҳар моҳро ташкил медиҳад.

0
Барчаспҳо:
арзиш, муҳоҷирати меҳнатӣ, мақомот, фоида, патент, Русия, муҳоҷирон