Пиряхҳои Помир. Акс аз бойгонӣ

Пиряхҳои Тоҷикистон 140 метр пасттар шудаанд

294
(Таҷдидшуда 13:13 05.08.2015)
Ҳавошиносон дар моҳи август дубора баланд шудани мизони маҷрои оби рӯдхонаҳо ба далели идомаи обшавии пиряхҳоро пешбинӣ мекунанд, ки ба эҷоди селобҳои ҷадид мунҷар мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пиряхҳои Тоҷикистон аз даҳаи 1990 бад ин сӯ ба далели баланд шудани дамои ҳаво ба ду дараҷа ба 120-140 метр пасттар шудаанд ва ин амр ба эътиқоди ҳавошиносон ба болоравии мизони об дар рӯдхонаҳо ва вуқӯъи ҳаводиси табиӣ мунҷар шудааст, менависад АМИТ Ховар.

Пиряхҳои Тоҷикистон дар масоҳати 8 ҳазору 470 километри муррабаъ воқеъ ҳастанд, ки 6% қаламрави кишвар аст. Обшавии пиряхҳо ба далели тағйири иқдим ба афзоиши оби рӯдхонаҳо мунҷар шудааст.

"Ба унвони мисол, маҷрои рӯдхонаи Вахш дар моҳи июл 10-20% афзоиш ёфта дар рӯдхонаи Панҷ 2,5 бештар шудааст ва дар рӯдхонаи Зарафшон бошад нисбати меъёр маҷрои об 25% афзоиш ёфтааст", — гуфтаанд дар Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон.

Бо вуҷуди ин нукта, ки дар авосити моҳи июл коҳиши маҷрои оби рӯдхонаҳо мушоҳида шудааст, вале ҳавошиносон дар моҳи август ба далели обшавии пиряхҳо болоравии дубораи оби рӯдхонаҳоро пешбинӣ мекунанд. Ин амр ба эътиқоди онҳо метавонад ба вуқӯъи селобҳои ҷадид мунҷар шавад.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар ҳавзаи рӯдхонаи Бартанг миқдори бештари пиряхҳо қарор доранд — 969, дар ҳавзаи рӯдхонаи Ванҷ — 291 пирях, дар ҳавзаи рӯдхонаи Оби Хингоб 756 пирях ва ҳудуди 100 пирях дар атрофи рӯдхонаи Муксу воқеъ ҳастанд.

Бузургтарин пиряхи Тоҷикистон Федченко мебошад. Дарозии вай беш аз 70 км буда, 2 км паҳноӣ дорад ва қабати ҳадди ақали он 1 км мебошад, ҳаҷми пирях бо ҳамҷаворҳояш 144 километри мукааб аст. Ин пирях дар баландии 6200 метр аз сатҳи баҳр шурӯъ мешавад.

Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо маҳзани об, балки танзимкунандаи маҷрои рӯдхонаҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои абадии Тоҷикистон манбаъаи аслии оби рӯдхонаҳои ҳавзаи баҳри Арал ҳастанд. Захираи асосии яхҳо дар кӯҳистони Помири Ғарбӣ воқеъ ҳастанд.

294
Барчаспҳо:
гармшавии иқлим, оқибатҳои обхезӣ, болоравии дубораи оби рӯдхонаҳо дар моҳи август ба далели гармӣ, Маркази ҳавошиносӣ, Вахш, Помири ғарбӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар пайи болоравии оби рӯдхонаҳои Помир фаъолияти ду нерӯгоҳ қатъ шуд
Барои ҳифзи манобеъи оби ОМ Қазоқистон $7,5 млрд масраф кардааст