Нерӯгоҳи обӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи болоравии оби рӯдхонаҳои Помир фаъолияти ду нерӯгоҳ қатъ шуд

15
(Таҷдидшуда 14:42 20.07.2015)
Ба далели баланд шудани мизони оби рӯдхонаи Ғунд дар Бадахшон фаъолияти ду нерӯгоҳи бузург мутаваққиф шудааст. Феълан сокинони навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, қисман Рӯшон ва Ишкошим бидуни нерӯи барқ мондаанд.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Феълан нерӯгоҳҳои "Помир-1" ва "Хоруғ" ба далели баланд шудани мизони оби рӯдхонаи Ғун муваққатан аз фаъолият бозмондаанд хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба сухангӯйи ширкати "Помир Энержӣ" Абдулло Амонбеков.

Ба гуфтаи сухангӯйи "Помир Энержӣ" феълан дар атрофи рустои Танг хутути интиқоли нерӯи барқ тахриб шудаанд.

"Маҷрои сел метавонад низоми фаъолияти чархаҳоро тахриб кунад ва ба ин далел тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти ин ду нерӯгоҳ қатъ карда шавад. Ин амри мувақаттӣ аст", — зикр кард Амонбеков.

Ба гуфтаи вай ҳоло рӯшан нест, ки фаъолияти нерӯгоҳҳо чӣ замоне азсар гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар пайи селобҳо ва баланд шудани мизони оби рӯдхонаи Ғунд дар рустоҳои Танг, Барсем ва Бердибеков дастикам 29 манзил ва ҷоддаи самти ноҳияи Мурғоб тахриб шудаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба бахши умури изтирории ВМБК.

15
Барчаспҳо:
обхезии шадид, сел, қатъи фаъолияти ду нерӯгоҳ дар Бадахшон, ширкати "Помир Энержӣ", Абдулло Амонбеков, Бадахшон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Мавзуъ
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ду духтар ба коми сел рафтанд
Сел 700 метр роҳро дар ноҳияи Ашт хароб кардааст
Ниҳолшинонии раиси вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон дарахтони аз Белгияву Испания овардашуда шинонда шуданд

115
(Таҷдидшуда 13:10 23.11.2020)
Дар вилояти Хатлон шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар майдони "70-солагии водии Вахш" дар шаҳри Бохтар бо ширкати раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Хатлон, рӯзи 21 ноябр дар саросари шаҳри Бохтар, аз ҷумла майдони "Ваҳдати миллӣ", атрофи осорхонаи "Бибихонум", майдони Маркази ҷавонон, боғи фароғатии ба номи Р. Мурчаев, хиёбони Ваҳдат, ҷамъан 620 бех ниҳолони камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сӯзанбарг шинонида шуданд.

Ин ниҳолон ва дарахтони чандсола аз ниҳолпарваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои урупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.

Ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд

Ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони "70-солагии водии Вахш", аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур додааст.

Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ барпо гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.

Манбаъ афзуда, ки дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

115
Барчаспҳо:
раис, ниҳолшинонӣ, Хатлон
День 23 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

102
(Таҷдидшуда 12:45 23.11.2020)
Рӯзи бисту сеюми ноябр дар Қазоқистон – Рӯзи пулиси роҳ, дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат таҷлил мешавад

Рӯзи 23 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1877 Амрико ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 миллион доллар пардохт кард.

Рыба, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Рыба, архивное фото

Соли 1923 Ҳизби коммунистии Германия баста шуд.   

Соли 1939 дар Германия  барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.

Выставка кошек, архивное фото
© Sputnik / Наталья Селиверстова
Выставка кошек, архивное фото

Соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.

Рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин намоиши байналмилалии саноати хӯроквории "Inter Food Tajikistan — 2006" баргузор гардид.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"-ро имзо кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Соли 2016 Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гаштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.
  • Дар Япония – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.

Рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1918-1995 – доктори илмҳои тиб, профессор Яъқуб Тоҷиев.

Соли 1924 – мунаққиди адабиёт, олими адабиётшинос  Соҳиб Табаров.

Соли 1970 – хабарнигор Пайрав Чоршанбиев.

102
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷаҳон, ҷашн
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон