Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Қирғизистон ба осебдидагони селобҳо дар Тоҷикистон кӯмак мекунад

7
(Таҷдидшуда 13:01 30.07.2015)
Дар робита ба вазъи башардӯстонае, ки дар навоҳии аз офоти табиъйӣ осебдидаи Тоҷикистон сурат гирифтааст, ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст ба кишвари ҳамсоя кӯмаки башардӯстона ироъа кунад.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ҳафтаи оянда кӯмаки башардӯстонаи Қирғизистон ба осебдидагони селобҳо дар Тоҷикистон хоҳад расид, менависад Sputnik Қирғизистон.

Ин тасмим дар ҷаласаи корӣ дар ҳузури муовини нахуствазири Қирғизистон Абдираҳмон Маматалиев бо раҳбарони вазоратхонаҳову ниҳодҳои давлатӣ гирифта шуд.

"Дар пайи офоти табиъйӣ дар Тоҷикистон ҳафт нафар кушта, 200 манзил, даҳҳо километр ҷоддаҳои мошингузар, таъсисоти соҳилмутсаҳкамкунӣ, пулҳо, хутути интиқоли нерӯи барқ ва дигар таъсисот тахриб шудаанд. Хисороти ворида ҳудуди 100 миллион доллар арзёбӣ мешавад", — иқтибос овардааст пойгоҳи хабарӣ аз суханони муовини нахуствазир.

Ба гуфтаи Маматалиев ҷониби Тоҷикистон ба маводди сӯхтии дизелӣ, семент, панҷараҳои оҳанӣ, лӯлаҳои оҳании мухталиф, маводди фулузотӣ, трансформаторҳо ва маводди бомфаршӣ ниёз дорад.

"Ба таври фаврӣ ва вобаста ба имконот бояд маводди зарурии дархостии ҳамсоягон ироъа шаванд. Ироъаи кӯмаки башардӯстона дар ҳафтаи оянда дар назар аст", — гуфт Маматалиев.

Вай ба масъулини ниҳодҳо дастур дод, ки дар тӯли се рӯз феҳрасти комили маводди ҳомили кӯмаки башардӯстонаро таҳия кунанд. Намояндагони комилҳуқуқи ҳукумати Қирғизистон дар вилоятҳо дар умури ироъаи кӯмак ба осебдидагон дар Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳанд дошт.

Куллияи матолиби марбути Sputnik ба ин мавзӯъро дар ин ҷо бихонед>>

7
Барчаспҳо:
селу обхезӣ дар Бадахшон, сел дар Тоҷикитон, тсемент, тасмими ироъаи кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ҳукумати Қирғизистон, Абдираҳмон Маматалиев, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)