“Россия сегодня” аксҳои хотирмони Андрей Стенинро мунташир кард

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкХабарнигори вижаи аксбардори ХБИ "Россия сегодня" Андрей Стенин. Акс аз бойгонӣ
Хабарнигори вижаи аксбардори ХБИ Россия сегодня Андрей Стенин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба маҷмӯъаи “Маҳалли даргирӣ” 168 аксҳои Андрей Стенин, ки аз соли 2010 то соли 2014 ҳангоми хабарнигори аксбардор буданаш дар Украина, Лубнон, Сурия, Миср, Туркия, Либиё ва Қирғизистон аксбардорӣ шудаанд, шомил мебошанд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Маҷмӯъаи аксҳои Андрей Стенин "Маҳалли даргирӣ", ки онро ҳамкоронаш дар ХБИ "Россия сегодня" ("Русия имрӯз") дар робита ба Рӯзи поси хотири хабарнигор ва гузашти соли фавташ дар ҷанубу шарқи Украина — 6 августи соли 2014 таҳия кардаанд, мунташир шуд. 

"Аксҳои Андрей Стенин — ҳамеша бозёфтест. Зиндагии вай дар як лаҳза канда шуд, вале аксҳояш то абад боқӣ мемонанд", — зикр кардааст дар пешгуфтори маҷмӯъа мудири кулли ХБИ "Россия сегодня" Дмитрий Киселев.

Хабарнигор-аккоси ОИБ Россия сегодня Андрей Стенин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати “Россия сегодня” барои ширкат дар озмуни ба номи Стенин

Фаъолияти хабарнигории худро Стенин ва унвони мухбир шурӯъ карда сипас аксбардори низомӣ шуд. Андрей Стенин дар бораи ҷанг зиёд менавишт, вале танҳо барои худ.

© Sputnik Памятный альбом работ Андрея Стенина
Памятный альбом работ Андрея Стенина - Sputnik Тоҷикистон
Памятный альбом работ Андрея Стенина

Барои гиромидошти хотираи Андрей Стенин 22 декабри соли 2014 ХБИ "Россия сегодня" озмуни байналмиллалии аксбардоронро таъсис дод, ки исми ӯро дорост.

Андрей Алексеевич Стенин (1980 — 2014), аксбардори рус, хабарнигори вижаи аксбардори Мудирияти кулли ХБИ "Русия имрӯз" буд. Вай 6 августи соли 2014 зимни иҷрои дастури хабаргузорӣ дар ҷанубу шарқи Украина кушта шуд. Барои матонат ва қаҳрамонӣ зимни иҷрои вазоифи ҳирфаӣ Андрей Стенин пас аз марг бо Нишони Шуҷоъати ФР сарфароз шудааст.

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОткрытие выставки фотокорреспондента МИА "Россия сегодня" Андрея Стенина
Открытие выставки фотокорреспондента МИА Россия сегодня Андрея Стенина - Sputnik Тоҷикистон
Открытие выставки фотокорреспондента МИА "Россия сегодня" Андрея Стенина
Лентаи хабарҳо
0