ДУШАНБЕ, 03 сен — Sputnik. КВД "Обу корези Душанбе" барои мақолаи "Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?" аз болои муалифи матлаб Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи "Тоҷикистон" ба додгоҳи Фирдавсӣ шикоят бурдааст, менависад Радиои Озодӣ.
Ин корхона далоили дар мақола нашршударо носаҳҳеҳ номида, аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки ҳамчун ҷуброни маънавӣ ба даъвогар 30 ҳазор сомонӣ пардозад. Вуҷуди чунин даъворо дар дафтари матбуотии додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам ба Озодӣ тасдиқ кардаанд.
Аризаи шикоятӣ аз номи раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" Файзулло Юсуфов ба додгоҳ ворид шудааст. Ин баҳсро додрас Бахтиёр Абдураҳмонов мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар назар аст дар ҳафтаи оянда мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад.
Ҳасан Шокирзода, муалифи матлаб ба Озодӣ гуфтааст, баъди он ки мақолаи ӯ дар таърихи 18 декабри соли 2014 ба нашр расид, раҳбарияти корхонаи мазкур ба хашм омадааст.
Муаллиф матлаби худро "як памфлет" меномад, ки бар асоси фактҳои воқеии мушкили дастрасӣ ба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо шудааст. Вай мегӯяд, дар ин мақола масъалаи ба ошёнаҳои баланди пойтахт нарсидани об матраҳ шуда, назари сокинони манзилҳои истиқоматӣ ва дигар факту далелҳои воқеӣ истифода шудаанд.
Дар як моҳи охир ду ҳодисаи додгоҳӣ шудани баҳси рӯзноманигор расонаӣ мешавад. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе дар таърихи 18-уми август Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Гарчанде парвандаи ин рӯзноманигор тибқи моддаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — тақаллуби аснод — баррасӣ шуд, аммо соҳибназарон гуфтанд, ин қазия фаротар аз кодекси ҷиноятӣ буд.
Баҳори имсол Ҷумахон Давлатов, муовини раиси "Душанбенақлиётхадамотрасон" аз болои Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигори нашрияи "Вечерний Душанбе" ба додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе шикоят бурд. Давлатов аз додгоҳ хоста буд, аз Ҳусейнова 101,5 ҳазор сомониро ҳамчун ҷуброни зарари моддию маънавӣ ба нафъи вай бируёнад. Давлатов даъво дошт, дар матлаби хабарнигор Ҳусейнова, ки таҳти унвони "Почему автобазы превращаются в "кладбища" автобусов?" дар нашрияи "Вечерний Душанбе" чоп шудааст, ӯ мавриди таҳқир қарор гирифтааст. Ӯ изҳор доштааст, баъди хондани ин матлаб вазъи саломатияш бад гардида, касалии қандаш авҷ гирифтааст.
Дар матлаби баҳсбарангез аз зиёд шудани автобусу тролейбусҳои корношоям дар автобазаҳо интиқод шудааст, ки баъзан ба бемасъулиятии роҳбарон марбут аст.
Аммо дар таърихи 10 июн ҷаноби Давлатов аз даъвояш даст кашида, бо ҳамин парванда дар нимароҳ пӯшонида шуд. То кунун сабаби аз даъво даст кашидани Давлатов номаълум аст.
Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.
Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.
Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.
Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.
Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.
Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.
Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.
Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.
Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.
Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.
Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.
Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.
Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.
Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.
Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.
Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.
Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.
Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.
Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.
Соли 2013 маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.
Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри Коломбо дастаи футболи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.
Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.
Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.
Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.
Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.
Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).
Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.
Ғолибони озмуни "Мошини сол" ҳар сол дар намоишгоҳи худравҳои Женева эълон карда мешаванд. Аммо, имсол ин озмун бинобар пандемия лағв шуд ва овоздиҳӣ ба таври маҷҷози сурат гирифт. Ҳайати доваронро 59 рӯзноманигор, ки 22 кишвари Аврупоро намояндагӣ мекунанд,ташкил медод. Маҳз ҳамин доварон ғолибонро эълон карданд.
Тамоюли мошинҳои хурд тағйир наёфтааст - ва имсол мошинҳо шакли хетчбеки шаҳрӣ аз Toyota беҳтарин мошин барои Аврупо дониста шуд.
Раҳмон “Арактор” ихтироъ кард : мошини ҳайратовар ва бурранда -видео
Toyota Yaris-и нав дар охири соли 2019 муаррифӣ шуд ва фурӯши аврупоии он аз соли 2020 оғоз ёфт. Фурӯши мошинҳои ҷопонӣ аз Peugeot 208 ва Dacia Sandero зиёд будааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Peugeot 208 беҳтарин мошин дар Аврупо шинохта шуда буд.
Toyota Yaris дар намоиши Palexpo дар Женеве. Беҳтарин худрави соли 2021 эълон шуд
Toyota Yaris дар маросими ҷоизасупории "Худрави соли 2021" дар Женеве
Худрави Fiat 500 Electric дар моқими дувум ҷой гирифт. Ин худрав низ дар Аврупо яке аз беҳтарин дониста шуд
Худрави севум, ки ба аврупоиҳо писанд омадааст Cupra Formentor будааст
Дар ҷои чаҳорум худрави электрикии VW ( Volkswagen) ID.3. ҷой гирифтааст
Худрави Škoda Octavia дар мақоми панҷум ҷой гирифтаст
Land Rover Defender – дар яке аз ҷойҳои охири ин феҳрист ҷой гирифтааст.
Худрави барқии Citroen e-C4 дар ҷои охир қарор гирифт