Ҳароратсанҷ. Акс аз бойгонӣ

Маркази ҳавошиносӣ: хатари селобҳо боқӣ мемонад

13
(Таҷдидшуда 13:40 22.07.2015)
Болоравии мизони гармо, ки дар манотиқи кӯҳистони тӯли чанд муддати тӯлонӣ идома дошт, далели аслии рух додани офоти табиӣ шудааст. Барои бори ахир чунин гармо дар Тоҷикистон 70 сол қабл, дар соли 1944 мушоҳида шудааст.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Моҳҳои июл ва август дар Тоҷикистон гарм хоҳанд буд, навиштааст хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раиси Маркази ҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева.

"То авохири моҳи июл дар бархе аз манотиқи кишвар, аз ҷумла дар Хатлон, Суғд, навоҳии тобеъи марказ дамои ҳаво то 40 дараҷа гарм

мешавад. Дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳарчанд ба далели боронгариҳо дамои ҳаво то 10 дараҷа пойин рафт, дубора 5-9 дараҷа, то 32 дараҷа гарм мешавад", — хабар дод Байдуллоева.

Ба иттилоъи вай дар бархе аз рӯзҳои моҳи август дар водиҳо дамои ҳаво то 40-42 дараҷа ва дар манотиқи наздикӯҳт ҳаво тто 30-33 дараҷа гарм мешавад.

Ба гуфтаи Байдуллоева, болоравии дамои ҳаво дар манотиқи кӯҳистонии кишвар далели аслии вуқӯъи офоти табиъйӣ шудааст.

"Хатари муҷаддади рух додани ин селобҳо вуҷуд дорад, зеро дар доманакӯҳҳои пиряхҳои бузургу кӯчак кӯлҳое пайдо шудаанд, ки дар онҳо оби яхчолҳои табиъйӣ ҷамъ шудааст. Мо бояд омода бошем", — хулоса кард Байдуллоева.

Дар пайи ҳаводиси табиъйӣ дар ноҳияи Шуғнон 72 манзили сокинон комилан тахриб шуда, дар ноҳияи Рашт миқдори чунин манозил 50 адад шудааст, ки аз онҳо 15 манзил қисман тахриб шудаанд. Теъдоди қурбониёни ин ҳаводис 7 нафар будааст — 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар Рашт.

Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ мизони хисорот аз селобҳо дар кишвар 600 миллион сомонӣ шудааст (ҳудуди $100 миллион).

Барои бори ахир чунин гармо дар Тоҷикистон 70 сол қабл дар соли 1944 мушоҳида шудааст.

13
Барчаспҳо:
ҳушдор аз идомаи гармо дар ду моҳи дигар, Маркази ҳавошиносӣ, Ҷамила Байдуллоева, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Мавзуъ
Селоб дар Тбилиси маркази шаҳрро қисман масдуд кард
Беш аз 50 нафар дар Афғонистон пас аз фаромадани тарма нопадид шудаанд
Тарма дар ҷодаи Душанбе- Хуҷанд мунҷар ба марги боз ду нафар гардид
Ҳушдори ҳавошиносон аз фаромадани тарма дар манотиқи кӯҳистонӣ
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

1020
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

1020
Барчаспҳо:
кумак, хона, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

582
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

582
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1814
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1814