Махмадсаид Пиров на пресс--конференции Комитета ТВ и радиовещания 10 июля 2015 года

60 000 “диск” аз сӯи Кумитаи ТВ маҳв шудааст

33
(Таҷдидшуда 16:05 10.07.2015)
Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ниҳодҳои тобеи ин кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ бештар аз 60 ҳазор дискҳои ғайриқонуниро маҳв кардаанд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ниҳодҳои кумитаи зери раҳбарии вай бештар аз шаст ҳазор дискҳои ғайриқонунӣ аз дискфурӯшиҳо мусодира ва нобуд карда шудааст.

Вай ин иттилоъро зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе рӯзи 10 июл ироа дошт.

"Кормандони Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радио якҷоя бо кормандони Тоҷиккино дар Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рейд гузарониданд ва ин дискҳоро мусодира карданд. Ҳамчунин дар пайи рейдҳо фаъолияти студияи сабти "Детроу Рекордз" дар Душанбе, "Хит зона" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар студияҳои ғайриқонунӣ дар дигар минтақаҳо манъ ва соҳибонашон муҷозот шуданд",  — гуфт Пиров.

Ин нахустин нишасти хабарии Маҳмадсаид Пиров аз замони ба мақоми раиси Кумитаи ТВ ва радио таъйин шуданаш аст. Вай қаблан муовинати вазири фарҳангро бар дӯш дошт ва то он директори Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина", раиси "Тоҷиккино" ва мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Пиров зимистони имсол дар мақоми раисии Кумитаи ТВ Асадулло Раҳмоновро иваз кард, ки ҳамакнун Раҳмонов дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ вазифаи ёварии президент дар бахши кадрҳоро ба зимма дорад.

33
Барчаспҳо:
60 ҳазор, маҳв, мусодира, дискҳои ғайриқонунӣ, нишаст, Кумитаи телевизион ва радио, Маҳмадсаид Пиров, Душанбе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон фармони баланд шудани маош, нафақа ва идрорпулиро имзо кард: чӣ қадар зиёд шуд?

1098
(Таҷдидшуда 20:15 04.08.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон ва идрорпулии хонандагонро афзун намуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сар аз авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи маъюбону пиронсолон ва идрорпулии донишҷӯён баланд бардошта мешавад. 

Фармони афзун шудани маошу нафақа ва стипендияи донишҷӯёнро имрӯз, 4 - уми август, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонд.

Тибқи котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Нафақа аз 1 сентябр 15 дар сад меафзояд

Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ низ ба андозаи 15 фоиз зиёд шуд.

Гузашта аз ин маоши кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ 15 дарсад баланд бардошта мешавад.

Идрорпулии донишҷӯён ва нафақа низ ба андозаи 15 фисад афзун карда шуд.

1098
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700 - солагии Камоли Хуҷандиро интихоб кард - акс

215
(Таҷдидшуда 17:14 04.08.2020)
Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардид

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб намуд, хабар медиҳад котиботи Президент.

 

Символ празднования 700-летия великого таджикского поэта - Камоли Худжанди
Символ празднования 700-летия великого таджикского поэта - Камоли Худжанди

 

Ба иттилои манбаъ, рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Хӯшаи гандум": рамзи нави Данғара дар даромадгоҳ чигуна аст - акс

Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат - сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ "Камоли Хуҷандӣ" навишта шуда, дар поёни он "700" бо рақам нишон дода шудааст.

Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст.

215
Барчаспҳо:
акс, шоир, рамз, Эмомалӣ Раҳмон
Портфель с документами

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир фаъолияти беш аз 12 ҳазор соҳибкор қатъ гардид

0
(Таҷдидшуда 02:16 05.08.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 600 фаоли бахши хусусӣ иҷозатномаи фаъолияти худро лағв кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ қтӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар ин давра инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуд.

Тибқи иттилои Ожонсии омор шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор - шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.

Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта - 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.

0
Барчаспҳо:
фаъолият, Ожонси омор, иҷозатнома, соҳибкор, Тоҷикистон