Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Созмонҳои иҷтимоӣ хостанд, онҳоро дӯст бидонанд, на ҷосуси хориҷиҳо

11
Масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ бо шикоят аз муносибати, ба гуфтаи онҳо, "начандон дӯстона"-и мақомоти Тоҷикистон дархост карданд, ки дар симои онҳо як ҳамкор дида шавад, на "ҷосус".

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раҳбарони баъзе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аз мақомоти расмии кишвар хостанд, ки дар симои онҳо на "ҷосуси хориҷӣ" ё "хиёнаткор", балки як коршарикро бубинанд, хабар додааст "Радио Озодӣ".

Нигина Баҳриева, масъули созмони ҷамъиятии "Нотабене", 27 июл дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе гуфт, ки ҳоло мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои ғайридавлатӣ муносибати чандон дӯстона надоранд ва барои ҳамин ба тафтиши "бераҳмона"-и фаъолияти онҳо шуруъ кардаанд.

Ба қавли раҳбари "Нотабене", дар ҳоли ҳозир якбора чаҳор ниҳоди расмӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи андоз фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро аз зери заррабин мегузаронанд.

"Мо намедонем, ба кадоме аз онҳо чӣ ҳуҷҷат пешниҳод кунем. Ҳар кадомашон талабҳои худро доранд," — афзудааст хонум Баҳриева.

Дар идомаи ин, намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз иттилои Вазорати адлия дар бораи дарёфти чаҳоруним миллиард сомонӣ гранти онҳо аз созмонҳои хориҷӣ низ нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки "ин чандон ба ҳақиқат рост намеояд ва шубҳарангез аст".

Хабари чоруним миллиард сомонӣ гранти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар як солро Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта эълон кард.

"Дар ин ҷо ягон шубҳа нест. Ин пулҳоро аз рӯи гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ, аз соли 2013 то моҳи апрели 2014 омода кардем. Ин маълумоти он вақт аст", — гуфтааст  Ҳаким Мирсаидзод, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки дар ҳамоиши САҲА ширкат доштааст.

Порлумони Тоҷикистон дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро тағйир дод, ки ба шароити дарёфт ва харҷи ёриҳои молии хориҷӣ аз тарафи ин созмонҳо рабт дорад. Бино бар таҳрири банди 24-и қонуни мазкур аз ин ба баъд созмонҳои ғайридавлатӣ танҳо дар ҳолате ёриҳои хориҷиро пазируфта метавонанд, ки сарчашмаи ин пул ё моликият ошкор ва ҳуҷҷатӣ шуда бошад.

Ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2014, замоне, ки вазорати адлия акнун таҳияи ислоҳи қонунро бо дастури ҳукумати кишвар оғоз карда буд, созмонҳои ғайридавлатӣ зимни муроҷиъа ба раиси ҷумҳур зикр карда буданд, ки сабти номи изофӣ то андозае фаъолиятҳои онҳоро душвор ва маҳдуд месозад.

11
Барчаспҳо:
ҳисобот, фаъолияти молӣ, тафтиш, маҳдудият, ҳамоиш, нишаст, СҒД, ТҒД, Вазорати адлия, Нотабенна, Созмонҳои иҷтимоӣ, САҲА, Ҳаким Мирсаидзод, Нигина Баҳриева, Душанбе
Кран в ванной комнате, архивное фото

Таъмини деҳаи Баравун бо оби нӯшокӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ

12
(Таҷдидшуда 13:19 07.07.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз таъмини деҳа Баравуни ноҳия бо оби нӯшокӣ хабар додаанд, ки арзиши лоиҳа 1,5 миллион сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ дод хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилоли манбаъ, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд иштироку сухан карданд.

“Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад.  Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия..

Зикр шуд, иншооти мазкур дар доираи Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.

12
Барчаспҳо:
об, Тоҷикистон
День 7 июля

Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

56
(Таҷдидшуда 20:53 06.07.2020)
Рӯзи ҳафтуми июл дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ буда, дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ дар Испания Рӯзи ҷумҳурӣ ва дар Қирғизистон Рӯзи кормандони молия мебошад

Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони  Эстония интихобот сурат гирифтааст.

Соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани  ҷанг қарор қабул намуд.

Соли 1993 дар Иёлати Висконсини Америка  ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари америкоиро ташкил дод.

Соли 1960 дар Арабистони Саудӣ гирифтани маълумоти олӣ барои занон иҷоза дода шуд.

Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.

Рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 кушодашавии корхонаи муштараки тоҷикӣ-амрикоии “Sano” дар шаҳри Хуҷанд.

Соли 2009 Ҳукумати Тоҷикистон  ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

День 5 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.

Соли 2012 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.

Соли 2013 маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақавии сил дар ноҳияи Вахш.

Соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 июл

  • Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.
  • Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Рӯзи ҷумҳурӣ дар Испания.
  • Рӯзи кормандони молия дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Перу.
  • Рӯзи истиқлолият дар Норвегия.
  • Рӯзи шаҳидон дар Малта.

Рӯзи 7 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1746 — астрономи итолиёӣ Ҷузеппе Пиатси, ӯ нахустин сайёраи хурди  — Тсерерро кашф карда буд.

Соли 1936 — математик ва физики советӣ, профессор, академик Юрий Осипов, ӯ солҳои (1991—2013) президенти Академияи илмҳои Русия буд.

Соли 1962 — сарояндаи русиягӣ, овозхони пешини гурӯҳи "Браво" Жанна Агузарова.

Рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Мирмуъмин Абдулов (1958) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Турдихон Бердиева (1942 – 2008) – доктори илми филологӣ, профессор.

Неъматҷон Бобоҷонов (1939 – 1992) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Назаршо Назаршоев (1954) – доктори илми таърих, профессор.

Ҳофиза Наимова (1923) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Азиз Ниёзмамадов (1941 – 1995) – дирижёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Равсаниёр Мавлуда (1968)- шоира.

Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров (1944) – адабиётшинос, профессор.

Гулузор Тўраева (1941) – меъмор – сохтмончӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ҷумъақул Ҳамроев (1947)- доктори илми филологӣ, профессор.

Шокирзода Замон (1941) – нависанда.

 

Рӯзи 7 июл кӣ вафот кард

Соли 1718 — подшоҳ Алексей, писар ва меросхӯри Петри I.

Соли 1930 — нависандаи англис, офаринандаи симои Шерлак Хомс Артур Конан Дойл.

Соли 1967 — ҳунарпешаи англис, дорандаи дукаратаи "Оскар".

56
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон