Фестиваль мыльных пузырей в рамках Дня защиты детей. Архивное фото

Ду келин барои қатли хушдоман барои 43 сол равонаи зиндон шуданд

58
(Таҷдидшуда 08:39 26.08.2015)
Ихтилофот дар хонавода ба қатли бераҳмонаи пиразан сабаб шуданд. Қотилон келинҳои худи ин пиразан буданд ва онҳо барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ду келин барои қатли бераҳмона ва сипас сӯзонидани ҷасади пиразан — хушдомани худ бар пояи хушунати хусусӣ барои 43 сол равонаи зиндон шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинрод ба додгоҳ.

Ин қазия замоне расонаӣ шуд, ки пулис баъд аз боздошт тавассути телевизион иқророти келинҳо дар қатли хушдомани худро, ки 27 декабри осли гузашта рух дода буд, намоиш дод.

Ойгул Пардаева ва Сафаргул Азимова аз Қубодиён рӯзи сешанбе аз сӯйи додгоҳи вилояти Хатлон дар қатли хушдомани худ муҷрим дониста шуда ба 43 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳо дар маҷмӯъ тақрибан чоряки асрро дар зиндони низомаш умумӣ мегузаронанд: якумӣ 22 сол ва дуввумӣ 21 сол, менависад хабаргузории "Азия-Плюс".

Ба гуфтаи келинҳо баъд аз он тасмим гирифтанд, ки Нозигул Азимова пайваста ба кори хонаводагии онҳо эрод гирифта аз рӯбучини онҳо интиқод мекард.

Келинҳо ба сари хушдомани худ бо ашёи вазнине зарба зада сипас ҷасади ӯро оташ заданд ва сипас боқимондаи вайро ба рӯдхона партоб кардаанд.

Ин мавориди нахустини қатли бераҳмона дар хонавода нест. Дар авохири моҳи июл сокини Конибодом Баҳром Юлдошев барои дар пайи муноқиша бо хонумаш бо табар ба қатл расонидани вай ва ду фарзандаш ба ҳукми абад маҳкум шуд. Писараш сенздаҳ сол ва духтараш ҳашт сол доштанд.

58
Барчаспҳо:
ҳукми ду келини қотили хушдоман, додгоҳи вилояти Хатлон, Нозигул Азимова, Сафаргул Азимова, Ойгул Пардаева, Хатлон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Марде, ки хонуму фарзандонашро қатл кардааст, ба ҳукми абад маҳкум шуд
ВКД: “омӯзгори варзиш директор ва муовини мактабро қатл кардааст”
Дар Австралия ҳашт кӯдак ба қатл расид
День 29 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 29 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

58
(Таҷдидшуда 18:43 28.11.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми ноябр дар албания Рӯзи озодкунӣ аз фашизм, дар Вануату Рӯзи муттаҳидӣ ва дар Югославия Рӯзи ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 29 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1899 клуби футболи "Барселона" созмон дода шуд.

Соли 1942 дар Амрико барои фурӯш ва истеъмоли қаҳва меъёр муқаррар гардид.

 

Девушка пьет кофе
© CC0 / Pixabay
Девушка пьет кофе

Соли 1990 Шӯрои Амнияти СММ дар ҳолати озод накардани Кувайт истифодаи силоҳро бар зидди Ироқ зарур шуморид.

 

Рӯзи 29 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 дар Қатар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ки Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кумаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

День 26 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2008 дар Давлати Қатар баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон "Ҷаҳоннамо" ва телевизиони овозадори "ал-Ҷазира"-и Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд.

Соли 2009  дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хатти 500- киловолтаи "Ҷануб – Шимол" ва се хатти 220-киловолта ба истифода дода шуданд.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.

Соли 2016  хонандаи тоҷик соҳиби Шоҳҷоизаи 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин гардид.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 ноябр

Дар Албания – Рӯзи озодкунӣ аз фашизм.
Дар Вануату — Рӯзи муттаҳидӣ.
Дар Югославия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 29 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1936 года – ҳунарманди синамо ва хизматнишондодаи Тоҷикистон Дилбар Қосимова.

Солҳои (1961-1992) – овозхони халқии Тоҷикистон  Кароматуллои  Қурбан.

Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото
Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото

Соли 1962 – рӯзноманигор, муассиси Медиа группа "Азия Плюс" Умед Бобохонов.

58
Пострадавшие от стихии жители Бедак заселились в новые дома

Бунёди деҳаи нав барои зарардидагони сел дар ноҳияи Фархор

129
(Таҷдидшуда 16:44 27.11.2020)
Ахиран дар ноҳияи Фархор барои шаҳрвандоне, ки манзилҳояшон аз сел зарар дида буд, деҳаи нав бунёд гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Фархор деҳаи нав бунёд шуд, хабар медиҳад мақомоти ноҳияи Фархор.

Бино ба гузориши манбаъ, моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор бар асари фаромадани сел якчанд манзилҳои истиқоматӣ зарар дида буд.

  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
  • Деҳаи нав дар Фархор
    Деҳаи нав дар Фархор
    Правительство Фархорского района
1 / 3
Правительство Фархорского района
Деҳаи нав дар Фархор

Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии бунёди хайриявии давлати Қатари Аморати Муттаҳидаи Араб дар яке аз минтақаҳои мутобиқ барои зист, барои хонаводаҳои зарардида, деҳаи нав бунёд гардид.

Об омад: Сокинони як деҳаи навбунёд дар Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

"Деҳаи навбунёд иборат аз 25 хона буда, ҳар яки он аз 3 ҳуҷра ва ба системаи санузелӣ пайваст мебошад. Ҳамин тавр, якчанд аҳолии ниёзманд тибқи қуракашӣ соҳиби манзилҳои нави истиқомати гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

67 тонна семент: кумаки Покистон ба осебдидагони сел дар Хуросон

Дар маросими ифтитоҳи деҳа аҳли фарҳангу маорифи ноҳия ва меҳмонон ширкат доштанд.

129
Барчаспҳо:
бунёд, нав, ноҳияи Фархор, деҳаи нав

Бадтар аз коронавирус: пизишки рус эмидемияи нави мудҳишеро пешбинӣ мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:08 29.11.2020)
Доктор Александр Мясников, пизишки номии рус эпидемияи мудҳишеро, ки бадтар аз коронавирус хоҳад буду ҷони нафарони зиёдеро хоҳад бурд, пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба ҷаҳон хатари эпидемияи нави ҷиддие, ки қурбониёни зиёде хоҳад дошт, таҳдид мекунад, пешбинӣ мекунад пизишк Александр Мясников, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, ҳамагирии навбатӣ бадтар аз коронавирус хоҳад буд.

Дар робита бо ин, ӯ даъват кардааст, ки як васкини универсалӣ таҳия шавад.

"Масъалан, ваксинаи универсалӣ аз зуком - ба мо маҳз он (эпидемияи зуком - идора) - зукоми хук ё парранда таҳдид мекунад. Тавре вирусшиносҳо менависанд: эпидемияи ҷиддӣ бо мутатсия шудани вирусҳои мову ҳайвон таҳдид мекнунад", - гуфтааст доктор Мясников.

Ба гуфтаи вай, мутатсияи аввал ин гузаштани вирус аз ҳайвон ба инсон ва сипас аз инсон ба инсон мебошад.

Вай афзуд, ки барои коркарди ваксин вақти зиёде талаб мешавад.

Агар ин вирус зуҳур кунад, марг аз он то 40 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки то пайдо шудани ваксина аз он даҳҳо миллион нафар мемиранд.

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Ӯ даъват кардааст, ки тамоми олимони ҷаҳон қувваашонро сарф намудаву маблағи зиёде сармоя карда, ин ваксинро бояд сохт.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон