ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармонеро "Дарбораи афви маҳкумшудагон дар остонаи Шаби Лайлатулқадр (Gadyr gijesi)" имзо кард, хабар медиҳад рӯзи чаҳоршанбе нашрияи "Туркменистан золотой век".
"Тибқи Фармони раҳбари кишвар 1062 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ҳамчунин 10 нафар атбоъи хориҷӣ аз имкони оғози ҳаёти ҷадид, меҳнати софдилона ва бозгардонидани номи нек бархурдор шуданд", — менависад расонаи интернетӣ.
Ин тасмим, ки тибқи он афвшудагон аз адои ҷазои асосӣ ва изофӣ озод карда мешаванд бар пояи ғояҳои инсондӯстӣ ва башарият иттихоз шудааст, — зикр шудааст дар хабар.
Аммо мушаххас нашудааст, ки ин афв чӣ касонро фаро мегираду оё маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Туркманистон низ афв хоҳанд шуд ё хайр.
Ин иқдоми афв тибқи қонуни "Афви ҳамасола ба манзури Лайлатулқадри муқаддас", ки соли 1999 аз сӯйи порлумони Туркманистон тасвиб шуда буд, ҳамасола сурат мегирад.
Шаби Лайлатулқадр баъд аз анҷоми рӯзи 27-уми моҳи рамазон фаро мерасад. Тибқи қавоиди исломӣ дар ин шаб паёмбари мусалмонон Муҳаммад нахустин вокунишҳои Қуръонро дарёфтааст. Дар соли 2015 Лайлатулқадр дар шаби аз 13 ба 14 июл таҷлил мешавад.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин мудири "Академияи ВАО- и Тоҷикистон" - ро низ барканор кард.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари давлат Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.
"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.
Зимнан, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Исмоилзода Зинатуллоҳ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.
Курсии Исмоилзодаро дар Академияи ВАО Тоҷикистон, Саъдӣ Маҳдӣ аз худ кард.
Чун бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъин карда шуд.
Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд
Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари давлат бо имзои чанд қарор дар Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ба иттилои котиботи Президенти Тоҷикистон, рӯзи 5 март Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд қарор дар ниҳоди мазкур ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод.
Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи вазорати мазкур сабукдӯш шуд.
Дар қарори Раҳмон сабаби аз вазифа рафтани Қурбонзода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.
Зимнан, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оида ба назорат дар соҳаи энергетика таъин шуд.
Зиёзода пас аз се моҳи барканорӣ вазифаи нав гирифт
Ғолиб Хонҷон қаблан муовини раиси Ширкати "Барқи тоҷик" буд, ки бо қарори роҳбари давлат аз ин вазифа барканор шуд.
Қарори барканори Убайдуллозода имрӯз тасвиб шуд ва фавран қарори дигар оид ба такя задан ба вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.