Боғи Пойтахт. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдори Душанбе хатнасуру арусӣ барпо мекунад

14
(Таҷдидшуда 09:42 25.06.2015)
Ин атфол ва ҷавонон аз хонаводаҳои ниёзманди пойтахт буда, маросими хурсандии онҳо шоми 25 июн дар “Боғи пойтахт” доир мешавад.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ тӯйи хатнасури 360 наврас ва арӯсии 55 ҷуфт ҷавононро баргузор мекунад, менависад сомонаи раиси пойтахт.

Наврасон ва ҷуфтҳои ҷавон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт буда, маросими хурсандии  онҳо шоми 25 июн дар Муассисаи давлати "Боғи пойтахт" баргузор мешавад.

Дар шаҳрдорӣ мегӯянд, аз нимаи дуюми 25-уми июн боғ ва аттраксионҳои он пурра ба баргузории чорабинии фарҳангӣ ва хизматрасонии тӯйдорон фаъол карда мешавад, ки дар он Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат хоҳад кард.

Ҳамзамон бахшида ба ин ҷашн 7 иншооти гуногунтаъинот бо маблағи наздики 450 млн сомонӣ бо таъсиси 558 ҷойи нави корӣ, армуғон мегардад, омадааст дар сомона.

14
Барчаспҳо:
360 наврас, 55 ҷуфт, ҷашн, маросим, тӯй, "Боғи Пойтахт", Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе