ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Амиршо Миралиев, яке аз аъзои дар гузашта калидии ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои нозирони "Соҳибкорбонк" таъин шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Як намояндаи "Соҳибкорбонк" дар сӯҳбат бо радио бидуни бурдани номаш ин хабарро тасдиқ кард. Он намоянда гуфтааст, мақоми Миралиев ба ҳайси раиси Шӯрои нозирон бештар ифтихорист. Шӯрои нозирон маъмулан саҳмиядорони асосии бонкро дар бар мегирад ва соле як ё ду бор барои баррасии гузориши ҳайъати мудира дар бораи фаъолиятҳояш ташкили ҷаласа мекунад.
Амиршо Миралиев 69 сол дошта, соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинград (ҳоло — Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст.
Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло — Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд. Аммо дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин шуд.
Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайъат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Аммо дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд.
"Соҳибкорбонк" як бонки саҳҳомии тиҷорист, ки соли 1999 ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар заминаи "Тоҷикбонкбизнес", як бонки марбут ба Қаюм Қавмиддинов, раиси собиқи Бонки миллӣ, таъсис ёфтааст. Ибтидо маркази ин бонк дар Хуҷанд буд ва сармояи ибтидоияш 1,2 миллион сомонӣ баровард мешуд.
Дар соли 2010 ба далели мушкилоти молӣ Бонки миллӣ раҳбарии умури "Соҳибкорбонк"-ро ба як маъмурияти муваққати зиддибуҳронӣ аз берун супурда буд. Дар моҳи январи соли 2011 "Соҳибкорбонк" бо табдили раҳбарон ва саҳҳомонаш дигарбора ба фаъолияти оддӣ баргашт. Ҳоло ин бонк дар Душанбею Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ 7 филиал ва дар саросари Тоҷикистон 15 маркази хидматрасонӣ дорад.
Соли 2016 Бонки осиёӣ-инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид
Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.
Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.
Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.
Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри Москваи Федератсия Россия рафт.
Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.
Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.
Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.
Соли 1826 дар Порис аввалин шумораи рӯзномаи "LeFigaro" нашр шуд.
Соли 1892 омӯзгори канадагӣ-америкоӣ Ҷеймс Нейсмит аввалин маротиба қоидаҳои бозии баскетболро дар рӯзномаи мактабӣ ба нашр расонид.
Соли 1974 дар Юнон Конститутсияи соли 1952 барқарор карда шуд.
Соли 2001 "Википедия"- яъне Донишномаи озод ташкил шуд.
Соли 2011 раъйпурсӣ ба хотири истиқлолияти Судони Ҷанубӣ ба охир расид, ки он 9 январ оғоз гардида буд.
Соли 1941 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО "Хоруғ" ба истифода дода шуд.
Соли 2001 — Эмомалӣ Раҳмонов Қарор "Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон"-ро ба имзо расонид.
Соли 2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.
Соли 2010 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи Олӣ-клуби футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барои иштирок дар мусобиқоти XVIII байналмилалӣ оид ба футбол ва дарёфти "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" ба шаҳри Маскав сафар кард.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуд.
Соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.
Соли 2016 Рустами Эмомалӣ аз нав ба муҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Соли 2018 масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Соли 1962 — Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.