Меҳрубон Тӯраев

Ширкати "Google" ба тоҷикистоние пешниҳод кард, ки узви тимаш шавад

51
(Таҷдидшуда 15:56 11.02.2016)
Донишҷӯи ояндадор аз Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Sputnik дар бораи қадамҳои нахустинаш дар арсаи барномасозӣ, ширкат дар озмунҳои мухталифи компютерӣ, нақшаҳо ва устодони аслиаш – волидайн қисса кард.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ширкати Google ба хатмкардаи мактаби муштараки тоҷикиву русӣ "Ҳотам ва П.В" Меҳрубон Тӯраеви 18-сола баъд аз он таваҷҷӯҳ кард, ки вай дар Олимпиадаи 27-уми Байналмиллалии барномасозии IOI дар миёни хонандагони шаҳри Алмаато нишони биринҷӣ дарёфт кард.

Расонаҳои Тоҷикистон ва қисмате аз бузурги корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук барномасози ҷавонро шодбош мегӯянд, аммо дар мусоҳиба бо Sputnik-Тоҷикистон Меҳрубон Тӯраев иқрор шуд, ки расонаҳо бо пахши хабари истихдоми вай барои кор дар ин ширкати бузург каме ҳодисаро пештозӣ кардаанд.

"Ба ман танҳо пешниҳод карданд, ки дар мавриди пайвастан ба тими Google барои таҳияи барнома бипайвандам, аммо ин ба он маънӣ нест, ки маро барои кор истихдом карда бошанд, маро зарур аст, ки чанд марҳилаи бозрасиро паси сар кунам", — тавзеъ дод вай.

Озмуне, ки дар Алмаато баргузор шуду дар он ин ҷавон нишони биринҷӣ дарёфт кард, ба ибтикори ширкати Google созмон дода шуда буд. Тибқи маъмул ба ҷоизадорони ин озмун ширкат истихдом барои корро пешниҳод мекунад.

"Ман нахустин табаъайи Тоҷикистон нестам, ки Google барои кор даъват мекунад. Соли гузашта чунин даъватномаро Абдуқодир Қурбонзода — хатмкардаи мактаби муштараки Тоҷикистону Туркия ба номи Хоҷа Камол дарёфт карда буд", — гуфт вай.

Нахустин компютерро ба Меҳрубон дар 7 солагиаш падараш тақдим карда буд ва замоне, ки вай таҳсилро дар мактаби "Ҳотам ва П.В." оғоз кард, барномасозӣ шуғли аслӣ ва дӯстдоштааш шуд.

Муррабаии барномасози ҷавон дар арсаи компютерӣ Беҳрӯз Афзалӣ шуд, ки нахустин тоҷикистониест, ки дар олимпиадаи барномасозон ширкат карда ҷоизадори мусобиқоти мухталиф шудааст.

Дар олимпиадаи Алмаато Меҳрубон замоне ширкат кард, ки дар синфи нӯҳ таҳсил мекард. Аз он замон бад ин сӯ вай дар кишварҳои мухталиф 10 нишон дарёфт кардааст.

"Дар олимпиадаи охирин дар Алмаато ман бо дарёфти нишони биринҷӣ озурдахотир шудам, вале начандон чахт, зеро дарк мекунам, ки ҳоло ҳама дар пеш аст ва муҳим, ки маро тахмин карданд", — мегӯяд вай.

Дастандаркорон ва илҳомбахшаш барои вай волидайнаш буданд, ҳарчанд соли 2008 падараш фавтида буд. Меҳрубон мегӯяд, ки то ҳол пуштибонии падарашро эҳсос мекунад, зеро маҳз вай барояш ҷоддаи барномасозиро боз кардааст.

"Шояд шавқи барномасозиро ман аз модарам гирифтаам, зеро барномасозӣ бидуни донишҳои риозиёт ғайримумкин аст — модарам ба унвони муҳосиб кор мекунад. Фикр мекунам вай дар арсаи худ яке аз беҳтаринҳост. Волидайни ман — наҷибтарин инсонҳо дар ҳаёти ман мебошанд ва ман ҳамеша талош хоҳам кард, ки баробари онҳо бошам", — эътироф кард вай.

Дар солҳои мухталиф ҷоизадорони олимпиадаи барномасозии IOI дар миёни хонандагони макотиб Афзалӣ Беҳрӯз (2009, "Ҳотам ва П.В.), Михаил Панявин (2011, "Хоҷа Камол"), Абдуқодири Қурбонзода (2013, "Хоҷа Камол") ва Меҳрубон Тӯраев (2015, "Ҳотам ва П.В.) шудаанд.

51
Барчаспҳо:
пешниҳоди кор, Google, "Ҳотам ва П.В.", Беҳрӯз Афзалӣ, Абдуқодир Қурбонзода, Меҳрубон Тӯраев, Тоҷикистон
Мавзуъ
Литсейҳои туркӣ дар ҶТ ба литсейҳо барои лаёқатмандон табдил шуданд
Хатмкардаи гимназияи “Ҳотам ва ПВ” ба кор дар Google пазируфта шуд
Google Translate бо забони тоҷикӣ ҳам тарҷума мекунад
Ҷулиан Ассанҷ: Google хатарнок шудааст
Ниҳолшинонии раиси вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон дарахтони аз Белгияву Испания овардашуда шинонда шуданд

115
(Таҷдидшуда 13:10 23.11.2020)
Дар вилояти Хатлон шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар майдони "70-солагии водии Вахш" дар шаҳри Бохтар бо ширкати раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Хатлон, рӯзи 21 ноябр дар саросари шаҳри Бохтар, аз ҷумла майдони "Ваҳдати миллӣ", атрофи осорхонаи "Бибихонум", майдони Маркази ҷавонон, боғи фароғатии ба номи Р. Мурчаев, хиёбони Ваҳдат, ҷамъан 620 бех ниҳолони камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сӯзанбарг шинонида шуданд.

Ин ниҳолон ва дарахтони чандсола аз ниҳолпарваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои урупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.

Ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд

Ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони "70-солагии водии Вахш", аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур додааст.

Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ барпо гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.

Манбаъ афзуда, ки дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

115
Барчаспҳо:
раис, ниҳолшинонӣ, Хатлон
День 23 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

102
(Таҷдидшуда 12:45 23.11.2020)
Рӯзи бисту сеюми ноябр дар Қазоқистон – Рӯзи пулиси роҳ, дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат таҷлил мешавад

Рӯзи 23 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1877 Амрико ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 миллион доллар пардохт кард.

Рыба, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Рыба, архивное фото

Соли 1923 Ҳизби коммунистии Германия баста шуд.   

Соли 1939 дар Германия  барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.

Выставка кошек, архивное фото
© Sputnik / Наталья Селиверстова
Выставка кошек, архивное фото

Соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.

Рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин намоиши байналмилалии саноати хӯроквории "Inter Food Tajikistan — 2006" баргузор гардид.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"-ро имзо кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Соли 2016 Федератсияи Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гаштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.
  • Дар Япония – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.

Рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1918-1995 – доктори илмҳои тиб, профессор Яъқуб Тоҷиев.

Соли 1924 – мунаққиди адабиёт, олими адабиётшинос  Соҳиб Табаров.

Соли 1970 – хабарнигор Пайрав Чоршанбиев.

102
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷаҳон, ҷашн
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон